Главная / Гуногун / Маслиҳате сулҳ

Маслиҳате сулҳ

Соле Муҳаммади Хоразмшоҳ бо Хито аз бораи маслиҳате сулҳ ихтиёр кард. Ба ҷомеи Кошғар даромадам, писаре дидам ба хубию ҳусн ба ғояти эътидол ва ниҳояти ҷамол, чунон ки дар амсоли ў гўянд:

Муаллимат ҳама шухию дилбари омўхт,
Ҷафову нозу итобу ситамгари омўхт.
Ман одами ба чунин шаклу хую қаду равиш,
Надидам, магар ин шева аз пари омўхт?!

rukopozhatie-2Муқаддимаи «Наҳви» Замахшарӣ дар даст дошт ва ҳамехонд.
Гуфтам: Зараба Зайдун Амран ва кони-л-мутаадди Амран (Зад Зайд Амрро ва «Амр» гузаранда буд).
– Эй писар, Хоразму Хито сулҳ карданду Зайду Амрро ҳамчунон хусумат боқист?!
Бихандиду мавлидам пурсид. Гуфтам:
– Хоки Шероз.
Гуфт:
– Аз суханони Саъдӣ чӣ дорӣ?
Гуфтам:
«Табъи туро то ҳаваси наҳв кард,
Сурати сабр аз дили мо маҳв кард.
Эй дили ушшоқ ба доми ту сайд,
Мо ба ту машғулу ту бо Амру Зайд.

Бомдодон ки ба азми сафар мусаммим шудам, гуфта будандаш, ки фалон Саъдист. Давон омаду талаттуф карду таасуф хўрд, ки чандин муддат чаро нагуфтӣ, ки «Манам Саъдӣ», то шукри қудуми бузургонро миён ба хидамат бубастаме?!
Гуфтам:
– Бо вуҷудат зи ман овоз наёмад, ки манам?
Гуфто:
– Чӣ шавад, гар дар ин хита чанде баросоӣ, то ба хидмат мустафид гардем?
Гуфтам:
– Натавонам ба ҳукми ин ҳикоят:

Бузурге дидам андар кўҳсоре,
Қаноат карда аз дунё ба ғоре.
Чаро, гуфтам, ба шаҳр андар наёӣ,
Ки боре банде аз дил баркушоӣ?
Бигуфт: «Он ҷо парируёни нағзанд,
Чи гул бисёр шуд, пилон билағзанд!»

Ин бигуфтаму бўса бар сару рўхи якдигар додем ва видоъ кардем.
Бўса додан ба рўи дўст чӣ суд,
Ҳам дар он лаҳза карданаш падруд?
Себ гўи видои ёрон кард,
Рўй аз ин нима сурху з-он сў зард.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jangi-arab

Заифе, ки бо қави диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.

Сояпарвардаро чӣ тоқати он, Ки равад бо муборизон ба китол. Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад Панҷа …