Главная / Илм / МАШҒУЛИЯТИ СПОРТӣ

МАШҒУЛИЯТИ СПОРТӣ

mashguliyati-sportiМАШҒУЛИЯТИ СПОРТӣ. Ҳангоми мунтазам бо варзиш машғул шудан, дар организми одам тағйироти морфологӣ ва физиологие ба амал меояд, ки фаъолияти тамоми узву бофтаҳоро тақвият мебахшад. Дар натиҷа муқовамати организм ба таъсири омилҳои номусоиди муҳит ва мутобиқати он ба таҳмили гуногун афзуда, ҷисми одам нағз инкишоф меёбад. Дар ин тағйирот, ки ба М. с. вобаста аст, системаи асаб мавқеи муҳим дорад. Қувваи ҳаракат ва тавозуни фаъолияти асаб, ҳамчунин суръати аксуламали муҳаррикӣ хеле зиёд мешавад; фаъолияти узвҳои даррок такмил меёбад; миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хун меафзояд; дар мушакҳо, майнаи сар, мушакҳои дил захираи моддаҳои энергетикӣ зиёд мешавад. Узвҳои такяю таҳрика низ тағйир меёбанд: устухон ва бандҳо мустаҳкам, миқдор (масса), ҳаҷм ва неруи мушакҳо зиёд мегардад.
Ҳангоми М. с.-и мунтазам мушакҳои узвҳои нафаскашӣ инкишоф ёфта, ҳаҷми шуш калон мешавад. Нафаскашӣ чуқур ва нафасбарорӣ бардавом мегардад. Дил дар шароити хеле мусоид кор мекунад; ба ҳадди афзудани неру суръати кашишхӯрии дил каме суст мешавад, ки далели кори хуби он аст.
Шарти асосии М. с. ба варзиши ҷисмонӣ тадриҷан бештар ва мунтазам машғул шудан аст. Чунончи, дар марҳалаи аввал дар як ҳафта 2 – 3 маротиба машғулият гузаронида, минбаъд фосилаи байни онро кам мекунанд. Варзиши ҷисмониро, одатан, дар байни соатҳои 10 – 13 ва 18 – 21, на бештар аз 2 – 2, 5 соат баъди наҳорӣ ва 3 – 3,5 соат баъди хӯроки пешин мегузаронанд. Хӯрокро бояд баъди 30 – 45 дақ. варзиши ҷисмонӣ истеъмол кард. М. с. – и шабона бояд 2 – 3 соат пеш аз хоб ба анҷом расад.
Тайёрии ҳаматарафаи варзишгар дар рафти М. с. хеле муҳим аст. Аз ин рӯ дар рафти М. с. пайваста ба гимнастика, варзиши сабук, бозиҳои спортӣ ва ғ. низ бояд машғул шуд. Ба варзишгар кашидани тамоку ва нӯшидани шароб қатъиян манъ аст. Дар аввал ҳатто миқдори ночизи никотин ва шароб гӯё касро ба ҳаяҷон меорад (пурқувват мекунад), вале сипас якбора фаъолияти системаи асабҳои марказӣ халалдор ва қобилияти корӣ суст мешавад.
М. с. – и номунтазам манфиат надорад, зеро қувва ва устувории мушакҳо фақат ҳангоми машғулияте, ки одам аз он хаста мешавад, зиёд мегардад. Дар аввали М. с. хастагӣ нисбат ба М. с.-и минбаъда бештар ба мушоҳида мерасад. Дар рафти М. с.-и мунтазам ва дуруст хастагии зиёд набояд рӯй диҳад. Чунонки маълум аст, варзишгар ҳар қадар зиёдтар машқ кунад, машқҳои вазнини ҷисмониро ҳамон қадар бештар иҷро карда метавонад. Вале ҳаҷми сарбории ҷисмонӣ набояд зиёд бошад. Барои варзишгар истироҳате, ки ба барқарор шудани қобилияти корӣ мусоидат мекунад, хеле зарур аст. Вайрон шудани таносуби вақти корӣ ва барқарорсозии неруи организм мумкин аст боиси хастагӣ ва иштидоди барзиёд гардад; дар мавриди ба ин гуна ҳолатҳо дучор омадан, ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард.
Хастагии барзиёд бар хилофи хастагии физиологӣ боиси ба муддати дароз костани қобилияти корӣ мегардад. Ҳангоми хастагии барзиёд одам заиф гашта, аз иштиҳо мемонад, мутобиқати ҳаракат суст, шахс бақувват ва камтоқат мешавад. Барои бартараф намудани ин ҳолат муваққатан тартиби М. с. – ро бояд дигар кард. Ғизои сервитамин, хоби бароҳат ва тартиби дурусти зист (таҳсил, меҳнат, истироҳат) ба зуд барқарор шудани қувва мусоидат менамояд.
Агар дар мавриди пайдо шудани нишонаҳои аввали хастагии барзиёд кас ба духтур муроҷиат накунад ва чораҳои зарурӣ набинад, мумкин аст машқзада шавад. Дар ин маврид вазъи умумии организм бад шуда, одам бехобӣ мекашад, тундмизоҷ, рӯҳафтода мегардад, қобилияти корӣ кам мешавад. Асоси ҳолати машқзадагӣ заъфи фаъолияти олии асаб аст. Баъзан варзишгар ҳатто нисбат ба тамрини минбаъда нафрат ҳис намуда, мумкин аст дар атрофи дил эҳсоси нохуш пайдо шавад. Одатан, варзишгар аз кам шудани миқдори моддаҳои нерубахши организм лоғар мегардад. Қувваи муҳофизи организм заъф меёбад; дар натиҷа баъзе бемориҳо аз худ дарак медиҳанд (хоса амрози шадиди роҳи нафас). Баъзан давраи ҳайзи занон ихтилол меёбад. Дар ин маврид бо тавсияи духтур 1 – 2 ҳафта метавон миқдори машқҳои серҳаракат ва зӯрталабро кам кард, машқҳоро дар ҳавои кушод (боғ, ҷангал, лаби об) гузаронд. Сайругашт дар ҳавои кушод, оҳиста-оҳиста давидан, шино кардан хеле муфид аст. Барои одам 1 – 3 ҳафта истироҳати фаъол аҳамияти калон дорад. Дар ин маврид ӯ бояд фақат ба варзиши пагоҳирӯзӣ машғул шавад, кам-кам давад, шино кунад. Дар сурати риоя накардани ин тавсияҳо раванди барқарор шудани неруи корӣ 1 – 2 моҳ тӯл мекашад. Агар варзишгар аз ҳад зиёд машқзада шуда бошад, он гоҳ ӯро дар беморхона табобат мекунанд. Ҳангоми машқзада шудан, иштирок дар мусобиқаҳо қатъиян манъ аст.
Дар давоми М. с. назорати доимии духтур зарур аст. Варзишгар бояд аз вазъи саломатии худ ҳамеша бохабар бошад.
Ад.: Спортивная медицина, М., 1984; Дембо А. Г., Врачебный контроль в спорте, М., 1988; Лечебная физическая культура, М., 2005; Лечебная физическая культура в педиатрии, Пермь, 2005.
Е. Ғ. Алиева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …