Главная / Гуногун / Марокаш дар асри XIX

Марокаш дар асри XIX

Ҳанӯз дар асри XVIII Фаронса ва Испания бо султони Марокаш созишнома баста, ҳуқуқҳои тоҷирон  ва намояндагони ин давлатҳоро васеъ карданд. Дар қаламрави Марокаш Австро-Венгрия, Англия, ИМА, Нидерландия, Белгия ва баъзе давлатҳои дигар низ хуқуқҳои таслимкорӣ гирифтанд. Пекин дар ишғол кардани Марокаш Фаронса фаъолтар буд. Вай аз соли 1870 cap карда минтақаҳои ба Алҷазоир ҳамсарҳади Марокашро паси ҳам забт мекард. Вале ба амалӣ шудани нақшаи Марокашро забт кардани Фаронса давлатҳои абарқудрати дигари Европа муқобилият нишон медоданд. Барои ҳамин оид ба масъалаи Марокаш соли 1880 дар Мадрид конференсияи байналхалқӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни он “истиқлолият”- и Марокашро кафолат доданд. Дар баробари ин қарор карда шуд, ки дар идораи ин давлат бе иҷозати тарафҳои манфиатдор ягон тағйироте даровардан мумкин нест. Ин конференсия қарордоди умумиеро кор карда баромад, ки он режими таслимкуниро нисбат ба Марокаш васеъ кард. Бо ин қарордод ҳуқуқи ба даст даровардани замин дар Марокаш ва дар ин мамлакат доштант моликияти ғайриманқулро ҳамроҳ карданд. Ҳамин қисмати қарордод нисбати ҳамаи иштирокчиёни конференсия паҳн карда шуд, аз он ҷумла нисбати Германия, Португалия ва Русия ҳам, Конференсияи соли 1880-и Мадрид дар амал мақоми ниммустамликавии Марокашро тасдиқ намуд.

220px-war_in_morocco_death_of_spanish_general_margallo

Соли 1887 Англия, Италия, Австро-Венгрия, Испания ва Германия Созишномаи дигареро ба имзо расониданд, ки бар зидди даъвоҳои Фаронса нисбати Марокаш равон карда шуда буд. Дар навбати худ Фаронса ишғоли Марокашро вазифаи наздиктарини худ ҳисобида, охирҳои асри XIX – оғози асри XX барои амалӣ шудани ин мақсад тайёрии фаъолонаи дипломатиро оғоз намуд.

Муборизаи Фаронса барои ба пуштибонии худ даровардани Марокаш то соли 1912 идома ёфт. Ҳамон сол султони Марокаш Мулаӣ Ҳафид маҷбур шуд ба шартномае имзо гузорад, ки он пуштибонии Фаронсаро бар Марокаш муқаррар менамуд.

Муқаррар намудани пуштибонии Фаронса Марокашро на танҳо аз истиқлолият маҳрум кард, балки якпорчагии онро низ аз байн бурд. Мувофиқи Созишномаи соли 1912-и Фаронса ва Испания минтақаи шимолии Марокаш таҳти пуштибонии Испания қарор гирифт.

Вале халқи Марокаш ба режими мустамликавии ватани худ тан надода, муборизаи озодихоҳонаро давом медод. Ба империалистони Фаронса лозим омад, ки бар зидди халқи Марокаш муддати дуру дароз ҷанги хунхорона барад, то ки ин давлатро ба худ тобеъ кунонад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …