Главная / Биология / Марҳилаҳои асосии инкишофи олами наботот

Марҳилаҳои асосии инкишофи олами наботот

Аз рӯи омӯзиши қабатҳои кадимтарини қишри Замин, акс (нақш) ва боқимондаи сангшудаи набототу ҳайвоноти қадим олимон ба хулосае омаданд, ки Замин тақрибан 4,5 — 5 миллиард сол муқаддам вуҷуд доштааст.

saraxsТақрибан 2,5 миллиард сол пеш дар рӯи Замин ҳаёт вуҷуд дошт. Дар он давраҳо тадриҷан пайвастагиҳои нисбатан мураккаби органикӣ пайдо мешуданд. Аввалин организмҳои якҳуҷайра аз давраи мо хеле дур, тақрибан 1,5-2 миллиард сол пеш, дар муҳити обӣ пайдо шудаанд. Тақрибан 2 миллиард сол муқаддам орга- низмҳои гуногуни якҳуҷайрагӣ, ки аз якдигарашон бо шакл ва тарзи ғизогирӣ фарқ мекарданд, пайдо шудаанд. Баъзе аз ин организмҳо моддаҳои тайёри органикиро ғизо мегирифтанд, дигарашон бошанд, пигменти хлорофилл доштанд ва қобилияти бо ёрии нерӯи офтоб аз гази карбонат ва об (моддаҳои ғайриорганикӣ) ҳосил кардани моддаҳои органикиро (канд, оҳар) доштанд. Яъне, онҳо организмҳои фотосинтезкунанда буданд. Ва онҳо ба обсабзҳои якҳучайра монанд буданд.

Ба туфайли организмҳои якҳуҷайра ва амалӣ гардидани ҷараёни фотосинтез таркиби ҳавои муҳит ба куллӣ тағйир ёфт. Вай аз оксиген хеле бой гардид. Аз он вақт сар карда, таркиби ҳаво ба ҳавои имрӯза тадриҷан монанд мегардид (таркиби ҳаво аз нитроген, оксиген ва андак гази карбонат иборат буд). Чунин таркиби ҳаво ба инкишофи аксари мавҷудоти зиндаи нисбатан олиташкили он давр хеле мусоид буд.

Организмҳои аввалини якҳуҷайра ядро ва пластидҳои ташаккулёфта надоштанд. Фақат 1,5 миллиард сол пеш организмҳои якҳу- ҷайраи ядродор пайдо шудаанд. Инчунин, дар ҳамин давраҳо ҳуҷайраҳои дорои ядрои ҳақиқидори наботот ва ҳайвонот пайдо шуданд.

Тақрибан 1 миллиард сол пеш аз ин дар шароити баҳру уқёнусҳои қадим аз обсабзҳои якҳуҷайра обсабзҳои гуногуни бисёрҳуҷайра ба вуҷуд омадаанд.

Ҷойгирӣ ва масоҳати қитъаҳои замин бо мурури замон доимо дар тағйироту инкишофёбӣ буданд. Ба чои қитъаҳои пештар ву- чуддошта, ки зери об монда буданд, қитъаҳои нав пайдо мешуданд. Аз таъсири ҷунбиши қищри Замин дар ҷои баҳрҳо хушкӣ пайдо мешуд.

darxt

Дар алоқамандӣ ба дигаргунӣ ва шароитхои мавҷуда ҳаёт тадриҷан мураккаб мегардид. Тақрибан 400 миллион сол пеш аз ин аввалин растаниҳои рӯизаминӣ ушна ва псилофитшаклон ба вуҷуд омаданд. Ушна ва псилофитшаклон новобаста аз ҳамдигарашон мустақилона аз обсабзҳои гуногуни бисёрҳуҷайраи сабз ин- кишоф ёфтаанд.

Псилофитҳо (дар мисоли риния) растаниҳои хур- ди серхуҷайраи сабзи алафӣ буданд, ки дар соҳили обанборҳо, ҳавзҳо ва кӯлҳои хурд (ба монанди растании ғешаи ҳозира) нумӯ мекарданд. Дар ин растаниҳо ҳоло реша, навда дида намешуд. Риния аз пояи хурди шохарондаи силиндршакл иборат буд. Аз қисми поёнии поя ризоидҳои бисёре баромада, онро дар хок мустаҳкам нигоҳ медоштанд. Дар онҳо ризоидҳо вазифаи решаро иҷро мекарданд. Қисми рӯизаминии риния ранги сабз дошта, вай ба туфайли фотосинтез гизо мегирифт.

Аз псилофитшаклон сарахсшаклҳои поя, барг ва решаи ҳақиқидор ба вуҷуд омадаанд. Сарахсшаклон 300 миллион сол муқаддам хеле боавҷ нашъунамо мекарданд. Растании дигар, ки ба мунмунаҳои ҳозира аз рӯи шаклаш хеле наздик буд (да- рахти азими то 40 м қад дошта), лепидодендронҳо буданд.

Сарахсшаклҳои дарахтмонанд ва чилбандҳои азимҷусса ҷангалзорҳои анбӯҳро ба вуҷуд оварда буданд. Дар давраи инкишофу нашъунамои сарахс- шаклҳо иқлим дар тамоми рӯи Замин гарму серрутубат буд. Дар ҳама ҷо об фаровон буд. Ин гуна шароит барои инкишофи сабзаки сарахсиҳо, мунмунаҳо, чилбандиҳо ва барои бо тавассути нутфа бордорша- вии тухмҳуҷайраи онҳо хеле мувофиқ буд.

Дар натиҷаи таҳлилу таҳқиқи бозёфтҳои палеоботаникӣ олимон ба хулосае омадаанд, ки лучтухмони аввалин хеле пештар то давраи авҷи инкишофи сарахсшаклон пайдо шуда буданд. Ибтидои лучтухмонро сарахсшаклони қадима додаанд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи растаниҳои лучтухм аз он иборат буд, ки бори аввал дар онҳо тухм пайдо мешавад. Дар тухм ҷани- ни ташаккулёфта ҷойгир аст ва он метавонад як муддати муайян (тӯлонӣ) қобилияти сабзишашро нағз нигоҳ дорад.

Дар охирҳои давраи ангиштсанг иқлими рӯи Замин қариб дар ҳама гӯшаву канорҳои он хушку хунук буд. Дар ин давра сӯзанбаргони нахустин пайдо шуда, боавҷ нашъунамо карданд. Лепидодендронҳои азимҷусса, каламитҳо, чилбанду мунмунаҳои дарахтшакл ба иқлими хушку хунуки баамаломада худро мутобиқ карда натаво- ниста, тадриҷан нобуд гардиданд.

Растаниҳои гулдор, яъне пӯшидатухмон, ки насли (пайванди) рас- таниҳои лучтухм ба ҳисоб мераванд, тақрибан 130 миллион сол пеш аз ин пайдо шудаанд. Ва дар як давраи начандон тӯлонии геологӣ ҳукмрони табиат гардидаанд. Пӯшидатухмон бо суръати тез мақоми дигар растаниҳоро дар рӯи Замин танг намуданд. Хусусиятҳои муфидашон ба онҳо имкон доданд, ки худро ба шароитҳои гуногун бо осонӣ мутобиқ кунанд. Бори аввал дар пӯшидатухмон гулу мева пайдо мешавад. Тухм дар дохили мева инкишоф меёбад. Мевапарда тухмро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медорад.

Дар паҳншавии пӯшидатухмон дар рӯи Замин мақоми ҳалкунандаро тағйиротҳои иқлимӣ ва авҷу инкишофи ҳашарот (ҳамчун гардолудкунандаи гули онҳо) бозидаанд.

  1. Аввалин мавҷудоти зинда дар рӯи Замин кай пайдо шудааст?
  2. Пайдоиши раванди фотосинтез дар инкишофи минбаъдаи растаниҳои сабз чӣ аҳамият дошт?
  3. Чӣ тавр пайдо шудани ушнашаклон, сарахсшаклон, лучтухмон ва пӯшидатухмонро шарҳ диҳед.
  4. Псилофитҳои қадима ба пайдошавии кадом растаниҳо мусоидат карданд?
  5. Кадом хусусиятҳои сохти растаниҲои пӯшидатухм имконият доданд, ки онҳо дар рӯи Замин мавқеи асосиро ишғол кунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …