Главная / Без рубрики / Маркази тиббии Насл (15 сурат)

Маркази тиббии Насл (15 сурат)

Маркази Тиббии Насл – бо технологияи пешрафта дорои имкониятхои ташхис ва табобати тамоми намуди безуриёти, беморихои занона ва мардона, беморихои бо рохи алокаи чинси сироятшаванда имконияти татбики крионконсервативатсияи тухмхучайрахо ва чанин дар зинахои аввали рушди он ташхиси кисмати зиёди беморихои ирси, назорати рафти чараёни хомиладори, бо сифати баланд гузаронидани тамоми амалиётхои эндовидеочарохи (лапороскопи ва гистероскопи) табобат бо истифода аз технологияи лазерии баркарорсозии солимии реппродуктиви мебошад.

zdanie-nasl

Насл ин – Аввалин муассисаи репродуктологи дар Точикистон !

Маркази табобатти бо номи Насл дар хамкории зич бо маркази тиббии Исроил ва маркази ЭКО-Казокистон (шахри Алматои Чумхурии Казокистон), Маркази тиббии Сарем-и шахри Техрони Чумхурии исломии Эрон дар пойтахти мамлакат – шахри Душанбе 15уми октябри соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда дар он аз мохи марти соли 2012 аввалин барномаи хомиладоркуни дар шароити лабаратори ((барномаи ЭКО) татбик карда шуд.

Насл

Айни замон дар ин марказ бештар аз 1000 амалиёти эндовидеочаррохи (лапроскопи ва гистероскопи) гузаронида шуда зиёда аз 100 барномаи ЭКО ва ЭКО ИКСИ татбик карда шудааст ва даххо нафар оилахои муштоки фарзанд сохиби ин неъмати илохи гардидаанд.

Натичахои мусбии барномахои ЭКО ва ЭКО ИКСИ дар солхои 2012-2018 аз 28% то ба 50% омада расид.

Ба маркази тиббии насл мурочиат намуда шумо метавонед:

  1. Машварат ва муоинаи тахассусии духтурони акушер-гиниколог / реппродуктолог, уролог/андролог, терапевт, ва психологро бигиред;
  2. Аз муоина ва ташхис гузашта сабабхо ва омилхои занонаю мардонаи нозоиро муайян намое;
  3. Бо истифода аз технологияи кумакрасони репродуксиони аз чумла барномаи ЭКО, ЭКО-ИКСИ, МЕЗА ва ТЕЗА хомиладор бишавед;
  4. Беморихои занона ва мардонаи ба узвхои чинси алокамандро бо усулхои консервативи ва чаррохи табобат намоед;
  5. Барои табобат аз усулхои эндовидеочаррохи аз чумла лапороскопи ва гистероскопи истифода намоед;
  6. Барои баркарорсозии саломатии хеш амалиётхои пластикии чаррохи ва лазери гузаронед.
  7. Бо истифодаи муосиртарин тачхизотхои тибби муоинаи видеоколпоскопи гузашта паталогияи гарданаки бачадонро муоина намоед;
  8. Дар муосиртарин тачхизотхои лабаратори тамоми сироятхои бо рохи алокаи чинси сирофтшавандаро ташхис намоед;
  9. Тухмхучайрахои чинси ва тухмхои бордоркардашудаи хешро барои ояндаи дуру наздик криоконсерватсия намоед;
  10. Чараёни хомиладории наздиконатонро муоина , назорат ва оризахои пешомадро рафъ намоед.
  11. Дар табобати беморихои генетали ва урогенитали аз имкониятхои технологияи лазери истифода баред;
  12. Барои муайян кардани беморихои ирси (модарзоди) аз ташхиси кариотипкунони гузаред;
  13. Аз технологияи ташхиси ДНК барои муайянсозии волидайн истифода баред.

Насл

Ин муассисаи гайри давлати буда дар он зиёда аз 20 нафар кормандон фаъолияти касби мекунанд. Барои беморон шароити шабонаруз дар бистархои катдор хизматрасони кардан ва барои хурдани хурок ошхона мухаё карда шудааст.

Имкониятхои маркази тиббии Насл айни замон беназиранд:

Дар маркази НАСЛ аз муосиртарин дастовардхои илми тиб дар сохаи наслофари ва чадидтарин тачхизотхои тибби, ба монанди дастгоххои ултрасоади эндовидео-колпоскопи, криочарохи, дастаи асбобхои лабаратории ЭКО ИКСИ, криолабаратори, микроскопхои Ecilipse Ti-S, Nikon Elipse 50i, Nikon SMZ-1500 ва эндовидеопайкараи ЭЛИПС, асбоби лазерии «Eraser-C» -и фраксиони – яъне технологияи сканерии истифодаи нурихои лазери, ЭХВЧ (чаррохии фармомавчи) инчунин аз тачхизотхои лабаратории ИФА ва ПСР истифода бурда мешаванд.

nasl-6

Мутахассисони муасиса дар дохили кишвар ва инчунин дар бехтарин клиникахои Чумхурии Исломии Эрон, Руссия, Казокистон ва Изроил малакаи касбиашонро такмил доданд.

Ба таври хамасола дар марказ бо иштироки олимони шинохтаи дунё дар сохаи реппродуктологи ва эмбриологи аз Исроил (Телавив), Россия (Москва) ва аз Казокистон (Аламаато) дарсхои омузиши гузаронида мешаванд.

Насл барои шумо хизмат менамояд!

nasl-12

Сурога ва тамос:

Шахри Душанбе, кучаи Шерализода 2. Назди бозори Ёвар. Махалаи Автовокзал.

Телефонхо: 93-500-65-71, 91-553-75-75, 938-52-59-00, 250-20-10.

Сомона: www.nasl.tj

nasl-10 nasl-9 nasl-8 nasl-7 nasl-2 ceni cena-nasl

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Бо забони тоҷикӣ

Повести «Одина»

Асари Садриддин Айнӣ бо номи «Одина» ин китобест, ки дар бораи як писарбачае, ки як …