Главная / Варзиш / МАШҚҲОИ БАРНОМАВӢ ВА ТЕХНИКАИ ИҶРОИ ОН

МАШҚҲОИ БАРНОМАВӢ ВА ТЕХНИКАИ ИҶРОИ ОН

Ба ин боб шумо бо машқҳое шинос мешавед, ки ба барномаи синфи V дохил мегарданд. Онҳо ба тарзҳои гуногуни варзиш – варзиши сабук, гимнастика, бозиҳои варзишӣ ва серҳаракат, шиноварӣ шомил гаштаанд.

Роҳравӣ – тарзи аз ҳама паҳнгардидаи ҳаракат ва яке аз воситаҳои маъмули тарбияи ҷисмонӣ аст.

Ҳангоми роҳравӣ (расми 11) шумо ба замин гоҳ ба як пой, гоҳ бо ҳарду такя менамоед, яъне доим бо замин робита доред.

Ҳаракати даст ва пой дар роҳравӣ муқобилсамт аст: қадами пойи рост бо пешравии дасти чап мувофиқат мекунад ва баръакс.

Дар баробари роҳравии муқаррарӣ роҳравии варзишӣ ҳам вуҷуд дорад. Вай аз муқаррарӣ бо теладиҳии боқувват бо гардишҳои тос дар атрофи давраи вертикалӣ, пойҳои аз қисмати зонуҳо росткардашуда ва ғайра фарқ мекунад.

peshko

Талаботи асосӣ ба техникаи роҳравии варзишӣ – часпиши пайвастаи пой бо замин мебошад. Кандашавии яквақтаи ҳарду пой аз замин гузаштан ба роҳравӣ ҳисоб мешавад.

Дар дарсҳои варзиш дар мактаб навъҳои мухталифи роҳравӣ:

бо ақиби пой, бо панҷаи пой, дар ҳоли нимнишаст, нишаст, бо паҳлў ё тарафҳои дохилӣ ва берунии кафи пой ва ғайра истифода бурда мешавад. Ин машқҳо гурўҳи муайяни мушакҳои пойро инкишоф медиҳанд, барои пешгирии пайдошавии ҳамворгардии кафи пой хизмат менамояд.

Олимон тасдиқ менамоянд, ки инсон дар тамоми умри худ роҳеро, ки баробари масофаи аз Замин то Моҳ аст тай менамояд. Дар як рўз инсон ба ҳисоби миёна қариб 20000 қадам мемонад. Кўдакон ин нишондодро бениҳоят меафзоянд. Дар 70-солагӣ инсон то 50 миллион қадам мемонад, ки тақрибан 384000 километрро ташкил медиҳад. Ин бошад масофаи то Моҳ аст.

Комёбии ҷаҳонӣ дар роҳравӣ ба сержанти артиши Британия Малколм Барни тааллуқ дорад, ки барои ҳолати варзишии худро нигоҳ доштан дар атрофи казармаҳо 16 шабонарўз 10 соату 22 дақиқа роҳ рафта, дар ин муддат фосилаи баробар ба 659 км 330 метрро тай намудааст.

Яке аз тарзҳои роҳравӣ – маршировкаи гуногуншакл (расми 12) мебошад. Ин ҳаракат дар толор ё майдончаи варзишӣ аз рўи қатори якнафара аз рўи диагоналҳо, муқобилсамт, моршакл ба амал меояд. Маршировкаи шаклӣ қобилияти роҳравӣ дар саф ва муайян кардани фосиларо инкишоф медиҳад.

Дав нисбат ба роҳравӣ фосилаи паридан ба амал меорад, ки баъд аз теладиҳӣ сар шуда ва ба тамом шудани фосила хотима меёбад. Дав ба масофаи кўтоҳ, фосилаҳои миёна ва дароз ҷудо менамоянд.

Фосилаҳои кўтоҳ – 30, 60, 100 м. Фосилаҳои миёна – 400, 800, 1000 ва 1500 м. Ҳама фосилаҳои боқимонда аз 2000 м зиёд ба фосилаҳои дароз мансубанд.

Дар синфи V талабагон ба 30 ва 60 м (фосилаҳои кўтоҳ) ва метавонанд ба 1000 м ва 2000 м (дароз ё тўлонӣ) медаванд. Ин ҳаракатҳоро мо метавонем дар бозиҳои серҳаракати қадамченкунӣ ва «Ивазшавии капитанҳо» мушоҳида намоем.

«Қадамченкунакҳо» (расми 14). Пеш аз саршавии бозӣ ҳама иштирокчиён дарозии қадамҳои худро чен мекунанд. Барои ин фосилаи муайян, масалан 100 м, бояд гузашта қадамҳоро ҳисоб кард, сипас ин фосиларо ба ин шумораҳо тақсим кард.

Вазифаи бозӣ аз донистан, он иборат аст, ки кадоме аз бачаҳо метавонад аниқтар фосилаи байни ду уқтаҳоро: чўбҳо, дарахтон ё байрақчаҳое, ки ба замин халонда шудаанд, муайян намояд. Дар маркази майдон (майдони футбол) – байрақ, аз он дар фосилаи 5-6 метр байрақчаҳо ҷойгир шудаанд, ҳар кадом ба ҳар тарафи гуногун, аммо фосилаи он аз марказ ба сардор маълум аст.

qadamҲамаи ширкаткунандагони бозӣ ба ҷуфтҳо тақсим шуда, қаламу коғаз гирифта ва аз ченкунии қадам истифода мебаранд, фосилаи то байрақчаи нишондодашударо муайян менамоянд. Ҳамон бозингар ғолиб мегардад, ки бо шарики худ ченкунии аниқро анҷом медиҳад.

Сипас ба бозингарони ҳар як ҷуфт супориш дода мешавад, ки фосилаи аз марказ то ҳар як байрақчаро муайян созанд. Ғолиби ҳар як ҷуфтро муайян менамоянд, баъд дар байни ҳамаи иштирокчиён.

«Ивази капитанҳо» (расми 15). Бозингаронро ба дастаҳои баробар ҷудо карда, саф меороянд. Дар пеши ҳар як дар фосилаи 1,5 – 3 м капитан бо тўб меистад. Рўйро ба тарафи қатор гардонида бо амри довар тўбро ба нафари дар авали саф истода медиҳад ва боз мегирад.

Бозингари диҳандаи тўб ба сўи капитан як қадам пеш мегузорад. Капитан тўбро ба дуюмӣ, сеюмӣ ва ғайра мепартояд. Бозингаре, ки дар қатор аз ҳама охирин аст, тўбро гирифта ба ҷои капитан меояд (ивази капитан) ва капитани собиқ дар сафи пеши даста мемонад.

Бозиро то вақте давом медиҳанд, ки ҳамаи бозингарон дар ҷои капитан наистанд. Ҳамон дастае ғолиб дониста мешавад, ки машқро зуд ба анҷом расонад. Имкони душвор кардани машқи бозӣ мавҷуд аст. Бозингаронро ба дастаҳо ҷудо карда як саф меистанд. Дар дасти капитанҳо, ки дар пеши қатор меистад, тўбҳои баскетбол ё волейбол мавҷуд аст. Бо амр ё ҳуштаки довар ё сардор онҳо тўбро аз болои сар (аз байни по, аз паҳлў) банафари дар ақибистода медиҳанд, ў дар навбати худ тўбро ба нафари сеюм медиҳад. Охирин нафари дар қаторбуда тўбро гирифта ба пеш медавад ва пеш аз капитан меистад ва ғайра.

Бозиро то муддате давом медиҳанд, ки ҳамаи бозингарон дар пеши қатор наоянд. Ҳамон дастае ғолиб дониста мешавад, ки эстафетаро зудтар ба анҷом расонад. Агар нафаре аз бозингарон тўбро афтонад, худи ў вазифадор аст, ки онро бардорад. Довар бояд назорат кунад, ки бозингарон ба якдигар наздик нашаванд, ҷойҳои худро иваз накунанд, барои донистани ғолиб беҳтар аст, ки бозиро 3-5 маротиба гузаронд.

Барои шумо якчанд бозиҳои серҳаракат бо давидан пешниҳод менамоем, ки онҳо барои инкишофи чаққонӣ, чолокӣ, чобукӣ ва дигар сифатҳои шумо кўмак мерасонад, инчунин барои беҳтар аз худ кардани техникаи давидан.

«С а л ки м а р шем » (р а см и 16). Ду даста дар як қатор рў ба рўи якдигар муқобили майдон саф меороянд. Дар пеши онҳо хати маъра мегузаронанд. Ҳар як даста барои худ ном мегузорад. Фарз кардем, яке – «Умед» дигар – «Парвоз». Барои шурўъ шудани бозӣ қуръа мепартоянд. Бигзор «Умед» сар кунад.

Довар ба дастаи «Умед» таклиф мекунад, ки бозиро шурўъ кунад ва амр медиҳад: «Ба майдон бо қадам гард!» – ба муқобили дастаи «Парвоз» қадам гузоред. Бо ҳуштаки довар дастаи «Умед» ҳамларо қатъ намуда бошитоб баргашта, ба хонаи маъраи аз хат берун мегурезанд ва дастаи «Парвоз» онҳоро медорад.

Баъд аз он, ки довар доштагиҳоро мешуморад, онҳо ба даста барме гарданд. Сипас ширкаткунандагони «Парвоз» ҳамла менамоянд ва иштирокчиёни дастаи «Умед» онҳоро медоранд. Бозиро 4-8 маротиба так рор менамоянд. Ғолибият насиби дастае мешавад, ки бозингарони бештар доштааст.

Гурехтан ва пеш кардан танҳо аз рўи ҳуштак мумкин аст. Бозингарони то ҳуштак дошташуда ҳисоб амеёбанд. Агар дастаи ҳамлакунанда пеш аз ҳуштак гурезад, ба он ҳамон қадар холҳои ҷаримавӣ ҳисоб карда мешавад, ҳамон миқдор бозингарони даста ҳастанд.

Қапидани бозингар – яъне ба ў даст расонидан. Доштан фақат то хати маъра мумкин аст. «Ҷои холӣ» (расми 17). Ҳамаи бозингарон дар давра зич рўй ба марказ (дастҳоро ба пушт нигоҳ дошта) меистанд. Оғозкунанда дар давра истода, баъд ба тарафи рост дар гирди давра медавад, ба касе аз бозингарон бо дасташ мерасад ва давиданро давом медиҳад. Бозингаре, ки даст расондааст, ба тарафи муқобил медавад, кўшиш мекунад, ки тезтар

«САЛКИ МАРШЕМ» «ҶОИ ХОЛӢ»

аз оғозкунанда ба ҷои худ расад. Дар роҳ вохўрда, онҳо «салом» мекунанд: дастҳои якдигарро медиҳанд ё менишинанд. Ҷои «холӣ»-ро якумин шуда гирифтан зарур аст ва боқимондаҳои бе ҷой медаванд. Бозӣ 3-4 дақиқа давом мекунад. Бозиро душвор кардан мумкин аст. Масалан, ҳангоми вохўрӣ якчанд маротиба дар ҷой ҷаҳидан, гардиш намудан ва ғайра. Дар роҳи ҳаракати давандагон монеъаҳо гузоштан мумкин аст: банд кашидан, ки аз зери он гузаштан зарур аст, монеъа, курсӣ, ки аз болои он парида гузаштан лозим бошад. Барои хотирмон шудани бозӣ аз ҳисоби бозингарони гурехта дарвоза сохтан мумкин аст. Дастае ғолиб меояд, ки шумораи холҳои аз ҳама зиёд ҷамъ оварда бошад.

«Кӣ бисёр?». Ҳар як бозингар бо навбат тўбро ба боло партофта ва медавад, дар роҳ ашёҳоро ҷамъ меоварад, ки дар фосилаи 1 метр аз якдигар дуртар (шашкаҳо, байрақчаҳо, кубикҳо) гузошта шудаанд. Касе бурд мекунад, ки то афтидани тўб ба замин ашёҳои бештар ҷамъ оварда бошад.

Харгўши бехона» (расми 19). Бозингаронро, ба ғайр аз сардор ба гурўҳҳои иборат аз 3-5 нафара тақсим мекунанд. Ҳар як даста давра меистад ва 3-6 қадам аз якдигар дур ҷойгир мешаванд. Дар як тарафи давра ду нафар сардор меистанд: яке аз онҳо – «харгўш», дигарӣ – «шикорчӣ». Довар амр медиҳад: «Як, ду, се». Бо ҳисоби «як» сардор «харгўш» мегурезад, бо ҳисоби «се» шикорчӣ ба доштани ў оғоз мекунад. Харгўш барои аз шикорчӣ раҳо ёфтан метавонад гурезад, аммо шикорчӣ ба таъқиби ў шурўъ менамояд. Агар шикорчӣ харгўшро дошт, он гоҳ онҳо нақши худро иваз менамоянд.

Шикорчӣ метавонад фақат вақти аз хона берун буданаш харгўшро дорад. Аз байни хона гурехтани харгўш раво нест.

Ҷои харгўши гурехтаро нафаре аз дар хона истодаҳо (бо навбат) ишғол мекунад ва бозингари гурехта давида ба ҷои ў меистад.

Баъд аз чанде бозиро манъ карда ва шикорчиёнро харгўш, харгўшҳоро шикорчӣ табдил додан мумкин аст.

«Рўзу шаб» (расми 19). Аз байни майдонча хат мекашанд. Аз ҳар ду тараф аз онҳо, дар масофаи 15-30 қадам муқобили маъра меистанд. Бозингаронро бо дастаҳо баробар ҷудо мекунанд, ки дар ҳар ду тарафи хатти мобайнӣ рў ба пушти якдигар гашта меситанд.

Муқобили ҳар даста хатимаъра воқеъ аст. Аз рўи қуръа як даста – «рўз», дигарӣ – «шаб» ном мегирад. Довар нохост талаффуз мекунад: «Рўз». Даста шаб ба хона мегурезад, аммо дастаи рўз онҳоро пеш мекунанд. Доштагиҳоро ҳисоб намуда ҷавоб медиҳанд. Сипас дастаҳо дар назди хати мобайнӣ аз нав саф мекашанд.

Довар яке аз онҳоро садо мекунад. Садо бояд ногаҳон бошад. Бозӣ 4-8 маротиба гузаронида мешавад, аммо бояд миқдори садокуниҳо барои ҳар ду даста баробар бошад. Ғолиб он даста ҳисоб мегардад, ки бозингарони доштаи бештар доранд.

Зуд гурехтан ба хонаи худ, то садо кардани довар манъ аст. Доштан танҳо то хати хона мумкин аст. Дошташудаҳо баъд аз шумор боз дар бозӣ дар баробари дигарон иштирок менамоянд.

Аксар қабл аз садои довар, барои диққати бачаҳоро ҷалб намудан таклиф менамоем, масалан, дастҳоро ба пеш, ба боло дароз намоянд, дастҳоро ба миён гузошта нишинанд. Машқҳоро пурра такрор кунанд.

Ҳангоми чунин давидан гузаштан аз монеъаҳои гуногун (чуқуриҳо, заҳбурҳо, чоҳ, чўб)-ро меомўзанд, масалан, барои аз болои чуқурӣ паридан, лозим аст, ки якчанд метр то он тез давида ба паридан омода шавед.

Ба замин бо як пой фурўд омадан лозим, барои он ки давиданро идома дода, суръататонро паст накунед. Дарахти афтида ё теппачаҳои на он қадар баландро бо қадамҳои пурқувват мегузаранд.

Оғози баланд (расми 20). Амалан дар ҳамаи масофаҳои давидан истифода бурда мешавад. Бо амри « Омода бош!» талаба ба хати старт наздик мешавад ва нўги пои боқуввати худро мегузорад. Пои дигари худро дар ақиб мегузорад, ба замин бо нўги пой такя дода андом рост шуда, дастҳоро озодона ба поён сар дода меистад.

Аз рўи амри «Диққат!» (расми 20 а) талаба оҳиста пойро хам намуда вазни баданро ба пои пешаш мегузаронад. Дастҳо каме аз оринҷҳо хам шуда аст. Нигоҳ ба пеш равон гардидааст.

Бо амри «Гард!» (расми 20 б) талаба бо тамоми қувват пойҳоро ба замин тела дода, ба давидан шурўъ мекунад, мекўшад зуд суръатро зиёд намояд.

Дар хотир доред, ки баъд аз анҷом якбора истодан мумкин нест. Бояд боз каме давид, то нафаскашӣ барқарор гардад.

Стартҳо аз ҳолатҳои гуногун (расми 21): аз такяи нишаст, аз такяи ҳолати хоб, аз ҳолати нишаст, рост бо пушт ба самти ҳаракат ва ғайра – чолокиро инкишоф медиҳад, мутобиқати ҳаракат ва суръати реаксияро ҳам.

Омодагии кроссӣ пуртоқатӣ, хислатҳои суръат – қувва, чолокӣро инкишоф медиҳад. Ҷаҳишҳо – яке аз тарзҳои оддии гузаштан аз монеаҳост. Ин машқҳо қувва, чобукӣ, чолокиро инкишоф медиҳанд.

Дар қисмати «Гимнастика» шумо ҷаҳишҳои такядорро аз худ менамоед. Онҳо бо такя ба ашёҳо иҷро мегардад. Ҳангоми иҷрои ҷаҳиши такягӣ талаба аз дур давида, аз болои харак ҷаҳида, бо дастонаш аз болои снаряд тела дода, ҷаҳишро ба анҷом расонида, ба замин фурўд меояд.

Ҷаҳиш бо такяи нишаст, ҷаҳиши хамшуда (расми 22). Ин ҷаҳиши такядорро духтарон меомўзанд. Пойҳоро дар купрукча тела дода, баъди давраи париш зарур аст бо дастон ба ашёи такякарда ва аз он дар ҳоли нишасти такядор ба ашё гузашт. Зуд рост шуда, ба боло тела дода, худро рост карда, дастҳо ба боло – берун. Ба ҳамин ҳолат ба замин фурўд омад.

Бачаҳо ҷаҳиши такядор бо пойҳои якҷоя аз болои харак ба дарозиро меомўзанд (расми 23). Пас аз тела аз кўпрукча дастонро ба такя гузошта, аз қисмати бадану шикам хам шуда ва пойҳоро гузаронид.

Ҳангоми теладиҳӣ хам шудан ва ба замин фурўд омаданро анҷом додан. Дар ҷаҳиши такядор асосан – хуб теладиҳӣ аз купрукча аст. Машқҳои омодакунанда ба ҷаҳишҳои гимнастикӣ паришҳо ба чуқурӣ (аз баландиҳои на он қадар калон) хизмат мекунад, ки усули фурўд омаданро такмил медиҳад (расми 24) ва ҷаҳиш аз монеъаҳои на он қадар баланд якҷоя бо ду пой (расми 25), ки инкишофдиҳандаи ҷаҳиш ва хислатҳои суръату қувват мебошад.

Дар қисмати «Варзиши сабук» ҷаҳишҳо ба дарозӣ ва ба баландӣ аз худ карда мешаванд. Дар ҷаҳишҳои варзиши сабук инчунин пешакӣ давида, теладиҳӣ бо як пой, париш чўби баланд ва фурўд омадан мавҷуд аст.

peshko-2

Ҷаҳиш ба дарозӣ аз ҷо (расми 26). Барои иҷро кардани ин ҷаҳи лозим аст пойҳоро баробари паҳнии китфон гузошт, пойро каме ба дохил тоб диҳед, барои он ки бо ҳамаи ангуштон якҷоя тела додан.

Бо ҳисоби 1 дастонро ба боло бардошта, ба нўги пой боло мехезед;

Ба ҳисоби 2 каме пойҳоро аз зону хам карда, дастҳоро ба ақиб бурда, ҳолати оғоз оббозиро қабул мекард;

Ба ҳисоби 3 зуд ва бо қувват бо пойҳо тела дода, ҳамзамон ҳар ду дастро ба пеш рост карда, ҷаҳишро ба пеш анҷом медиҳед. Фурудомад бо кафи пурраи пой ё бо панҷаҳои он, ба ақиб наафтидан лозим аст.

Усули ҷаҳиш ба тарзи «қадампартоӣ» ё «қайчиҳо»-ро баррасӣ менамоем (расми 27). Он бо сари дав зери кунҷи 35-40° ба ченаки баландӣ иҷро мегардад. Қадами охирин аз ҳама кўтоҳ аст. Теладиҳӣ бо ҳаракати якҷояи пои озод ва даст ба пеш – боло мувофиқат мекунад.

Ҳаракати «қадампартоӣ» аз он иборат аст, ки пои якбора боло рафта аз планка поён фуромада, теладиҳанда бошад аз зону хамшуда, аз болои планка (ченак) бо гардиши берун гузаронида мешавад. Бадан дар ин ҳолат ба тарафи пои теладиҳанда тоб мехўрад, то ки ҳеҷ ҷои тану миён ба планка (ченак) нарасад.

Ба шумо бозиҳои серҳаракат бо ҷаҳишҳоро пешниҳод менамоем. «Шаст» (расми 28). Барои бозӣ банди 2-3 метра зарур аст, ки дар охири он халтачаи регдорро мебанданд. Бозингарон гирди давра меистанд. Оғозкунанда дар марказ банд бо халтачаро давр мезанонад, ки дар рўи фарш лағзиш мехўрад. Бачаҳо бо диққат менигаранд, ки ба онҳо барнахўрад ва ҳамин ки халтача ба пойҳои онҳо наздик мешавад, мепаранд. Ба касе, ки халтача ё банд бархўрд ба маркази давра истода ва тобдиҳии онро шурўъ мекунад.

Ҳангоми даврзании банд аз ҷои худ рафтан иҷозат дода намешавад. Касе ба ин роҳ дода бошад, аз бозӣ берун мегардад. Бозӣ метавон ду навъ бошад.

Якум: бозингароне, ки ба халтача ё банд се маротиба бархўрдаанд мағлуб мегарданд.

Дуюм: бозингаронеро, ки дар давра истода анд, ба ду даста (рақамҳои якум ва дуюм) тақсим менамоянд. Оғозкунанда ҳама вақт як нафар аст. Ҳисобкуниро аз рўи командаҳо мебаранд. Ғолиб нафаре до-ниста мешавад, ки бозингаронашон камтар бо банд ва халтача бархўрдаанд. Бозиро 3-5 дақиқа давом медиҳанд.

Партоб додан – яке аз навъҳои машқҳои ҷисмонӣ, ки инкишофдиҳандаи қувва, чолокӣ ва хислатҳои суръатнокӣ мебошад.

Партофтани тўби хурд ба дурӣ (расми 29). Барои партофтан дар мактаб тўбҳои теннисиро истифода мебаранд. Дар ибтидо метавон халтачаҳое, ки аз рег ё намак, вазни 100-150 граамиро партофт.

Тўб бо паҳлўҳои панҷаҳои дасти партобдодашаванда нигоҳ дошта мешавад. Се ангушт аз пушти тўб ҷойгиранд, ангушти калон ва хурд онро аз паҳлў нигоҳ медоранд.

Дар усули партобдиҳӣ се давраҳо ҷудо гардидаанд:

  • аз сари дав (давраи омодагӣ),
  • партобдиҳӣ (давраи асосӣ),
  • боз истодан баъди партобдиҳӣ (давраи хотимавӣ).

Тўб аз рўи хати рост ба ақиб аз китф бо гардиши якбораи андом ба тарафи партобдиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар синну соли шумо барои инкишофи мушакҳои бадан, даст, обутобдиҳии шикам аз партоб додани тўбҳои бо рег пуркардашудаи вазнашон 1 ва 2 кг аз ҳолатҳои гуногун метавон истифода бурд. Партоб доданро бо як ё ҳар ду даст анҷом медиҳанд.

Машқҳои омодагӣ:

  1. Ҳолати муқаррарӣ (ҲМ) – рўй ба тарафи партобдиҳӣ истода, пойҳо дар баробари китфон, даст бо тўб ба боло. Дастро ба ақиб партофта, тўбро зери кунҷи 40-45° партоед. 4-6 маротиба.
  1. ҲМ – рўй ба тарафи партобдиҳӣ истед, пойҳо дар баробари кафҳо, даст бо тўб ба боло. Дастро ба ақиб намо дар қисмати китф ба поён – ақиб – ба боло, тўбро бо ҳаракати тези даст партоб диҳед. 6-8 ма-ротиба.
  1. ҲМ – айнан ҳамон. Дар лаҳзаи партофтани тўб даст ба ақиб намон, ҳамон пойро мувофиқи даст каме ба ақиб баред, ҳамаи вазни танро ба он гузаронида ва якпаҳлў ба самти партофтан истода, амали партоф-танро иҷро намоед. 5-6 маротиба.
  1. ҲМ – айнан ҳамон. Лаҳза ё вақте ки ҳамаи вазн дар пои ба ақиббурдашуда ҷойгир аст, даст рост шуда, ҳаракат бо панҷаи пои такядиҳанда ақиб кунед ва ба воситаи ҳолати китфу сина «камони таранг» ҳаракати зуди дастону андомро анҷом диҳед. 6-8 маротиба.

Бозиҳои серҳаракат барои мустаҳкамкунии партоб додан ёрӣ мерасонанд «Тўбро ба баранда надеҳ» «Бо барф ба тўб» Бозиҳои серҳаракати пешкашгардида барои таҳкими партобдиҳӣ кўмак мерасонанд.

«Тўбро ба оғозкунанда надеҳ» (расми 29). Бозингарон дар фосилаи дастҳои кушода давра мегиранд, як ё ду бозингарро оғозкунанда интихоб мекунанд, ки ба дохили давра медароянд. Бозингарон тўби волейболро бо якдигар мепартоянд ё меғелонанд.

Оғозкунанда кўшиш менамояд, ки ба тўб даст расонад. Агар ба оғозкунанда ин кор муяссар гардад, он гоҳ ба ҷои ў бозингаре меояд, ки тўб аз дасти ў хато хўрда буд. Агар тўб аз давра берун барояд, он гоҳ бозингарон бояд ҳар чӣ зудтар онро гирифта бозиро идома диҳанд.

Бозиро мумкин аст мураккабтар кард: бозингарон дар атрофи давра ҳаракат мекунанд; бо қадам ё дар ҳоли давидан тўбпартоиро давом медиҳанд.

«Бо барф ба тўб» (расми 30). Бозингаронро ба ду даста ҷудо карда дар 10-12 метр аз маркази майдони барфӣ қатор месозанд. Ҳар кас пешакӣ якчанд лулаи барфӣ тайёр мекунад. Пеш аз командаҳо, ки муқобили якдигар истанд, дар байн хат дар мобайни майдонча тўби волейболро мегузоранд.

Бо ҳуштаки довар ҳамаи бозингарон якбора бо партофтани ҳадафноки тўб оғоз менамоянд. Ҳангоми бо кулўлаи барф задан тўб ғел мехўрад, аз нав ба «бомбаборонкунӣ» дучор мегардад ва бо ҳамин тарз

дар майдон ҷой иваз менамояд. Агар тўб ба хати рў ба рў ғел хўрад дастаи мухолиф соҳиби 1 хол мешавад. Сипас онро аз нав ба мобайн мегузоранд ва барфпартоӣ идома меёбад.

Агар тўб аз хатти паҳлўӣ берун шавад довар онро дар мобайн дар ҳамон қисмати майдонча, ки аз он берун шуда буд, мегузорад.

Баъд аз 3-5 дақиқаи бозӣ холҳои дастаҳоро ҳисоб менамоянд. Ҳангоми партофтани барфпораҳо зер кардани хате, ки пешакӣ бозингарон кашида буданд мамнуъ аст. Бозингаре, ки огоҳӣ гирифт аз муборизаи минбаъда барканор мегардад.

Барфпораро метавон бо тўбҳои латтагӣ ё теннис иваз намуд. Агар бозингарон зиёд бошанд, он гоҳ дар хатти байн ба ҷои як тўб ду тўб мемонанд. Қоидаҳои бозиҳо чун пеш боқӣ мемонанд. Баромадан бо банд ба қисми «Гимнастика» мансуб аст. Машқҳои ба

боло баромадан қувваи мушакҳои даст ва китфҳо, пуртоқатӣ, чобукӣ, инчунин чолокӣ ва дигар хислатҳои шахсиятро инкишоф медиҳад. Чанде аз машқҳо, ки ба шумо барои азхудкунии тарзи истифодаи бандро бо пойҳо меомўзонанд, пешкаш менамоем.

Қапидан банд бо тарзҳои гуногун (расми 31).: Гиреҳ – ба баландии 2-3 метр баромада, пойҳоро зич кардан лозим аст, бо пойҳо бандро дошта, бо як даст нўги поёни бандро гирифта ва онро ба банд дар сатҳи сина гиреҳмекунанд, дасти дигарро ба пеш дароз менамонд (а);

Рост– дар ҳамон баландӣ, бо ҳаракати даврии пой ба пеш, ба чап ва ақиб бандро дар гирди пой тоб дода, онро бо кафҳои пой қапидан, аз беруни кафи пои чап мегузарад, аз поёни он ва бо болорави пои рост, бандро дар зери каш рост мегиранд ва дастҳоро озод менамоянд (б);

Ҳалук – дар ҳамон баландӣ, пойҳоро ба пеш бардошта ва зич карда, онҳоро ба банд мепечонанд, бо як даст бандро аз поён гирифта, онро аз рон гузаронида ва аз байни пойҳо сар медиҳанд, бандро аз поён бо дасти дигар гирифта ва онро аз байни рони пои дигар партофт, бандро бо як даст медоранд (в).

Барои хуб ба боло баромада тавонистан, бояд қувваи дастонро инкишоф додан зарур аст. Барои ин аз машқҳо бо сангҳои вазнашон 0,5 кг истифода бурдан мумкин аст.

Дар машқи болобароӣ имкон доред ин тарзҳои қапидани банд бо пойҳоро истифода баред (расми 32):

Аз банд қапида бо дастон ба боло кашидан, пойҳоро хам карда ва бандро бо кафи пой ва зонуҳо қапида, пойҳоро рост намуда, бо дастон худро боло кашида ва болотари бандро доштан б).

Инчунин бо дастон аз банд дошта, пойҳоро хам карда бандро бо «кафҳои пой» дошта, пойҳоро рост намуда, бо дастон худро боло бардошт ва аз болотари банд қапидан (г).

Ба сифати машқҳои омодагӣ барои азхудкунии болобароӣ бо банд метавонед машқҳо бо сангҳои вазнашон 0,5 кг, кашидан дар турникҳо, хамшавӣ, хамшавии дастҳо бо такя ва ғайра истифода баред.

Машқҳои акробатӣ. Калимаи «акробатика» дар тарҷума аз юнонӣ маънои бо нўги пой гаштан, боло баромадан дорад. Имрўз таҳти мафҳуми акробатика машқҳои варзишӣ ва пеш аз ҳама машқҳои гимнастикиро мефаҳманд.

Барои акробатика мутамарказияти хуб ва ҳамоҳангсозии тамоми маҳорату малакаҳо, ҳиссиёти хуби инкишофёфтаи мувозинат, қувваи ҷисмонии калон зарур аст.

Ғелхўрӣ ба пеш (расми 33). Аз такяи нишаст, ба пеш хам шуда вазни баданро ба дастҳо гузарондан; онҳоро хам карда ва сарро ба сина хам кардан, пушти сарро ба гилеми гимнастӣ наздик намудан; бо пойҳо тела дода, мулоим ба пеш ғел хўрдан, бо дастон аз қисмати наздикии зонуҳо қапидан.

Ғелхўрӣ ба ақиб (расми 34). Аз ҳолати такяи нишаст, зонуҳо якҷоя, сарро ба пеш хам карда ва манаҳро ба сина зер намуда бо дастон ва пойҳо аз мати гимнастикӣ тела дода ва ғелхўриро ба ақиб иҷро намуд, ҳарчи зудтар кафҳои дастро аз болои сар наздиктар ба китфон гузошт.

Ба дастҳо такя намуда, бо сар ғел хўрдан ва ба ҳолати такяи нишаст гузаштан, яъне ҳолати авваларо гирифтан.

Машқҳои омодакунанда

  1. Ғелхўриҳо ба пеш ва ақибро аз ҳолати такяи нишаста иҷро намудан. 6-8 маротиба.
  1. Ғелхўрӣ бо гузоштани даст назди сар, манаҳро ба сина зер намуда, ба зонуҳо нигоҳ кардан. 6-8 маротиба.

Рост истодан ба сар ва дастҳо (писарон) (расми 35). Бо такяи нишаст дастонро ба гилеми гимнастикӣ (дастҳо дар баробари китфон) маҳкам сохта, сарро дар қисмати болоии он дар пеш мегузорем. Бо тела ё зўри қувва ба боло то ҳолати вертикалӣ бардоштан. Нигоҳ доштани вазни бадан баробар дар се нуқта.

Машқҳои омодакунанда (расми 36):

  1. Аз ҳолати такяи нишаст ҳолати такя ба се нуқтаро (ду даст ва қисми сар) қабул менамоем. Оҳиста пуштро ақиб бурда, пойҳоро рост мекунем, бо нўги пой ба фарш такя менамоем. Сипас пойҳоро бардошта, каме пойро аз фарш ҷудо менамоем. Ҳамин ки шумо ин машқро аз худ намудед, метавонед ба дигараш гузаред.
  1. Рост истодан бо сар ва дастҳо бо пойҳои хамшуда. Аз ҳолати такяҳо ба се нуқта бо тела додани по ҳолати рост истодан ба сар ва дастон бо пойҳои хамшударо қабул намудан.

Вақте, ки шумо дар се нуқта худро нигоҳ доштанро ёд мегиред, метавонед тадриҷан пойҳоятонро ба боло рост намоед.

Баъди азхудкунии ғелхўрӣ ва рост истодан бо сар ва дастон саъй намоед ин фаъолиятҳои ҳаракатиро бо амалиёти акробатикӣ пайваст намоед, фаъолиятҳои ҳаракатии азхуднамудаатонро истифода баред.

Кўпрук аз ҳолати хоб ба пушт бо гардиш ба такяи нишаст (духтарон) (расми 37). Барои иҷрои ин машқ зарур аст, ки ба пушт хобида дастҳоро ба сар наздиктар гузоред ва каме пойҳоро хам кунед.

Бо қувва боло шудан, такя ба дастҳо ва пойҳо намуда хуб хам шурда, пойҳо ва дастҳоро ҳарчи имкон аст наздики якдигар кунед. Бо ин ҳолат 3-4 сония истодан лозим. Сипас, вазни баданро ба дасти рост (ё

чап) гузаронида, ба рост (ба чап) ба ҳолати нишаст тоб хўред. Ҳангоми иҷрои ин ҳаракат лозим аст, барои дар ҳолати афтидан даст осеб набинад, зуд дасти такякунандаро гиред. Ин машқ лозим аст, ки бо кўмак иҷро гардад.

Дар таҷрибаи мактабӣ вазифаи хонагӣ аз варзиш мавҷуд аст. Инҳо метавонанд барои иҷрои машқҳо дастрас бошанд, масалан овезоншавиҳо, такяҳо, кашидан дар турник ва ғайра. Бозиҳои варзишӣ Дар барнома барои омўзиши бозиҳои варзишӣ соатҳои зиёд ҷудо гардидааст. Дар китоби мазкур мо супоришҳои оддӣ ва дастрас медиҳем, ки онҳоро метавон дар мактаб ва хона иҷро намуд.

Баскетбол. Номи бозӣ аз калимаи англисии «баскет» – халта, «бол» – тўб ба вуҷуд омадааст. Асоси бозиҳо дар баскетбол ҳаракатҳои табиии гуногун, давидан, ҷаҳиш, партобдиҳӣ ва доштани тўб ба ҳисоб меравад.

Омезиши комбинатсияҳои техникӣ ва муборизаи пайваста барои тўб барои бозингарон ва тамошобинон шавқу ҳавас ва рағбати калон пайдо месозад. Машғулият бо баскетбол мушаку рагу пайҳо, системаи дилу меъда ва дастгоҳи нафаскаширо мустаҳкам месозад, табдили моддаҳоро дар организм беҳтар менамояд; хислатҳои равонӣ – ҷисмонӣ

ва маҳорату малакаҳоро ба вуҷуд меоварад, ки дар фаъолияти меҳнатӣ заруранд – пуртоқатӣ, ҳалкунандагӣ, чобукӣ, муайянсозӣ, дақиқӣ ва ғайраро ҳосил менамояд.

Тибқи манбаъҳои таърихӣ бозии баскетболро ҳиндуҳои Мексикаихтироъ кардаанд. Баъдан бачаҳои халқҳои мухталифи Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ ба чунин бозӣ шуғл меварзиданд.

Он дар майдонча бо тўбҳои аз каучук сохташуда мегузашт ва асосан хусусияти маросимӣ дошт. Ба бозингарон ба тўб бо кафи дастон расидан иҷозат набуд, валебозӣ кардан танҳо бо оринҷҳо, китфон ва паҳлўҳо мумкин буд.

Техника ва қоидаҳои бозӣ аз он давра то имрўз хеле тағйир ёфтааст. Аввалин дасҳои баскетболӣ на аз 5 нафар, балки аз 9 нафар иборат буд. Баскетболбоз он вақт наметавонист бо тўб ҳаракат кунад, балки бояд зуд онро ба бозингари дигар медод. Ҳоло баскетболбоз тўбро дошта ҳуқуқ дорад на зиёда аз ду қадам гузорад, дар дасташ онро нигоҳ дошта, инчунин метавонад бо тўб дар майдон, ҳатман онро ба фарш зада, ҳаракат кунад. Бозӣ чӣ дар майдони кушод ва чӣ дар толор гузаронида мешавад.

Барои онҳое, ки техникаи бозӣ дар баскетболро хуб медонанд мусобиқа барои фикрронии зуд, таҳаммулнокӣ, партоби дақиқ аст. Одамоне, ки баскетболбозӣ мекунанд, чун қоида қади баланд доранд, аммо бозингарони на он қадар қади баланддошта ҳам метавонанд худро нишон диҳанд, дар бозӣ тезии фикр, техникаи партоб ба ҳалқа, суръати баланди ҳаракаткунӣ дар майдон аҳамияти калон дорад.

Дар бозӣ ту ҳуҷумкунанда ё ҳимоятгар мешавӣ. Агар тўб дар дасти ту ё рафиқони ҳамдастаат бошад, пас ту ҳуҷумкунандаӣ.

Шумо бояд тўбро ба ҳалқаи мухолиф партоед диҳед. Вақте ки тўб дар дасти рафиқони ҳамкомандаатон аст шумо ҳуҷумкунандаи бетўб ҳастед.

Хоҳу нохоҳ ту дар бозӣ иштирок дорӣ, ҳарчанд ки бе тўб ҳам бошӣ: аз ақиби он медавӣ, вақте ки рафиқонат ба ту медиҳанд ё вақте ки тўб аз ҳалқа ба канор мепарад ва ғайра. Ту бояд ба давидан, истоданҳо, ҷаҳидан, доштани тўб ҳамеша омода бошӣ. Ту бояд дар майдон бо ҳамаи омодагӣ ё тайёрӣ истода бошӣ: пойҳо болои зонуҳо хам шуда, як пой ним қадам берун шуда, гардан каме ба пеш хамгашта. Рост пеши худро нигар. Дастҳо ба поён овезонанд (расми 39-41). Тарзи аз ҳама оддии истодан бо қадам. Бо ин тарз истода ду қадам мемонед. Аз рўи қоида дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар тўб дар дастатон бошад.

peshko

Ҳамин тавр каме ба тарафе тоб хўрда қадами пеш аз охирро гузоред кам-кам бо як пой нишинед, ҳамин, ки ту ба замин гузоштӣ . Қадами дарози охиринро гузоштан.

Агар ногоҳ таваққуф кунӣ, хоҳӣ, ки самти давро дигар намоӣ ва аз ҳимоягарон гузарӣ, маслиҳати моро ба хотир биёр: пеш аз таваққуф давиданро суст намо, бо суръати миёна бидав, вақте ки самтро дигар ё иваз мекунӣ, ба пеш якбора баро. Он гоҳ ҳатман ту аз ҳимоягарон раҳо меёбӣ.

Ба барномаи бозиҳои Олимпӣ баскетболи мардона дар соли 1936 ва занона дар соли 1936 дохил карда шудааст. Пас аз маълумотномаи кўтоҳи таърихӣ ба баррасии техникаи машқкунии баскетболистон, ки ба барнома дохиланд, мегузарем.

Усулҳои баскетбол аз як қатор аломатҳо иборат аст, ки асосан тўб додан, доштан, тўбро нигоҳ дошта бурдан, партофтан ба ҳалқа, гардишҳо ва ғайра.

Таваққуф ё ист бо ҷаҳиш. Аз ҳисоби истодан бо ҷаҳиш зарур аст, ки қувваи ҳаракатро боз дорад ва ҳолатеро қабул созад, ки бозингар тавонад ба самтҳои мухталиф давида тавонад. Ин вазъият – ҳолати бо пойҳои хамшуда истодан мебошад. Дар ин ҳолат вазнинии бадан ба пои ба ақибистода мегузарад.

Доштан ва додани тўб ба ҳамдаста бо қадамгузорӣ ва бо ивазкунии ҷой (расми 44). Барои он, ки иҷро карда тавонистани доштан ва додани тўб дар ҳаракатро ёд гиред, лозим аст тарзи қадамгузориро донед.

Дар вақти қадамҳои дароз амали доштан иҷро мегардад, дар вақти қадами кўтоҳ тўбро ба ҳамдастаатон медиҳед, яъне бозингар тўбро сар медиҳад, то ки даводавӣ набошад.

Бурдани тўб бо тағйирдиҳии самт дар ин ҳаракат аломате аст, ки калиди иҷрои он мебошад, – гардиши андом ва ақибгардии якбора ба самтҳои нав.

Машқҳо барои бурдани тўб

  1. Дар ҳоли нишаст, бурдани тўб бо дасти рост, чап – ба чап.
  2. Пойҳо якҷоя истода, каме зонуҳоро хам карда бурдани тўб дар атрофи худ бо дасти рост ва чап. Машқ дар ҳарду тараф иҷро мегардад.
  1. Бурдани тўб бо дасти рост (чап) ҳангоми дави ивазшаванда, бо суръати дави ивазшаванда ва суръатнокии зарбаҳои тўб ба фарш.
  1. Бурдани тўб бо дасти рост (чап) ҳангоми давидан бо баланд бардоштани паҳлуҳо.

Ин машқҳоро шумо метавонед мустақилона дар ҳавлӣ ё мактаб дар дарсҳои иловагӣ иҷро намоед.

Партофтани тўб бо як даст аз ҷой (расми 46). Тўбро бо дасти рост дошта, пойҳоро рост карда ва бо ҳаракати даст ба боло тўбро ба пеш боло тела додан.

Машқҳо барои такмилдиҳии партофтанҳои мазкур

  1. Намоиши партобдиҳӣ. Дар ҳолати асосӣ бозингар панҷаи дасти тўбдорашро дар китф нигоҳ дошта, тўб дар кафаш меистад, ба пеш равона гардидааст. Оринҷҳо хам шудаанд. Хамшавии по якҷоя бо ҳаракати даст бо тўб ба пеш – боло оғоз ёфта ва ҳаракати панҷа ба пеш – ба поён хотима меёбад.
  1. Сафи дуқатора. Партофтани тўб ба боло бо хам кардани пойҳо.

Бо ҳаракаткунии панҷа тўбробозингар ба сафи муқобил мепартояд. Партофтани тўб ба ҳалқа бо ду даст аз сина пас аз бурдан бо баргашт аз тахта (расми 47). Барои тавонистани ин усули партофтани туб лозим аст, ки зарби ду қадамро аз худ намоед. Якум, бо қадами дароз тўбро бо ду даст медоред ва ба сина мекашед. Дуюм, бо қадамҳои кўтоҳ, дар паҳлўи тахта қарор гирифта тўбро ба ҳалқа мепартоед. Пас аз партофтан бозингар озодона аз таги тахта давида мегузарад.

Бозиҳои серҳаракат барои мусоидати ҳалли бомуваффақияти вазифаҳои махсуси омодагии варзишӣ ва такмили омодакунии умумии ҷисмонӣ истифода бурда мешавад. Мо ба шумо баъзе аз онҳоро пешниҳод менамоем.

Бозиҳо: «Тўб ба бозингари чолок», «Тўбро дода нишастан», «Партофтан ба ҳалқа», «Бозӣ бо тўб», «Ба бозингари даванда тўб надиҳед».

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …