Масси шайтон

Масси шайтон

Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, агар шумо аҳамият дода бошед, албатта, ӯ дар вакти таваллуд шудан гиря мекунад. Сабабаш он аст, ки ӯро шайтони лаин шаллоқ мезанад, аз ҳамин ҷиҳат ӯ мегиряд. Аз ҳамин вақт шурӯъ намуда, то вақти ҷон аз бадан баромадан ин шайтони лаин аз қафои инсон шуда, ӯро ба роҳи бад далолат мекунад. Инсон бояд, ки ҳушёриро аз даст надода, кӯшиш кунад, ки шайтон ӯро дар доми худ наандозад.

Бидон, ки аввал чун кӯдак аз модар таваллуд мешавад, дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапи ӯ иқомат гуфта мешавад ва ба коми вай ширинӣ расонда, дуои баракат хонда мешавад.

Вақте ки кӯдакро дар гаҳвора хоб мекунанд, дар вақти ҷунбонидани гаҳвора модар ӯро алла-алла гӯён мечунбонад. Ин алла-алла не, балки Аллоҳ-Аллоҳ гуфтан аст. То ин ки кӯдак дар гаҳвора Аллоҳ, яъне номи Худоро ёд гирад. Алла дар асл Аллоҳ аст, лекин модарон аз ҷиҳати бесаводӣ ба ҷои Аллоҳ – алла мегӯянд.

Алла гуфтан аз чониби нависандаи китоб барои модарони мӯҳтарам ҳам алла, ҳам дуо.

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Калон шавӣ, чаққон шавӣ.

Хонандаи қуръон шавӣ.

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Ҷӯяндаи имон шавӣ,

Дастёри мардумон шавӣ.

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Гуяндаи Аллоҳ шавӣ.

Ҳам носири яздон шавӣ,

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Фарзанди бокамол шавӣ,

Бо нуру бо имон шавӣ.

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Дар гуфтаи илоҳӣ,

Ҷонро фидо намоӣ,

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

 

 

Эй Худованди карими чорасоз,

Деҳ ба ин фарзанди ман умри дароз.

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Эй Худованди карими роҳнамо.

Аз карам бар тифлакам роҳе намо,

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе,

Эй Худованди карими бокарам,

Хайру эҳсонаш диҳӣ ту аз карам.

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Эй Худои ҳар ду олам, эй Худои меҳрубон.

Ту нигаҳ дор тифлакамро дар амон,

Аллоҳе, Аллоҳе, Аллоҳҷонам, Аллоҳе.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …