Главная / Биология / Марҳилаҳои мубодилаи энергетикӣ

Марҳилаҳои мубодилаи энергетикӣ

Мубодилаи энергетикиро одатан ба се марҳила ҷудо мекунанд. Марҳилаи якум – марҳилаи тайёрӣ мебошад. Дар ин марҳила молекулаҳои ди – ва полисахаридҳо, чарбҳо, сафедаҳо ба молекулаҳои хурд, глюкоза, глитсерин ва кислотаҳои равғанӣ, аминокислотаҳо; малекулаҳои калони кислотаҳоинуклеинат ба нуклеотидҳо таҷзия мешаванд. Дар марҳилаи мазкур энергияи кам хориҷ шуда, дар намуди гармӣ пароканда мегардад.

Марҳилаи дуюм-марҳилаи беоксиген ё нопурра аст. Он инчунин нафаскашии анаэробӣ (гликолиз) ё туршшавӣ низ номида мешавад. Истилоҳи «туршшавӣ»-ро одатан нисбат ба равандҳое, ки дар ҳуҷайраи микроорганизмҳо ё растаниҳо мегузаранд, истифода мебаранд. Моддаҳои дар ин марҳила ҳосилшуда бо иштироки ферментҳо ба таҷзияи минбаъда дучор мегарданд. Масалан, дар мушакҳо дар натиҷаи нафаскашии анаэробӣ молекулаи глюкоза ба ду молекулаи кислотаи пироангур (С3Н4О3) таҷзия шуда, сипас, то ба кислотаи шир (оксипропионат) (С3Н6О3) барқарор мешавад.

Дар реаксияҳои таҷзияи глюкоза кислотаи фосфат ва АДФ иштирок менамоянд, ки онро дар намуди маҷмўи чунин ифода кардан мумкин аст:

C6H12O6 + 2H3PO4 + 2AДФ 2С3H6O3 + 2АТФ + 2H2 > O

Дар занбўруғҳои хамиртуруш молекулаи глюкоза бе иштироки оксиген ба спирти этил ва оксиди карбон (IV) мубаддал мешавад (ин равандро туршшавӣ ё ҷўшхўрии спирт меноманд):

C6H12O6 + 2H3PO4 + 2AДФ 2С2H5OH + 2CO2 + + 2АТФ + 2H2O >

Дар микроорганизмҳои дигар гликолиз мумкин аст бо ҳосил гаштани атсетон, кислотаи атсетат ва ғайра анҷом ёбад. Дар ҳар маврид таҷзияи як молекулаи глюкоза бо ҳосилшавии ду молекулаи АТФ мегузарад. Ҳангоми бе оксиген таҷзия шудани глюкоза дар молекулаи АТФ ба намуди банди химиявӣ 40% энергия нигоҳ дошта шуда, боқимондаи он дар намуди гармӣ пароканда мешавад.

Марҳилаи сеюми мубодилаи энергетикӣ – марҳилаи нафаскашии аэробӣ ё таҷзияи оксигенӣ мебошад. Реаксияҳои ин марҳила низ бо ферментҳо тезонида мешаванд. Ҳангоми ба ҳуҷайра дохил шудани оксиген моддаҳои қаблан ҳосилшуда то маҳсулоти охирин – об ва оксиди карбон (IV) оксид мешаванд. Нафаскашии оксигенӣ бо хориҷ шудани миқдори зиёди энергия ва дар молекулаи АТФ захира гаштани он мегузарад. Муодилаи реаксияи суммавии нафаскашии аэробиро ба тариқи зайл ифода кардан мумкин аст:

> 2С3Н6О3 + 6О2 + 36Н3РО4 + 36АДФ 6СО2 +38Н2 О + 36АТФ

Ҳамин тавр, дар вақти оксид шудани ду молекулаи кислотаи шир 36 молекулаи АТФ ҳосил мешавад. Пас, маълум мешавад, ки роли асосиро дар таъмин намудани ҳуҷайраҳо бо энергия нафаскашии аэробӣ мебозидааст.

Вобаста ба қобилияти қабул намудан ё худ гирифтани энергия организмҳо ба ду гурўҳ-автотрофӣ ва гетеротрофӣ ҷудо мешаванд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …