Главная / Илм / МАСТОИДИТ

МАСТОИДИТ

mastoiditМАСТОИДИТ (Mastoiditis; юн. mastoeides – монанд ба пистон), илтиҳоби шадиди римдори ҳуҷрачаҳои шохаи пистонакшакл. Бисёр вақт чун оризаи отити шадиди римдор ба вуҷуд меояд. Дар пайдоиши М. баста шудани тарашшӯҳот аз ҷавфи гӯши миёна мақоми хоса дорад.
Нишонаи асосии М. шиддат ёфтани дард дар мавзеи шохаи пистонашакл баъд аз 3 – 4 ҳафтаи сар задани отити шадиди римдори гӯш мебошад. Дард бисёр вақт ногаҳон пайдо шуда, беморро сахт (хусусан шабҳо) безобита мекунад. Аломати муҳими М. танг шудани роҳи беруни сомеа аст. Беморон аз сардард, бехобӣ, беиштиҳоӣ шикоят мекунанд; ҳарорати бадан баланд (38 – 39°) мешавад. Аз гӯш обияти ғафси зардобмонанд меояд. М.-ро бо усули рентгенография ташхис мекунанд. Онро аз пучаки роҳи беруни сомеа бояд фарқ кард. Муолиҷаи М. ба мисли отити шадид аст: гармии хушк, соллюкс, табобат бо УВЧ. Ба гӯш спирти борат мечаконанд, аз сулфаниламидҳо, антибиотикҳо истифода мебаранд. Дар сурати натиҷа надодани табобат бо доруҳо мастоидэктомия мегузаронанд (чок кардани ҷои иллатӣ ва берун овардани устухони тағйирёфта).

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …