Главная / Илм / МАСТАК

МАСТАК

mastakМАСТАК (Thermopsis dolychocarpa), гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершохча, баргаш (дарозиаш 4 – 11 см) сепарраи думчадор (баргчаҳояш нештаршакл), гулаш калони зард, тухмаш бӯри зардтоб (вазни 1000 донааш 20 – 25 г); ғилофакаш паҳн, дарози байзашакл (2 – 11 см), сермӯяку сертухм, нӯгаш дарафшмонанд. Апр. – июн гул карда, июн – авг. тухм мебандад. Дар нишебии теппаҳои зардхок ва киштзори лалмӣ мерӯяд. Ба сифати ашёи доруӣ баргу поя ва тухми М. истифода мешавад. Онро дар давраи гулшукуфт ғундошта, дар ҷои кушода мехушконанд. Тухми М.-ро баъди пурра расиданаш ҷамъ меоранд.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи сабзи М.-ро ҳангоми сурфаи сахт, табларза, сили шуш, ҷӯшоби решаашро чун воситаи исҳоловар ва киҷҷарон истифода мебаранд. Аз барг, поя, тухм ва решаи М. алкалоидҳои термопсин, ситизин ва пахикарпин мегиранд. Ситизин тақвиятбахши нафаскашӣ аст; маҳлули 15-фоизаи он (сититон)-ро дар тиб ҳангоми таваққуфи рефлексии нафаскашӣ (дар аснои осеб ёфтан, ҷарроҳӣ, шок ва ғ.) кор мефармоянд. Ситизин ба таркиби «теофедрин» низ дохил мешавад (давои зиқи нафас). М. дар таркиби доруҳои «котермопс» ва «термопий» мавҷуд аст. Онҳоро барои муолиҷаи сурфа рӯзе 2 – 3 маротиба истеъмол мекунанд. Нақеъи алафи М. чун давои балғамрон кор фармуда мешавад (якчумчагӣ рӯзе 3 маротиба).
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорсатущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …