Главная / Илм / МАРМИНҶОН

МАРМИНҶОН

Лесная ежевика

Баргашро кӯфта гузошта банданд, захмҳои сарро хушк мекунад, чашми аз косахонааш баромадаро, ки дар тибби қадим ҷуҳуз-ул-айн меноманд, ба ҷояш мебарад. Усораи мармиҷон, яъне оби барг ва пояи тару тозаи дар офтоб ғафсгардонидаашро бо андак шилми бодомҳо даромехта гузошта банданд, ҳамаи бемориҳои гарм ва сарди чашм, хусусан захм, обравӣ, нохунак ва варами бардамидагии чашмро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, решҳои милки дандон, сустии милк, пухтан ва бадбӯйии даҳан ва ҷароҳатҳои нави онро шифо мебахшад ва хоидани меваи пухтагии он низ ҳамчунин таъсир дорад. Оби барг ва пояи тару тозаи онро бо андак шилми бодомҳо даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад ва қай кардани хунро манъ мекунад, исҳолро мебанданд ва моддаҳои нодаркор, инчунин бавосирро манъ месозад.

marminjon-300x225Барг ва самарашро дар об ҷӯшонида, он обро бо гулоб якҷо карда, дар рӯзҳои омадани ҳайз биёшоманд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Гулашро бихӯранд ҳам исҳолро мебандад. Баргашро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, меъдаро қувват, мебахшад ва бавосирро, ки хун аз он равон бошад, фоида дорад.

Оби барги Мармиҷонро дар соя хушк карда бихӯранд, қувваташ зиёда мегардад. Мевааш қабзкунандатарин назар ба қисмҳои дигари ин гиёҳ аст. Агар инро бихӯранд, рӯдаҳоро қувват мебахшад. Решаашро кӯфта, чун талқон бо об бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезонад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад, реши хӯрандаро аз афзудан нигоҳ медорад, мӯрчагазакро шифо мебахшад, решҳои давандаро аз ҳаракат бозмедорад. Усораи оби самари мармиҷон, яъне оби самари онро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, решҳои тарро хушк мекунад ва аз онҳо равон шудани рим ва рутубатҳоро манъ месозад. Гулашро ҳам кӯфта гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Барг ва шохҳои борики тари онро кӯфта гузошта банданд, харошида шудани ронҳоро, ки дар ҳангоми сафар ба ҳам расида бошад, шифо мебахшад. Барг ва самари онро пухта ба сар бимоланд ё гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мекунад ва дар ин бобат ин ранги хубест. Нақл аст, ки ҳар кас баъди ҳар мартаба ҳаммом кардан бо оби ин пойҳои худро бишӯяд, мӯяш сафед намегардад.

Истеъмоли мармиҷон ба дарун барои гурдаҳо зарарнок аст давои ин зиёнаш шакар хӯрдан мебошад. Миқдори як бор хӯрдан аз оби барг ва мевааш ва аз гули он, ки дар офтоб ғафс карда бошанд, яъне аз усораи барг, мева ва гулаш то 10, 5 грамм аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …