Главная / Гуногун / Китоби Асосҳои маърифати Исломӣ

Китоби Асосҳои маърифати Исломӣ

 

Хонандагони гиромӣ! Мо ин китобро “Асосҳои маърифати исломӣ” ном гузоштаем. Мазмуну мундариҷа ва муҳтавои он аз даъват ба имон ва ибодати Парвардигор иборат аст. Дар ҳақиқат беимонӣ, ҷоҳилӣ, гумроҳӣ ва гуноҳкорӣ чун торикии дашатангез ва беморие мебошанд, ки раҳоӣ ва табобати онҳо дер даст дода, ба инсон дар дарк намудани ҳақиқати дин ва воеъияти атроф ҳамеша халал мерасонанд. Мадади ин китоб ба хонандагон додани маърифатест, ки тавассути он битавонанд аз ин торикӣ ва маризӣ раҳоӣ ёфта, ба қуллаҳои нурбори имон бирасанд.

Одами аз дин ноогаҳу бехабар ва ба Холиқи азалӣ боварӣ надошта, низ бисёр чизҳоеро мебинад, ки онҳоро қабул надорад, вале намедонад, ки чӣ гуна ин чизҳоро тағир диҳад ва бо тадриҷ ба онҳо созиш ва одат намуда, худ ба корҳои номақбул даст мезанад. Барои чунин одам майхорагӣ ва дигар одатҳои бад як рафтори муқаррарӣ гашта, бо ин муносибати беэҳтиромонаи худ нисбати атрофиён, зану фарзандон кам диққат медиҳад. Барои чунин одам ранҷонидан ва ҳатто таҳқири волидайн кори мушкил нест. Суханони қабеҳ ва фаҳш барои ин гуна одамон “забони модарӣ” гардида, сарҳади миёни некию бадӣ барояшон ҳеҷ вучуд надорад. Онҳо чизеро ки имруз мақбул ва нек медонанд, пагоҳ метавонад, онро инкор намоянд ва ё баръакс. Ҳаёти онҳо ҳамин тавр мегузарад, худ бехабар аз он ки дар пеш барои кирдорашон ононро ҳисоботи сангине интизор аст.

koran_muslimbookИмон ба Парвардагори халқкунандаи кулли мавҷудот ба инсон дар ин ҳаёт ва ҳаёти оянда (Охират) хушбахт ҳадя мекунад. Инсони боимон хуб медонад чи чиз некӣ ҳисобида мешавад ва сайъ мекунад онро ҳамеша анҷом бидиҳад. У инчунин медонад бадӣ чист ва кушиш мекунад, то аз он дурӣ ҷӯяд.

Дин ин назарияе нест, ки ҷои он танҳо саҳифаи китобҳо бошад. Дин амалест, ки ҷои он дар ҳаёти ҳамаруза холист. Дин ба инсон изҳори муҳаббат ва парастиш ба Парвардагор ва халқкунандаи ин олами зеборо меомузонад. Одами боэътиоду боимонро ҳангоми назарафканӣ ба маҳсули эъҷози Худованди хеш баҳрҳо, дарёҳо, наботот, ҳайвонот, ситораҳо, сайёраҳо ҳузуру ҳаловат ва роҳати аҷоибе фаро мегирад.

“Ҳамоно Худо ба инсофу некукорй ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва бедодӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳаддо бувад, ки шумо пандпазир шавед”.

“…ва азХудо битарсед. Ба дурустӣ, ки уқубати Худо саҳл аст”. “Бигу: “Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд? Ҷуз ин нест, ки соҳибхирадон пандпазир мешаванд”.

“Ва панде деҳ ҳар оина панд додан муъминонро суд мебахшад”.

“Ва мардону занони муъмин корсози якдигаранд, ба кори писандида мефармоянд ва аз кори нописандида манъ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закотро медиҳанд ва ба Худову расули у фармонбардорӣ мекунанд. Худо бар онҳо раҳм хоҳад кард. Ба дурустӣ ки Худо Ғолиби Дурусткор аст”.

“Ва бар некукорй ва парҳезгорй бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед…»

“Қасам ба замон, ҳар оина одамӣ дар зиён аст, магар онон, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд ва якдигарро ба (дини) ҳақ васият карданд ва якдигарро ба шикебоӣ васият карданд”.

“Ва ин роҳи рости Ман аст, пас, онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣ макунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад! Ин аст он чӣ Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, Tо шояд, ки шумо парҳезгорӣ кунед”.

“Ҳароина, некуӣ чизе аст, ки Худо бо он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ, ки Худо Шунавои Биност”.

Дин ба инсон дуст доштани падару модар, зану фарзанд ва бародарони ҳамдинро меомузонад. Бо иродаи Аллоҳ Таъоло ва доншои динӣ инсон ба кардани гуноҳ хотима дода, худ аз худ, аз души хеш ин бори гаронро дур мепартояд. Инсон баъди фарогирии маърифати динӣ, бо як шавқу завқи ғайриоддие дар пеши Холиқи азим зону қад намуда, ба ибодат шуруъ мекунад. Беҳтарини ибодат намози панҷвақта буда, ба инсон изои маънавӣ ва нашъу намои руҳӣ медиҳад.

Ба мададу ёрии Рамазон инсон покию погизагии рӯҳу танро идома медиҳад.

Тавассути закот он ба бародарони ҳамдини худ ғамхории худро изҳор менамояд. Ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷ у ба миллион одамони ҳамаслаки худ пайваст гардида, дар як ҳолати руҳонӣ қарор гирифта, ба Холиқи азим Аллоҳи Таъоло шукронаи худро ба он хотир ифода менамояд, ки у ба одамон имконияти сазовори қадр кардани мукофотҳояш; намоз, имон, руза, закот ва ғайраро додааст.

Бародарон ва хоҳарони азиз! Мо умедворем , ки шумо ин китобро хонда, мутолиа ва онро ба шиносу наздикони худ, ки шумо ҳамеша некии онҳоро мехоҳед, маслиҳат медиҳед. Мумкин аст Аллоҳ Таъоло ба василаи ин китоб ба онҳо роҳи ҳақиқиро нишон медиҳад ва онҳо аз ин китоб манфиат хоҳанд бардошт. Чихеле, ки мегуянд, шахси нишондиҳандаи роҳи некуӣ ба некукор монанд аст. Умедворем, ки шумо дар ҳаққи онҳое, ки дар кори таълиф ва омода кардани ин китоб машғул буданд, суи даргоҳи Аллоҳ Таъоло дасти дуо боло менамоед. у илтиҷои шуморо беҷавоб намемонад, зеро ки у Бинанда ва Шунаванда аст.

Ҳамду сипос ва ситоиши беҳад Аллоҳ Таъоло Парвардигори оламиёнро, ки мо аз у мағфирату омурзиш мехоҳем ва дуруду саломи Аллоҳ Таъоло бар Паёмбар Муҳаммад (с) ва хонадону ёрону пайравони у бод.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …