Главная / Гуногун / МАСНАВИҲОИ РЎДАКӢ

МАСНАВИҲОИ РЎДАКӢ

Дар таърихи адабиёти навини фору тоҷик Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аз аввалин бузургмардонест, ки маснавиҳои нағзе навишта, ин навъи адабиётро ба пояҳои баланд расондааст. Аз ин ҷиҳат, муҳаққиқони варзидаи Рўдакишинос Паул Ҳорн, С. Айнӣ, С. Нафисӣ, Е. Э. Бертелс, А. Мирзоев, Рубен Леви, И. С Брагинский, А. Тоҳирҷонов дар асоси пажўҳиши ашъори дастраси Устод Рўдакӣ ба хулосае расидаанд, ки ў чандин маснавӣ суруда будааст. Аз гуфтори худи шоъир, муосирони ў ва ахбороти манбаъҳои адабӣ равшан мегардад, ки Устод Рўдакӣ маснавиҳое бо номи «Калилаву Димна», «Синдбоднома» ва «Даврони Офтоб» таълиф карда будааст.

  1. «Калилаву Димна» машҳуртарин маснавии Устод Рўдакӣ буда, дар бораи он чунин маълумот мавҷуд аст: «Калилаву Димна» аслан моли ҳиндуҳо буда, бо номи «Панчатантара» ба забони санскрит мавҷуд будааст. Дар аҳди Хусрави Парвези Сосонӣ, ки чун Анўшервони Одил (ҳукмр.531—579) машҳур буд, табиби эроние бо номи Барзуя онро аз забони санскрит ба забони паҳлавӣ гардондааст. Баъд аз солҳо адиби арабизабони эронӣ Ибн-ал-Муқаффаъ (724—759) «Калилаву Димна»-ро аз паҳлавӣ ба забони арабӣ баргардондаву таҳрираш кардааст. Баъдан, дар замони Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (941-—943), бо супориши вазири ў Абулфазли Балъамӣ, соли 933 ба забони дарӣ (тоҷики) гардонда шудааст. Сипас Балъамӣ ба Рўдакӣ супориш дод, ки онро ба риштаи назм кашад. Дар ин бора Абўмансури Саъолабӣ дар асари худ «Ғурар-ус-сияр», ки онро ховаршиноси фаронсавӣ Зотенберг саҳван таҳти унвони «Ғурари ахбори мулук-ал-фурс» дар Париж чоп карда буд, чунин ахборот медиҳад: «Ин китоб (яъне «Калилаву Димна» — А. А.) ҳамчунон дар хазинаи подшоҳони форс нигоҳ дошта мешуд, то ки Ибн-ал-Муқаффаъ онро ба арабӣ гардонидаву Рудакӣ бо амри амир Наср ибни Аҳмад ба шеъри форсӣ кард».157

Аз Абўмансури Саъолабӣ хеле пеш Абулқосими Фирдавсӣ роҷеъ ба пайдоиши «Калилаву Димна», ба Эрон оварда шудани он, ба арабӣ арзи вуҷуд карданаш ва онро ба риштаи назми форсӣ кашидани Рўдакӣ дар мавриди тасвири замони Хусрави Анўшервон менависад:

Набиштанд бар номаи хусравӣ,

Набуд он замон ҷуз хати паҳлавӣ.

Ҳаме буд бо арҷ дар ганҷи шоҳ,

Бад-ў носазо кас накардӣ нигоҳ.

Чунинаш ба тозӣ сухан ронданд,

Аз он паҳлавонӣ ҳамехонданд.

«Калила» ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,

Бад-ин сон, ки акнун ҳамебишнавӣ. 

Ба тозӣ ҳаме буд то   гоҳи Наср,

Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳи Наср.

Гаронмоя Булфазли дастури ўй,

Ки андар сухан буд ганҷури ўй,

Бифармуд, то порсии дарӣ

Бигуфтанду кўтоҳ шуд доварӣ.

В-аз он пас бад-ў расму рой омадаш,

Бар-ў бар хирад раҳнамой омадаш.

Ҳаме хостӣ ошкору ниҳон,

К-аз ў ёдгорӣ бувад дар ҷаҳон.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳаме нома бар Рўдакӣ хонданд.

Бипайваст гўё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Ҳамчунин, дар муқаддимаи «Шоҳномаи Абўмансурӣ» омадааст: «…Чун шоҳи ҳиндувон, ки «Калилаву Димна» ва «Шоноқ» ва «Рому Ромин» берун овардаву чун Маъмуни писари Ҳорунаррашид маниши подшоҳон ва ҳиммати меҳтарон дошт, як рўз бо меҳтарон иишаста буд, гуфт: «Мардум бояд, ки то андар ин ҷаҳон бошанд ва тавоноӣ доранд, бикўшанд, то аз ў ёдгорӣ бувад, то пас аз марги ў номаш зинда бувад». Абдуллоҳи писари Муқаффаъ, ки дабири ў буд, гуфташ, ки аз Кисрои Анўшервон чизе мондааст, ки аз ҳеч подшоҳ намондааст. Маъмун гуфт: «Чӣ монд?» Гуфт: «Номае аз Ҳиндустон биёвард, он гоҳ Барзуяи табиб аз ҳиндўӣ ба паҳлавӣ гардонда буд, то номи ў зинда шуд миёни ҷаҳониён ва понсад хирвор хазина кард.» Маъмун он нома бихосту он нома бидид. Фармуд дабири хешро, то аз забони паҳлавӣ ба забони тозӣ гардонид. Пас амири саъид Наср ибни Аҳмад ин сухан бишнид, хуш омадаш. Дастури хеш – Хоҷа Балъамиро бар он дошт, то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонид, то ин нома ба дасти мардумон-андар афтод ва ҳар касе даст бад-ў андар заданд ва Рўдакиро фармуд, то  ба назм оварду «Калилаву Димна» андар забони хурду бузург афтод ва номи ў бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ў ёдгорӣ бимонд. Пас чиниён тасовир андар афзуданд, то ҳар касро хуш ояд дидану хондани он».

С. Нафисӣ, баъди иқтибоси ин порча, меафзояд: «Ягона чизе, ки дар ин ҷо нодуруст аст, ин аст, ки дар ин дебоча навиштаанд, ки Абдуллоҳи писари Муқаффаъ дабири Маъмун буд. Рўзбеҳи писари Додвейҳ (Додуя) аз мардуми шаҳри Ҷур, адиби бисёр номии Эрон, ки чун ислом оварда ба номи Абўамр ва ба Абўмуҳаммад Абдуллоҳ маъруф шудаву ба Абдуллоҳ Ибн-ал-Муқаффаъ маъруф будааст, дар ҳудуди соли 139 (756 — А.А.) кушта шудааст. Маъмун дар рабеъулаввали 170 (сентябри 786—А.А.) ба ҷаҳон омадаву аз 198 то 202 (814—817) хилофат кардааст. Бад—ин гуна, Ибни Муқаффаъ 31 сол пеш аз валодати Маъмун ва 59 сол пеш аз оғози хилофати вай кушта шудааст, мумкин нест, ки дабири Маъмун буда бошад. Ин хато аз ин ҷост, ки Ибни Муқаффаъ «Калилаву Димна»-ро аз тарҷумаи паҳлавӣ ба тозӣ баргардондааст».158 Дигар ҳамаи ахбороти дебочаи «Шоҳномаи Абўмансурӣ» дуруст аст.

Чизе дигаре, ки маълум аст, он аст, ки «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ дар вазни рамали мусаддаси мақсур таълиф шудааст, ки аркони он ба фоъилотун ( — У — —) фоъилотун ( — У — —) фоъилон (— У~ ) баробар аст ва аз он то кунун 129 байт ба даст омадааст.

Ағлаби пажўҳишгарон бар сари ин ақидаанд, ки достони Устод Рўдакӣ аз нахустин достонҳои ахлоқист, ки дар вақташ аз 12 ҳазор байт иборат будааст. Баъзеҳо то 18 ҳазор байт гуфтаанд ҳаҷми ин маснавиро.

Дар бораи замону макони пайдоиши «Калилаву Димна» донишманди номӣ Ризозода Шафақ чунин ақида дорад: «Ибни Муқаффаъ бисёре аз китобҳои паҳлавиро ба арабӣ тарҷума кард ва худ низ дар илму адаб таълифоте намуд. Муҳимтарини тарҷумаҳои вай аз забони паҳлавӣ «Калилаву Димна» аст, ки ҳанўз боқист ва аз беҳтарин китобҳои адабии арабӣ ба шумор меравад».159 «Асли ин достони маъруф дар замони Сосониён аз забони ҳиндӣ ба паҳлавӣ нақл шуда, баъд Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ онро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума намуд. Гарчи «Калила»-и Ибни Муқаффаъро дар давраи Сомонӣ ба форсии манзум ва мансур даровардаанд, вале он аз миён рафту танҳо ашъоре аз «Калила»-и манзуми Рўдакӣ боқӣ монд… «Калила»-и ҳозир, ки гузашта аз асли ҳиндӣ ду-се ҳикояти эронӣ ва исломӣ бар он афзуда шуда, тарҷумаи Абулмаъолӣ Насруллоҳ ибни Муҳаммад Абдулҳамид — аз фузалои он замон аст аз «Калила»-и Ибни Муқаффаъ ва он дар авосити қарни шашум, яъне дар давраи салтанати Баҳромшоҳи Ғазнавӣ 512-547/1118- 1152 — А. А.) ба амсолу ашъоре ба форсӣ ва арабӣ бар он афзуд ва, алҳақ, насри матин ва шевое бар кор бурд, чунон ки онро метавон аз китобҳои адабӣ дар забони форсӣ шумурд».160 Боз ҳам ў менависад: «Яке аз осори муҳимми Рўдакӣ манзумаи «Калилаву Димна» буд, ки асли онро донишманди эронӣ Ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ нақл карда буд. Ин манзума аз миён рафтаву абёте аз он дар китоби «Фарҳанги Асадии Тўсӣ» ва китобе мавсум ба «Туҳфат-ул-мулук» ба мо расидааст. Рўдакӣ дар муқобили ин хидмат аз шоҳ инъом дидаву сила ёфта ва бинобар байте, ки ба Унсурӣ нисбат дода шуда, чиҳил ҳазор дирам бигирифт».161

 Шиблии Нўъмонӣ низ тақрибан  ҳамин гуна андеша меронад: «Калилаву Димна» ибтидо аз санскирт ба порсӣ тарҷума шуда, лекин вақте ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ онро ба арабӣ тарҷума кард, нусхаи порсии он ба куллӣ аз равнақ афтоду бад-ин ҷиҳат Наср ибни Аҳмад Сомонӣ амр кард ба Рўдакӣ, ки онро дар форсӣ ба ҳуллаи назм биёварад».162  Байти  Унсурӣ, ки  чиҳил  ҳазор  дирам  аз  меҳтари худ ато гирифтани Рўдакиро ба хотир меовард, ин аст:

Чиҳил ҳазор дирам Рўдакӣ зи меҳтари хеш  

Ато гирифт ба назми «Калила» дар кишвар.

Аслан андешаи Унсурӣ аз он байти худи Рўдакӣ ибтидо мегирад, ки дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» баён доштааст:

Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,

Дар ў фузунии як панҷ мири Мокон буд.

Забеҳуллоҳи Сафо мефармояд: «Муҳимтарин асари Рўдакӣ, ки акнун ҷуз абёти парокандае аз он боқӣ намонда, «Калилаву Димна»-и манзум аст».163

«Калилаву Димна», ки таълифаш соли 320/932 оғоз гардида, соли 325/937 ба итмом расидааст, маҷмўъи қиссаю ҳикоятҳои пандомезест, ки аз забони ҳайвонот нақл шуда, масъалаҳои муҳимми ахлоқию иҷтимоиро дар бар мегирад. Рўдакӣ «Калилаву Димна»-ро асосан аз рўйи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашида бошад ҳам, дар он ҳикмати омўхта ва таҷрибаи андўхтаи хешро дарҷ намудааст. Аз 12 ҳазор байти ин шоҳасари Устод Рўдакӣ холо як саду панҷоҳ байт боқӣ мондааст.

Маснавии мазкур асари панду ахлоқӣ буда, дар он масъалаҳои тарғиби ахлоқи пок, одамгарӣ, дўстӣ, рафоқат, дониш ва, баръакс, мазаммати нуқсонҳои инсонӣ ва иллатҳои ҷамъиятӣ тасвир мешавад. Ба ақидаи Устод Рўдаки, барои пеш рафтани инсон ду чиз аз ҳама заруртар аст: омўхтани таҷрибаи зиндагӣ ва ба даст овардани илму дониш. Аммо сарчашмаи муваффақиятҳои шахсии одам ба кўшиши мақсадноки ҳамешагӣ, сабру тоқат ва солорию бурдборӣ вобаста мебошад. Дар «Калилаву Димна»-и худ Устод Рўдакӣ ягонагии дониши инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунё дар кори ба вуҷуд овардани хазинаи маданият, ҳамеша дар такомул будани илм ва чун нури маърифат дилҳоро мунаввар гардондани онро таъкид менамояд ва дар айни замон донишро аз ҳама бадиҳо ҷавшан мешуморад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг-андар ҳамебингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

Достони   «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ бо байти пурҳикмати зерин шурўъ мешудаст:

Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,

Ҳеч н-омўзад зи ҳеч омўзгор!

Ин байт, ки дорои санъати бароати истиҳлол аст, мазмуни ахлоқии достони «Калилаву Димна»-и Устод Рўдакиро рўшан нишон медиҳад.

А. М. Мирзоев, баъди иқтибоси панҷ байти боло, дучор нашудани мазмуни он байтҳоро дар «Калилаву Димна»-и Абулмаъолии Насруллоҳ гўшзад намуда, қайд мекунад: «Масъалаи дар тарҷума ба манзури асли «Калила ва Димна» ба куллӣ пайравӣ накарда, баъзе масъалаҳои ахлоқиро ба он илова кардани Рўдакӣ як амри табиъист. Замони зиндагии шоъир як давраи бедории фикри миллӣ—халқӣ буд, ҳар як шахси пешқадам кўшиш менамуд, ки аз ифтихороти гузаштаи халқи худ ҳар чизеро, ки медонад, зинда  гардонад ва ҳар амалиётеро, ки ба фикри ў сабаби рушду пешрафти мардуми замон мегардад, ташвиқ намояд. Дар тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» айнан ҳамин роҳро пеш гирифтани Балъамӣ, яъне дар вақти тарҷима ба мазмуни аслии китоб аз ифтихороти гузаштаи халқҳои эронинажод хеле чизҳоро илова кардани ў дурустии ин хақиқатро комилан тасдиқ мекунад».164 Мо пурра ба ин ақидаи А. М, Мирзоев розӣ ҳастем.

Сабаби ҳар гуна зикр шудани миқдори абёти бадастомадаи маснавии «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ (115, 120, 129, 150 байт) он аст, ки дар вақтҳои гуногун гуфта шудаанд ва рақамҳо ҳолати ҳамонрўзаи «Калилаву Димна»-и Рўдакиро ифода мекунанд. Мумкин аст, ки бо мурури замон миқдори ин абёт боз ҳам афзояд.

Соли 1958 дар шумораи даҳуми маҷаллаи «Шарқи Сурх» мақолаҳои Шарифҷон Ҳусейнзода «Рўдакӣ ва фолклори тоҷик» (с. 79—97) ва Ғазанфар Алиев «Дар бораи «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ» (с. 117—126) ба табъ расида буд. Шарифҷон Ҳусайнзода дар мавриди ба ҳам рост омадани порчаҳои достони «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ ва асари мансури Абулмаъолии Насруллоҳ «Калилаву Димна»-ро зикр мекунад, ки дутои онро меорем. Дар ҳикояти бўзинагони асари Абулмаъолии Насруллоҳ сабт гардидааст: «Шабе чун осии рўзи маҳшар боди шамол инон баркушодаву рикоб гарон карда даромад ва бар бўзинагон шабохун кард. Бечорагон аз сармо ранҷур шуданд, паноҳе биҷустанд, ногоҳ кирми шабтобе ёфтанд дар тарафе афтода, гумон бурданд, ки оташ аст, ҳезум гирд карданду бар он ниҳоданд».

 Аз Рўдакӣ:

Шаб. Зимистон буд. Каппӣ сард ёфт,

Кирмаки шабтоб ногоҳе битофт.

Каппиён оташ ҳаме пиндоштанд,

Пуштаи ҳезум бад-ў бардоштанд.

Дар боби «Ҳамомаи мутаваққа» мехонем: «Дар дунё ҳеч шодӣ чун суҳбату муҷоласати дўстон несту ҳеч ғам ба фироқи дўстону фақди бародарон баробар натавонад буд».

Дар «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ мехонем:

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рўйи дўстон!

Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар

Аз фироқи дўстони пурҳунар!

Ғазанфар Алиев роҷеъ ба макони пайдоиши «Калилаву Димна», дар замони Анўшервон ба Эрон оварда шудани он ва ба арабӣ онро баргардондани Ибни Муқаффаъ бо амри Абулфазл Балъамӣ ва ба назми порсии дарӣ онро нақл кардани Рўдакӣ таваққуф намуда, 13 порчаи аз як хел манбаъ сарчашма гирифтани асари Ибни Муқаффаъ ва маснавии Рўдакиро ба исбот мерасонад. Фақат абёти Рўдакиро бо порчаҳои тарҷумаи русии «Калилаву Димна»-и арабии ибни Муқаффаъ муқоиса менамояд. Масалан, дар боби «Шер ва барзагов» Добшалим Байдоби файласуф бо хоҳиши подшоҳи Ҳинд чунин тамсил мегўяд: «Дар мулки Дастебо як савдогари давлатманде буд, ки се писар дошт, ки аз исроф кардани сарвати падар ибо намекарданд. Ба онҳо падар панд медод: «Кас агар пулро сарфа карда, ба зиёд намудани он кўшише накунад, харҷи кам низ боиси камбудии сармоя мегардад, чунончи аз сурмадон сурмаро ҳарчанд чун гард мегиранд, вале бо вуҷуди ин, он ба зудӣ тамом мешавад. Рўдакӣ менигорад:

Доштӣ он тоҷири давлатшиъор

Сад қатори сор андар зери бор…

Гарчи ҳар рўз андаке бардорадаш,

Бофдам рўзе ба поён орадаш…

Ҳамчунон сурма, ки духти хубрўй

Ҳам ба сони гард бардорад зи рўй.

Ё чун шер нахустин бор овози   бадҳайбати барзаговро мешунавад, аз тарс меларзад ва аз Димна чӣ будани онро мепурсад. Димна чӣ будани онро ба ў мегўяд ва меафзояд: «Гуфтаанд, ки банди сустро об мебараду дили заъифро овози баланд». Рўдакӣ ин мазмунро чунон моҳирона ба назм кашидааст, ки як будани манбаъи он ва асли арабии «Калилаву Димна»-и Ибни Муқаффаъро пай бурдан душвор нест:

Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист,

Бо ниҳебу саҳм ин овои кист?!

Димна гуфт ўро: «Ҷуз ин ово дигар

Кори ту на ҳасту саҳме бештар!

Об ҳар чи бештар нерў кунад,

Банду варғи сустбуда бифканад.

Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд,

Ранҷаке бошад-ту озору газанд!»

Вақте ки Димна бо Шатраба сўҳбат меорояд, Шатраба шикоят мекунад, ки тамаъкорӣ ва хомтамаъӣ моро ба водии саргум андохта, роҳро аз ҳар сў бароямон бастаанд, мисли занбўре, ки дар гулўгоҳи кўзача ғофилбанд шуда мемонад. Занбўр бўйи асалро шунуфта маст мегардад ва роҳи наҷоти худро намеёбад, то ин ки ба даруни кўзача афтода нобуд мешавад. Рўдакӣ ҳамин мазмунро чунин ифода мекунад:

Ҳамчунон капте, ки дорад ангабин,

Чун бимонад достони ман бар ин?!

Хушаш омад сўйи нилуфар шитофт.

Капт ногаҳ бўйи нилуфар биёфт.

В-аз бари хушбўйи нилуфар нишаст,

Чун гаҳи рафтан фароз омад, биҷаст.

То чу шуд дар оби нилуфар ниҳон.

Ў ба зери об монд аз ногаҳон.

С. Нафисӣ 22 мавриди (29 байт) рост омадани абёти Рўдакӣ бо «Калилаву Димна»-и Абулмаъолии Насруллоҳро   қайд   кардааст.165

Устод Рўдакӣ дар «Калилаву Димна» борҳо тарафдори сулҳ, оромӣ ва оштӣ буданашро иброз медорад. Ба ақидаи ў, сухани ором душманро дўст мегардонад:

Он-к-ро донам, ки ўям душман аст

В-аз равони пок бадхоҳи ман аст.

Ҳам ба ҳар гаҳ дўстӣ ҷўям-ш ман,

Ҳам сухан б-оҳистагӣ гўям-ш ман.

«Синдбоднома» маснавии дигарест, ки Рўдакӣ дар баҳри рамали мусаддаси мақсур сурудааст. Агар таърихи итмоми «Калилаву Димна»-и шоъирро 325/937 ва фавти ўро 329/941 шуморем, метавон ҳадс зад, ки Рўдакӣ шояд достони «Синдбоднома»-ро қабл аз маснавии «Калилаву Димна» ба назм дароварда бошад. Достонҳои «Калилаву Димна» ва «Даврони Офтоб»-ро айни як асар ва ин ду унвонро номи як маснавӣ пиндоштани И. С. Брагинский166 шояд ҳамин дар охирҳои умраш офарида   шудани  достони  «Калилаву Днмна» – и  Устод  Рўдакӣ бошад.

Возеҳ намудани номи маснавии марбут ба Синдбоди Рўдакӣ низ басе душвор ва, ҳатто,    ғайримумкин аст, ки он чӣ бошад: «Синдбоднома» ё «Китоби Синдбод» ва ё «Қиссаи Синдбод» ва ғайра. Вале сарфи назар аз ин ҳама, «Синдбоднома»- и Устод Рўдакӣ аз осори пурарзиши замон ба шумор мерафт. Ин асар достоне буд дар бораи шоҳзода ва ҳафт вазир,  ки  асли  он аз манобеъи  ҳиндӣ гирифта шуда, ба насри порсии миёна, арабӣ ва форсии нав даромада, аз ин асари  ҳамосӣ  фақат  чанд  байт шеър  боқӣ  мондаасту бас».167 Нахустин бор Паул Ҳорн соли  1897 дар асоси мушоҳидаи Т. Нёлдеке ба хулосае омада  буд, ки Рўдакӣ осори «Синдбоднома»-ро низ назм карда будааст ва ин ду дар ҳақиқат аз ҳикояти дувуми шаби чаҳоруми китоби «Алфа лайла ва лайла» мебошад:

Гуфт: «Ҳангоме яке шаҳзода буд,

Гавҳариву пурҳунар, озода буд.

Шуд ба гармоба дарун як рўз ғўшт,

Буд фарбеҳу калону хубгўшт…»

Соли 1966 донишманди тоҷик Ҷумъабой Азизқулов таҳти унвони «Муносибати «Синдбоднома»-и Заҳирӣ бо абёти Рўдакӣ»168 мақолае мунташир намуда, ба таҳқиқ овард, ки байтҳои нақлшудаи Рўдакӣ ба ҳафт ҳикояти «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, ки соли 555 (1160) танзим гардидааст, баробар меоянд. Сипас, соли 1972, Ҷ. Азизқулов дар яке аз ҷаласаҳои «Солонаи Рўдакӣ» гузориш дода, иброз намуд, ки алҳол чиҳил байти «Синдбоднома» – и Рўдакӣ маълум буда, ҷойи 18 байти он аниқ аст. Ҷ. Азизқулов абёти Рўдакиро бо нашри танқидии «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, ки соли 1948 дар Истонбул ба эҳтимоми эроншиноси турк шодравон Аҳмади Оташ ба табъ расидааст, муқоиса намуда, ба ин хулоса омадааст. Ин хулосаи муҳаққиқ бисёр муҳим аст. Аввалин порчаи аз «Синдбоднома» пиндоштаи Т. Нёлдеке ва П. Ҳорн дар асл ба ҳикояти «Зани соҳибҷамол бо марди баққол» рост меояд, ки дар таҳрири Рўдакӣ чунин омадааст:

Он гурунҷу он шакар бардошт пок

В-андар он дастори он зан баст хок.

Он зан аз дўкон фуруд омад чу бод,

Пас фаларзангаш ба даст- андар ниҳод.

Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,

Кард занро бонгу гуфташ: «Ай палид!..

Дар «Синдбоднома»-и Заҳирӣ мехонем: «..гўшаи чодар бикшоду турунҷу шакар баргирифту порае хок дар чодар баст. Чун кор ба анҷом расиду  шуғли  хилват  ба  итмом  анҷомид, зан  батаъҷил  аз дўкон берун омаду роҳи хона баргирифту чодар ҳамчунон баста пеши деҳқон ниҳод. Деҳқон гўшаи чодар бикшоду нигоҳ кард, қадре хок дид дар вай баста, гуфт: «Ай зан, хок мебинам!…» (с. 131).

Ҷ. Азизқулов се байти парокандаи зерини Рўдакиро ба ҳам пайваст дониста, қаробати онҳоро бо ҳикояти «Гандапир ва марди ҷавон бо зани баззоз» гўшзад менамояд, ки мо комилан бо ў мувофиқ ҳастем:

То ба хона бурд занро бо дилом,

Шодмона зан нишасту шодком.

Пас шитобон омад инак пирзан,

Рўй як сў, коға карда хештан.

Андар омад мард бо зан чарб-чарб,

Гандапир аз хона берун шуд ба тарб.

Заҳирӣ ҳикоятро чунин менигорад: «(Гандапир) аз ин турраҳои мумавваҳу музахрафоти музаввар чандон эрод кард, ки зан бад-он розӣ шуд, ки дарвақт бираваду ўро бибинад… Гандапир гуфт, ки то ман мутолаъа бикунам, ки дар хона ҳозир аст ё не, таваққуф кун. Пас ба наздики ҷавон рафту гуфт: «Муҳайё бош вусули мақсуд вуруди матлубро». Он гоҳ наздики зани баззоз рафту гуфт: «Хез, то бо толеъи саъду фоли фархунда ба наздики ҳаким равем.» Пас бар меъоде, ки ниҳода буд, ба хонаи ҷавон омаданду замоне ғаму шодӣ гуфтанду бисоти мубосатат бигустарданду ҳиҷоби муҷонабат аз миён бардоштанд. Ва чун соъате баромад, гандапир бо баҳонае аз хона берун омаду ҳар дуро дар хона ба салвату халват бигзошт» (с. 252—253).

 Чунон ки мушоҳида мекунед, дар қаробати порчаҳои мазкури Рўдакӣ ва Заҳирӣ шакке буда наметавонад.

Чунин ба назар мерасад, ки маснавии «Синдбоднома»-и Рўдакӣ аз достонҳои арзишманди ахлоқӣ ва омўзишӣ тадвин гардида, аз панду андарз шодоб буда, бо сабки олӣ нигошта шуда будааст. Сад дареғ, ки ин ҳама ганҷи башарият аз байн рафтааст! Аммо умедворем, ки бо саъю кўшиши ҳамагон боз абёту порчаҳои нав ба нави Устод Абўабдуллоҳ Ҷаъфари Рудакӣ ҳар чи бештар дастрас хоҳанд шуд. Шояд суроғи   «Синдбоднома»-и     Хоҷа     Амид   Абулфавориси Фанорўзӣ, ки соли 339/950 аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ гардонда шуда буд, низ пайдо гардад. Ай кош!

  1. «Даврони Офтоб». Аз чунин маснавӣ доштани Устод Рўдакӣ нахустин бор муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» Мир Ҷалолиддин Ҳусайн Ибни Фахриддин Ҳасан Инҷуи Шерозӣ, ки фарҳангашро соли 1017/1608 ба итмом расондааст, хабар медиҳад: «Устод Рўдакӣ дар китоби «Даврони Офтоб» гуфта:

Аз Хуросон парвази товусфаш

Сўйи Ховар мешитобад шоду каш.

Меҳр,  дидам, бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон сўйи Ховар мешитофт.» 

С.Нафисӣ чунин достон доштани Устод Рўдакиро рад мекунад. Ў аввал менависад: «Шояд он маснавии «Даврони Офтоб», ки «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ба Рўдакӣ нисбат дода, ҳамон тарҷумаи манзуми «Синдбод» буда бошад ва ё ин ки баъзе ҳикояти «Синдбод»-ро Рўдакӣ дар манзумаи «Калилаву Димна»-и хеш гунҷонидааст. Дар ҳар ҳол, он чи мусаллам аст, ин аст, ки баъзе аз мазомину матолиби китоби «Синдбод» дар миёни ашъори баҳри рамали Рўдакӣ дида мешавад. Агар «Даврони Офтоб» ба ҷуз «Калилаву Димна»-ву «Синдбоднома» буда бошад, зоҳиран ў се манзумаи баҳри рамал доштааст». Баъд ў дар «Такмила»-и асараш махсусан таъкид менамояд: «Дар саҳифаи 427 ва 235, бинобар гуфтаи муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва «Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ» ин нуктаро овардаам, ки Рўдакӣ як маснавӣ ба исми «Даврони Офтоб» доштааст. Дар он мавқеъ мутаваҷҷеҳ набудам, ки ин нукта ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест, зеро гузашта аз ин ки бисёр дур менамояд Рўдакӣ номи яке аз маснавиҳои худро «Даврони Офтоб» гузошта бошад ва калимаи «Даврон»-ро, ки дар он замон чандон ройиҷ набудааст, дар номи китобе ба кор бурда бошад ва таркиби «Даврони Офтоб» барои маснавӣ муносибат надорад ва бештар бо китобе дар ахтаршиносӣ ё коиноти ҷавв муносиб аст. Шеъре, ки дар он ҷо шоҳиди калимаи «барваз» овардаанд, ба ҳамон вазни «Калилаву Димна»  ва  «Синдбоднома»-и  Рўдакист. Далели  ин  иштибоҳ ин аст, ки ин шеър:

Аз Хуросон барвази товусваш

Сўйи Ховар мехиромад шоду каш.

дар   бораи   рафтани  офтоб   аз   Хуросон   (машриқ) ба Ховар   (мағриб)  аст ва пайдост дар китоби дигаре, ки марҷаъи муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» будаву муаллифи «Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ» аз    он гирифтааст, дар садри ин байт чизе монанди ин тавҷеҳ: «Рўдакӣ  дар  даврони офтоб,  яъне  барои сайру ҳаракати офтоб гуфтааст» ва муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» «Даврони Офтоб»-ро яке аз маснавиҳои Рўдакӣ пиндоштааст».170 М. Занд «Даврони Офтоб»-ро бо «Синдбоднома»   як  маснавӣ    медонад.171    Вале  А. Мирзоев дуруст гўшзад менамояд, ки мавзўъи китоби «Даврони Офтоб» тасвири сайри офтоб ва масоили ба ҳамин алоқаманд будааст, ки он ба мундариҷаи достони «Синдбод» наздикие надорад.172

Мо бар он ақидаем, ки достони  «Даврони Офтоб» маснавии ҷудогонаи Устод Рўдакӣ, ғайр  аз «Калилаву Димна»  ва  «Синдбоднома» буда, ин се маснавӣ дар як вазн иншо гардидаанд.

Мавзўъи «Даврони Офтоб» сипеҳршиносӣ, ҷуғрофия ва ё нуҷум буданаш ҳам ҷойи таъаҷҷуб надорад,  зеро пизишки ҳамзамони Устод Рўдакӣ -Ҳаким Майсарии Суғдӣ асари худ «Донишнома»-ро доир ба тиб дар байни солҳои 367—380 (977—990)  таълиф  кардаст, ки он ҳам ба назм буда, ҳовии 4500 байт аст ва, хушбахтона, акнун мунташир ҳам гардидааст. Ба андешаи мо, дар мавзўъҳои илмӣ   асарҳои манзум навиштан маҳз аз маснавии Устод Рўдакӣ «Даврони Офтоб» ба ҳукми анъана даромадааст.

Фақат чаҳор байти поёнро аз маснавии «Даврони Офтоб» шуморем ҳам, маълум мегардад, ки он дар воқеъ роҷеъ ба ҳаракати офтоб, мавқеъи ҷой гирифтани бурҷи ҷавзо, ки номи тоҷикии он «барра» зикр шудааст, аз хуршедбаро, яъне Хуросон ба тарафи Ховар, ки ба маънии машриқ аст, шитофтани меҳр, ки номи дигари офтоб аст, дар нимрўзон, яъне нисфи рўз, бар болои сар рост омадан ва бегоҳӣ- дар офтобнишин нопадид гаштанаш, яъне аз Хуросон ба Ховар (мағриб) расида, аз чашмҳо ноаён гардиданаш ва, ҳамчунин, дар фасли баҳорон сабз гардидани ҷаҳон (рўйи гетӣ) сухан меравад:

Аз Хуросон парвази товусваш

Сўйи Ховар мешитобад шоду х(в)аш,

К-Офтоб ояд ба бахшаш зӣ бара,

Рўйи гетӣ сабз гардад яксара!

Меҳр, дидам,  бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон сўйи Ховар мешитофт.

Нимрўзон бар сари мо баргузашт,

Чун ба Ховар шуд,   зи мо нодид гашт.

Ин байт ҳам, яқин, аз маснавии «Даврони Офтоб» аст:

Ахтаронанд,  осмоншон  ҷойгоҳ,

Ҳафт тобанда давон дар дуву доҳ.

Маънии байт он аст, ки ахтарон, яъне ситораҳо, дар фалак ҷой гирифта, ҳафт тобанда, ки ҳафт сайёраи машҳур (Моҳ, Аторуд, Зуҳра, Хуршед, Миррих ё Баҳром, Муштарӣ, Зуҳал ё Кайвон)-анд, дар гирди замин доимо чарх зада (давон буда), дар давоми як сол мувофиқ дар дувоздаҳ бурҷи фалакӣ ҷой гирифтанашон фаслу моҳҳои солро барқарор мегардонад. Маънои «ду» равшан аст. Аммо «доҳ» шакли дигари «даҳ» буда, бо тақозои вазну қофия чунин суратро гирифта, дар байти дигар ба сурати аслии худ (Ҳафт солор, к-андар ин фалаканд, — Ҳама гирд омаданд дар дуву даҳ) истифода шудаанд.

Устод Рўдакӣ, бар замми ин се маснавӣ, маснавиҳои дигаре ҳам доштааст. Аз байтҳои парокандае, ки дар фарҳангҳо ва китобҳои таъриху адаб сабт шудаанд, маълум мегардад, ки ў муаллифи шаш маснавии дигар будааст, ки ба ҷуз вазни онҳо дигар аз мазмуну муҳтаво, ному таърихи эҷод ва ҳаҷмашон ҳеч чизи дигар маълум нест. Ин маснавиҳо дар авзони зерин суруда шудаанд:

  1. Маснавӣ дар вазни мутақориби мусаммани мақсур, ки арконаш ба фаъўлун/фаъўлун/фаъўлун/фаъўл (У— — /У— —/У— —/У—) баробар аст. Аз ин маснавӣ 43 байт дастрас аст. Мутолиаи амиқи байтҳои мутафарриқа моро ба хулосае мебарад, ки ин маснавии Устод Рўдакӣ рамзӣ буда, ба фикри пажўҳишгари гурҷӣ Давид Кобидзе, аз он ки зикри номҳои ҳамосаи миллии Эрон «Шоҳнома», аз қабили Сом, Рустам, Достон ва Исфандиёр дар осори Рўдакӣ дучор меояд, шояд ин достон дар мавзўъи «Шоҳнома» навишта шуда бошад. Вай фақат метавонист, ки аз ривоятҳои мардумӣ ва маъхазҳои арабӣ ё паҳлавӣ истифода барад.173
  2. Маснавӣ дар вазни   хафифи   аслами   мусаббағ, ки арконаш ба фоъилотун (—У— —) мафоъилун (У—У—) фаълон   (— —)   мусовӣ  буда,  аз ин маснавӣ то ҳол 28   байт   маълум   аст.   Маснавӣ   соли   311/923   суруда шудааст:
  3. Маснавӣ дар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур, ки рукнҳояш баробар аст бо мафоъӣлун/мафоъӣлун/мафоъӣл (У— — — /У— — —/У— —) Аз ин маснавӣ то имрўз 13 байт ба даст омадааст.
  4. Маснавӣ дар вазни музореъи мусаддаси маҳфуз, ки рукнҳояш ба  мафоъӣлу   (У— —У)   фоъилоту (—У—У)  фаъўлун  (У-— —) рост меояд. Аз ин маснавӣ ҳамагӣ се байт дар даст аст, ки дар зер сабт мегарданд:

Ҷавонӣ гусасту чиразабонӣ,

Табъам гирифт низ гаронӣ.

Ва:

Ай булбули хушово, ово деҳ,

Ай соқӣ, он қадаҳ бо мо деҳ!

Ва боз:

Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,

Бе сад ҳазор мардум танҳо не!

Абёти    сабтшуда гувоҳи    онанд, ки    ин маснавиро Устод Рўдакӣ дар пиронсолӣ навишта, дар он ба масоили  ахлоқ  дахл   намуда,  дар   мавзўъҳои   хуш  гузарондани вақт,   ғанимат шумурдани    зиндагӣ  ва  ҳедонизм андеша ронда будааст.

  1. Маснавии вазни сареъи матвии мавқуф, ки аркони муфтаъилун /муфтаъилун/фоъилон (—УУ—/ —УУ—/—У~)-ро доро буда, аз он се байт боқист:

Ҷомаи пурсурати даҳр, ай ҷавон,

Чирк шуду шуд ба кафи козарон!

  1. Д.Кобидзе. Рўдакӣ (ба забони гурҷӣ). Маҷмўаи «Рўдакӣ», Тбилисӣ, 1957.

Ранг ҳама хому чунон печутоб,

Мунтазирам, то чӣ барояд зи об!

Ин   маснавӣ  ҳам   аз  масоили   ахлоқ  сиришта гардида, бо панду андарз оро ёфта будааст:

Луқмае аз заҳр зада дар даҳан,

Марг фашурдаш ҳама дар зери ған.

  1. Маснавии ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф, ки рукнҳояш бо мафъўлу (— —У) мафоъӣлун (У— — —) фаъўлун (У— —) баробар аст. Ин маснавӣ низ аз қиссаҳои рамзӣ иборат аст:

На кафшгарӣ, ки дўхтастӣ,

На гандуму ҷав фурўхтастӣ.

Ҳоҷӣ Халифа дар «Кашф-уз-зунун» қайд мекунад, ки «Ароис-ун-нафоис» – форсиюн манзумун лӣ Фаридаддин Абўабдуллоҳ Муҳаммад Ар-Рўдакӣ аш-шоъиру мин нудамои ал-малик Наср Ибн Аҳмад ас-Сомонӣ», яъне «Ароис-ун-нафоис» манзумаи форсист аз Фаридуддин Абўабдуллоҳ Рўдакии шоъир — аз надимони малик Наср ибни Аҳмади Сомонӣ».174

«Ва пайдост, ки Ҳоҷӣ-Халифа худ ин манзумаро надидааст, зеро ки одати ўст, ки ҳар китоберо дида бошад, ҷумлаи нахустин ё байт ё мисраъи аввали оғози онро меоварад ва ба ҳамин ҷиҳат ба ҳеҷ ваҷҳ мақдур нест маълум кард кадом як аз ин шаш маснавиро ном «Ароис-ун-нафоис» будааст».175 С. Айнӣ, Е. Э. Бертелс ва М. И. Занд бо истинод ба Ҳоҷӣ-Халифа соҳиби чунин достоне будани Рўдакиро эътироф мекунанд. Аслан, номҳои «Ароис-ун-нафоис» ва «Тавоиф-ул-латоиф»-ро ҳанўз Муҳаммади Авфӣ зикр менамояд: «Яке аз ҷуҳҳол дар назми ў таъна карду «Ароис-ун-тафоис» ва «Тавоиф-ул-латоиф»-и ўро тазйиқе намуд. Низомии Арўзӣ ин байт дар ҳаққи ў иншо кард:

Ай он ки таън кардӣ дар шеъри Рўдакӣ,

Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кўдакист!

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон

Соқибқирони шоъирӣ Устод Рўдакист!» 176.

Ба фикри С. Нафисӣ, Устод Рўдакӣ шояд манзумаи маъруфи «Ардовирофнома»-ро,  ки  оид ба меъроҷи Зардушт ба забони паҳлавист, низ назм карда бошад.177 Дар ҳамин хусус ў боз менависад: «Оқои Муҳаммад Дабири Саёқӣ дар қисмати чаҳоруми мақолоте, ки пеш аз ин бад-он ишорате рафт, мегўяд: «Марҳум Деҳхудо ин байти Рўдакиро «Чор ғунда, карбаша бо каждумон — Хўрд эшон пусти рўйи мардумон» аз «Ардовирофнома» — манзумаи маъруф дар ақоиди зардуштиён ба забони паҳлавӣ медонистааст ва агар ин нукта муҳаққақ шавад, метавон гуфт Рўдакӣ «Ардовирофнома» — ро низ ба шеъри дарӣ дароварда будааст».178 Мутаассифона, ин масъала ҳамоно номакшуф аст.

Тамоми маснавиҳои Рўдакӣ дорои ҷанбаи ахлоқӣ буда, дар онҳо ба ғайр аз панду андарз моҷароҳои ишқӣ, ҳикоятҳои пандомўз, саргузаштҳои бихрадону доноён ва ашхоси бузург, кору бори деҳқонон, кишоварзон, тоҷирон ва аҳли ҳунар, ҳикоёти ҳайвоноту ҳашарот, макри занон, базм (Яке базми хуррам биёростанд, — Маю руду ромишгарон хостанд), манзараҳои баҳор (Дурахш ар нахандад ба вақти баҳор, — Ҳамоно нагиряд чунин абр зор), разм (Расиданд зи шаҳи Чиндон фароз, — Сипаҳ хайма зад дар нишебу фароз), шарҳи аҳволи муаллиф (Ҷавонӣ гусасту чиразабонӣ, — Табъам низ гирифт гаронӣ), тамсилҳо, латифаҳо, мутоябаҳо ва амсоли инҳо фаровон будааст, ки инро аз абёти парокандаи боқимондаи онҳо низ метавон пай бурд:

Биҳиштойин сароеро биёрост,

Зи ҳар гуна дар ў тимсолҳо сохт.

Зи уду чандал ўро остона,

Дараш симину заррин поликона.

Ин ду байт шаҳодат медиҳад. ки маснавии баҳри ҳазаҷи Устод Рўдакӣ қиссаҳои рангини «Хусраву Ширин», «Юсуфу Зулайхо» ва ё шабеҳи онҳоро фаро мегирифтааст.

Хулласи калом, Устод Рўдакӣ чандин маснавӣ эҷод карда, дар ин ҷода низ аз саромадони ин навъи адабӣ будааст. Аксари пажўҳишгарони эҷодиёти Рўдакӣ ақида доранд, ки ў муаллифи нўҳ маснавӣ мебошад. Аммо Абдураҳмон Тоҳирҷонов ба хулоса омадаст, ки алҳол Устод Рўдакиро гўяндаи понздаҳ  (15)  маснавӣ шумурдан  мумкин   аст,  ки   аз  инҳо  иборатанд:   «Калилаву Димна», «Синдбоднома», «Даврони    Офтоб», «Ардовирофнома»,   «Тоҷ-ул-масодир»,   «Луғати   таҷнисоти   арабӣ ба форсӣ»,  «Ароис-ун-нафоис»,  «Тавоиф-ул-латоиф», як маснавӣ роҷеъ ба нуҷум ва як   маснавии дигар роҷеъ ба мавзўъи дигар, ки ҳар ду дар баҳри музореъ суруда шудаанд. Достоне, ки дар вазни мутақориб танзим гардида, аз ҷиҳати мазмун ҳамосавӣ мебошад    ва боз ду маснавие, ки дар шохаҳои гуногуни баҳри ҳазаҷ навишта шуда ва як маснавӣ дар баҳри сареъ иншо гардидааст.  Вале маснавии «Вомиқу Узро»,  ки онро ба қалами Устод Рўдакӣ мутааллиқ медонанд, аслан иштибоҳ буда, чунин    маснавиеро Устод  Рўдакӣ нанавиштааст».

Ҳамин тариқ, Устод Рўдакӣ нахустин суханвари бузурги форсизабон будааст, ки бо камоли устодӣ ва ҷамоли маҳорат анвоъи гуногуни шеърии аз ҷиҳати мундариҷа рангоранг ва ғанӣ офаридааст. Достонсароӣ, ғазалнависӣ, қасидапардозӣ ва рубоъигўиро дар адабиёти форсу тоҷик бар пояи устувор гузоштааст, ки то имрўз эътироф карда мешавад. 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …