Главная / Варзиш / Машқҳои акробатикӣ

Машқҳои акробатикӣ

Барои дуруст иҷро намудани машқҳои акробатикӣ, бояд нишаста хобида ва дар ҳолати нимнишаста ин машқҳоро иҷро карда тавонем.

Машқҳоро дар рӯи гилемча ичро кардан лозим аст.

Ба тарафи пеш чаппагардон шудан (расми 31). Машқхо аз холати омодагӣ ба нишастан ичро мешаванд. Пас аз ба ҳолати дуруст истодан, ба пойҳо такон диҳед. Манаҳро ба қафаси сина ҷафс намуда, сипас, ба холати аввала баргардед.

Расми 31
Расми 31

Ба тарафи қафо чаппагардон шудан. Ҳамчунон аз ҳолати омодагӣ ба нишастан гузаштан мебояд. Пас аз ҳолати дурустро қабул намудан бо дастҳо аз замин такон гир, ба қафо ғелида, зуд кафи дастро ба паси cap ба замин, ҳар чӣ наздиктар ба китфҳо гузор. Ба дастҳо такя намуда, аз болои cap гелида ба ҳолати аввала омадан лозим аст.

Рост истодан дар болои шонаҳо. Дар ҳолати хобидан бо тахтапушт иҷро карда мешавад. Охиста-оҳиста бадан ва пойҳоро ба боло бардо- ред. Дастҳоро дар зери миён гузошта, бадан ва пойҳоро рост кунед.

Овезон шудан бо тахтапушт ба девораи гимнастикӣ дар ҳолатҳои хобида; ба дастҳо такя карда; ба зонуҳо такя карда; пойҳоро қат кар овезон шудан қоматро кашида пойҳоро дар холати овезон бардошт лозим аст.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Узвҳои асосии бадани инсон

Бадани худро биомуз

Барои он ки шуғл варзидан ба варзиш барои шумо танҳо фоида- бахш бошад, бояд бадани …