Главная / Маданият ва санъат / Гулзори Ирам – Маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ

Гулзори Ирам – Маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ

Абдурраҳмони Мушфиқӣ на танҳо дар эҷоди ғазалу қасида, рубоиву шеъри тасмит, муқаттаоту марсия ва ғ. машҳур аст, балки ӯ дар маснависароӣ низ табъи баланд доштааст. Шоир маснавиҳои «Соқинома», «Гулзори Ирам» ва «Ҷаҳоннамо»-ро эҷод карда дар таҳаввули суннати маснависароӣ низ саҳми сазовор гузоштааст.

Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ буда, аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво, образҳову қаҳрамонони асосӣ хеле ҷолиб мебошад. Таърихи таълиф, миқдори абёти онро худи шоир чунин ишора кардааст:

Чун адад хостам аз ин ашъор,

Шуд ҳазору саду чиҳил ба шумор

Баҳри таърихи ин саҳифа қалам,

Ҳафтро дар ду нуҳ ниҳод рақам.

Яъне маснавии мазкур соли 1571/72 таълиф гардида, зоҳиран ба абдулоҳхони Шайбонӣ эҳдо шудааст:

Ай шаҳи нуктадон, ки ҳусни камол,

Аз ту дар мулки назм ёфт низом.

То ба номат сухан шудаст қарин

Сӯфаи байт гашта шоҳнишин.

Маснавӣ аз 24 фасл иборат буда, дар баҳри Хафифи махбуни маҳзуф иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

– V – – / V – V – / V V –

Яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун.

Асар ба таври анъанавӣ: ҳамди Худо, наът, муноҷот, санои Пайғамбар (с.) ва ёрони ӯ оғоз мешавад. Баъд сабаби таълифт достон зикр мегардад, ки хоҳиши дӯстон будааст.

Достон аз нақли шахси солхурдае, ки аз достонсароии гузашта хуб огоҳӣ дошт, шурӯъ мегардад:

Дар Мағрибзамин Ақл ном шоҳе буд. Ақл шоҳи одилу доност. Ӯ фарзанд надошт. Ақл баъдтар соҳиби фарзанд шуду тифлро Дил ном кард. Дил ба балоғат расида ҳамаи илму ҳикмати замонро омӯхт. Падараш ӯро ба мулки Бадан қалъае буд, ки Димоғ ном дошт ва Дил дар он ҷо зиндагӣ мекард. Халқ аз усули мамлакатдории Дил розӣ аст. Надиме дар яке аз базмҳо пинҳонӣ ба Дил дар бораи Чашмаи Ҳаёт хабар медиҳад. Дил баъдтар талаби чашмаро мекунад. Дил мамлакатро ба ҳоли худ гузошта бо ғаму гиря барои чашма дар пинҳонӣ менишинад. Дил дар кишвари худ Назар ном ҷосусе дорад. назар аз ҳоли Дил пурсон мешавад. Дил ба Назар асрорро мегӯяд. Назар Дилро мегӯяд, ки ту оромона мулкро идора кун ва ман илоҷи Чашмаи Ҳаётро меёбам. Назар ҳангоми сайр ба мулке мерасад, ки ягон каси бегона ба ин сарзамин пой нагузоштааст. Мардумони он шоду ғанианд ва ин шаҳр Офият ном дорад:

Муддате чун Назар сафарҳо кард,

Ҳар тараф, ҳар тараф назарҳо кард.

Сӯи шаҳре фитод чашми Назар,

Ки назираш надида буд дигар.

Халқ бар вай зи фитнаҳо эмин,

Ҳама дар кӯи Офият сокин.

Назар аз номи шаҳр чун пурсид:

«Кишвари Офият»- ҷавоб шунид.

Ҳокими шаҳри Офият Номус ном дошта, Назар бо ӯ ҳамсӯхбат мешавад. Номус мегӯяд, ки оби ҳаёт нест ва ин ҳамон обрӯи инсонӣ аст. Вале Назар ноумед нашуда, ҷустуҷӯро давом медиҳад. Ӯ ба кӯҳе мерасад, он уқобон зиндагӣ мекунанд. Ранги кӯҳ сиёҳ ва ҳавлнок мебошад. Дар он кӯҳ қалъаест, ки Зӯҳву Риё ном дорад. ҳокими қалъа Зарқ аст. Ӯ шахси маккору дилозор аст. Назар ба назди Зарқ омада қиссаи оби Ҳаётро арз мекунад. Зарқ бар хилофи гуфтаи Номус мегӯяд, ки Оби Ҳаёт ҳаст, вале дар ҷаннат. Чамаеро, ки ин ҷо оби Ҳаёт мегӯянд, ҳамон ашки чашмони инсон мебошад. Агар хоҳӣ, ки онро ёбӣ гиряву зорӣ бикун. Назар боз сафарро давом дода ба қалъаи дигар дучор мешавад, ки ҳокими он Ҳиммат буд. Ҳиммат покдил, бофазлу камол буд.

Назар аз Ҳиммат низ имдод мепурсад. Ҳиммат мегӯяд, ки он чашма пинҳон нест, вале роҳ ёфтан ба он ҷо душвор аст, Назар зориҳо мекунад. Ҳиммат мегӯяд:

– Дар мулки Шарқ Ишқ ном шоҳ аст. Ишқ духтаре дорад, ки Ҳусн ном дорад. ишқ барои духтари худ аз нуқраи шаффоф дар кӯҳи Қоф қалъае бино кардааст. Ин қалъа дар шаҳри Дидор мебошад. Дар шаҳри Дидор боғе мавҷуд аст, ки онро Гулшани Рухсор мегӯянд. Чашмаи Оби Зиндагонӣ он ҷост. Ҳусн пайваста аз он чашма менӯшад. Ҳиммат боз мегӯяд, ки: Эй Назар, ман ҷои Оби Ҳаётро гуфтам, вале роҳи он пурхатар аст. Дар сари роҳ шаҳри Сагсор аст ва ҳокими он Рақиб мебошад ва ӯ тобеи Ишқ ва нигоҳбони Дидор аст. Пас аз Дидор ҷовушон манзил доранду баъд манзили дигар аз ҳабашизодагони зангичеҳр аст. Ду камондор онҷо тороҷгарони ақлу дин ҳастанд. Ҳиммат ба бародари худ Қомат, ки сипаҳсолори Ҳусн аст, номае навишта ба Назар медиҳад. Ҷовушони Рақиб-Ҷафо ва Ситам Назарро бандӣ мекунанд. Назар ҳунари зарсозии худро ба Рақиб изҳор мекунад. Рақиб мегӯяд, ки сангро зар мекунад. Рақиб мегӯяд, ки Лола аз Рум ва Сунбул аз Чин биёр ва то гули Форс аз наргиси Ҳабашӣ дар назар накашӣ кор душвор мешавад.

Инҳо дар шаҳри Дидоранд. Пас назару Рақиз ба шаҳри Саломат меоянд, ки дар он ҷо бародари Ҳиммат-Қомат мезист. Дар шаҳри саломат Рақиб хоб меравад. Қомат аз Назар мақсад мепурсад ва Назар рамаи Ҳимматр ба Қомат медиҳад. Қомат назарро ба шаҳри Дидор равон мекунад. Яке аз амирони Ҳусн, ки Зулф ном дошт, аз Ҳиндустон ба Туркистон омада буд, аз гармои ҳаво дар камари кӯҳ истиқомат мекард. Назар, ки падараш аз Туркистон ва модараш аз Ҳиндустон буд, бо Зулф ошно мешавад. Зулф канд афканда Назарро ба он кӯҳ мебарад ва Назар он ҷо гул, сарв ва булбулу тазарвро тамошо мекунад. Назар Зулфро видоъ мекунад ва Зулф ба ӯ чанд тор аз Зулф медиҳад, ки агар лозим шавад, дар болои сангу оҳан оташ афрӯз ва торе бар рӯи оташ гузор, ман ҳозир мешаваму туро халос хоҳам кард. Назар ба дасти морпоён дар шаҳри Шом асир меафтад ва аз онҳо халос шуда ба шаҳри Дидор меояд он ҷо зангибачаҳоро мебинад:

Ҳама дар рангу бӯй мушкинон, Гулу насрину ёсуманчинон.

Назар кӣ будани онҳоро пурсид. Онҳо гуфтанд, к ғуломони Холи Ҳусн ҳастанд. Назар Ғамза ном бародаре дорад. ғамза ҳароҳи Ҳусн аст. Назар Ғамзаро мебинад, ки дар Гулшани Рухсор дар байни наргисзор нишастааст. Ғамза ба назар ҳамла кард. Дар ҷанг Назарро бандӣ кард, вале шинохт, ки бародараш аст:

Гуфт: Ман будаму бародари худ,

Ҳар ду ду нури чашми модари худ.

Чун зи хурдӣ ҷудо шудем зи ҳам,

Модар аз меҳр мӯҳрае маҳкам.

Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб,

Басту аз ҳаҷр кард дида пуроб.

Ҳусн огоҳ шуда Назару Ғамзаро даъват мекунад. Ҳазинадори Ҳусн Садрхозан дар рӯи коғаз пайкари сангеро кашида ба назар медиҳад. Назар сурати Дилро мешиносад. Дил писари шоҳи Мағрибу Шом мебошад. Ҳусн аз Назар хоҳиш мекунад, ки ӯро ба висоли Дил бирасонад:

Ба Назар роз дар миёна расонд, Шаби ҳиҷрон дар фасона кушод.

Назар саргузашти Дилро ба Ҳусн баён мекунад. Ҳусн ғуломи худ Хаёлро хотаме медиҳад ва бо ҳамроҳии Назар ба пеши Дил равон мекунад. Дил бо Хаёл сӯҳбат карда мехоҳад Ҳуснро бубинад ва бо Хаёл меравад. Вазири Дил ҳолати Дилро ба падари ӯ-Ақ хабар медиҳад.пас аз ақлу вазир мехоҳанд Назару Хаёлро асир гиранд. Назар хотамро ба даҳон андоҳта Дил, Ҳиммат ва Хаёлро гул заду ба назди Ҳусн рафт. Назар хост аз чашмаи Гулшани Рухсор об нӯшад, вале хотамро афтонд. Ин вақт рақиб пайдо шуду Назарро маҳбус кард. Назар мӯе аз Зулфро оташ дод, ки Зулф ҳозир шуду ӯро наҷот дод. Назар воқеаро ба Ҳусн гуфт ва Ҳусн Ғамзаро бо Назар фиристод, то ки Дилро асиру ақлро дастгир карда биёрад. Зарқи Роҳиб писаре дошт, ки ӯ Тавба ном дошт. Ӯ сокини кӯҳи Зӯҳд буд.

Дил ва Ақлро ба назди Ҳусн меоранд ва Ҳусн дояе дошт, ки номаш Вафо буд. Боре Ҳусн ба Вафо гуфт: Ту Дилро ба қасри висол биёр. Ба ҳамин тариқ, Ҳусн ба висоли Дил мерасад.

Ғайр низ мехоҳад ба висоли Дил даст ёбад. Ӯ чунин ҳам карда ба висоли Дил мерасад. Хаёл ҳолати Дилу Ғайрро мебинад:

Ҳарду маҳушу масту лояъқиил,

Аз ҷаҳону ҷаҳониён ғофил.

Ҳусн бохабар шуда Дилро дар кӯҳи Уқоб меафканад. Ғайр ин ҳолро ба падараш Рақиб мегӯяд. Рақиб бошад табассум, Дил ва Назарро бандӣ мекунад ва онҳоро дар водии Фироқ маҳбус менамояд.

Ҳиммат барои халосии Дил ба шаҳри Қомат омад. Баъд Ҳаммат ба шаҳри Бадан омада Ишқ Ақлро халосӣ бахшид ва ба Маҳр фармуд, ки Рақибро зиндон кунадва Дилу Табассум ва Назарро озод кунад. ақлро аз Чин оварда ба садри вазорат ҷойт медиҳанд. Дар охир ҳама як ҷо ҷамъ шуда Вафо, Ноз ва Меҳр ба ҳам мепайванданд ва Дилу Ҳимматро эҳтиром мекунанд. Дар ҳамин ҷо хутбаи никоҳи Ҳусн ва Дил хонда мешавад. Ҳиммат Дилро ба сӯи чашма ва пайдо кардани Хизр мебарад. Достон ба ҳамин тамом мешавад.

Хусусиятҳои Достон

Ин достон рамзӣ буда қаҳра монҳои он асосан узвҳои инсонанд. Хусусиятҳои узвҳо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин майлҳои инсонӣ низ ҳар кадом табиати сириштии худро нигоҳ медоранд: Ишқ, Ҳусн, Ақл, Дил, Хаёл, Назар, Ғамза, Қомат, Ҳиммат, Меҳр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарқ, Рақиб ва ғ. ширкаткунандагони достонанд.

Тавассути ташхис ва рамзу киноя ҳар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфӣ будаву доштани онҳо мисли он аст, ки онҳо дар вуҷуди инсонӣ доранд.

Масалан, Ғайр, Зарқ, Тавба бештар садди роҳи ошиқу маъшуқаанд вале, дар достон ҳар кадоми инҳо фаъолияту амали худро мустақилона ба кор мебаранд.

Қаҳрамонҳои асосии асар: Ақлу Дил ва Ишқу Ҳусн мебошанд. Дигар каҳрамонҳои лаҳзагӣ ва ё ёрирасон мебошанд. Онҳо хатти амалиётро фаъол гардонида ба ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо таҳким мебахшанд. Ҳадаф аслан баёни ҳолоти ошиқу маъшуқа мебошад, ки онҳо Ҳусну Диланд. Ин қаҳрамонҳо (асосӣ ва ёвар) дар ашъори орифона вазифаи дигар доранд. Инчунин дар ашъори лирикӣ низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам» ҳатто аз унвони он пайдост, ки дорои қавитари оҳангҳои ирфонӣ-тасаввуфӣ аст.

Аз нигоҳи сабку услуб, шеваи баёну ҳунари эҷод, истифода вазну қафия, радифу санъатҳои адабӣ, мазмунҳову ҳунари тасвир, корбасти калимаҳову ибораҳо, таъбирҳои халқӣ ва ғайра низ достон хеле ҷолиб аст.

Кӯшиши шоир дар эҷоди маснавӣ аз он иборат аст, ки ӯ хостаст дар заминаи суннати бой ва бисёрсолаи боғановат тозакорӣ бикунад. Ӯ аз ӯҳдаи он ҳам баромада тавонистааст.

Албатта, дар ин мавзӯъ Ибни Сино, Шайх Шоҳубиддин Сӯҳравардӣ («Рисолата фӣ ҳақиқат-ал-Ишқ») вале чун асари адабӣ-бадеӣ Фаттоҳии Нишопурӣ («Ҳусну Дил»), Котибӣ («Хусну Дил») навиштаанд. Мушфиқӣ бештар такя дар Фаттоҳӣ кардааст:

Аввал, ки муншии устод,

Дафтари «Ҳусни Дил» ба дастам дод.

Вале ба қавли Мушфиқӣ, Фаттоҳӣ дар эҷоди асар ба нуқсонҳо бештар роҳ дода аст. Аз ин рӯ, асари ӯро «қолаби бе рӯҳ» ва «чамани бе об» мегӯяд:

Муҷмале қисса он ки дошт зуҳур,

Нусхае аз фасеҳи Нишопур.

Гоире аз назм ночашида футӯҳ,

Дар назар ҳамчу қолаби берӯҳ…

Ин аст, ки достони Мушфиқӣ бештар дар таърихи адабиёт маҳбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишонӣ аввалин касест, ки навиштааст. Чандин шоирони дигар низ бо ин ном ва ё дар ҳамин мавзӯъ асарҳо навиштааст.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба ҷараёни зиндагии Мушфиқӣ чӣ медонед?
  2. Мушфиқӣ кай ба шеъру шоирӣ рӯ овардааст?
  3. Сабаби ба Самарқанд сафар кардани Мушфиқиро шарҳ диҳед.
  4. Муносибати шоир бо амирони давр чӣ гуна буд?
  5. Сабаби ба Ҳиндустон рӯ овардани Мушфиқӣ дар чист?
  6. Мушфиқӣ кай ва дар дарбори кӣ соҳиби унвони «Малик-уш-шуаро» гардид?
  7. Поёни умри шоир дар куҷо сипарӣ шудааст?
  8. Аз мероси адабии Мушфиқӣ то кунун чӣ боқӣ мондааст?
  9. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти Мушфиқиро баён кунед.
  10. Арзиши адабии қасидаҳои шоир дар чист?
  11. Кадом хусусиятҳои характеноки ҳаҷву мутоибаҳои шоирро медонед?
  12. Ғазали Мушфиқӣ «Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам»-ро азёд кунед.
  13. Кадом маснавиҳои Мушфиқиро медонед?
  14. Мазмуни мухтасари маснавии «Гулзори Ирам»-ро нақл кунед.
  15. Образҳои асоӣ ва лаҳзавии мавнавии «Гулзори Ирам»- ро шарҳ диҳед.
  16. Хусусияти фарқкунандаи маснавии «Гулзори Ирам»-ро гӯед.
  17. Нуфузи эҷодиёти Мушфиқӣ ба адабиёт давр ва шуарои мутааххирин чӣ гуна аст?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …