Главная / Гуногун / Марги Искандари Мақдунӣ бо модараш

Марги Искандари Мақдунӣ бо модараш

Савол: Оё рост аст, ки пас аз марги Искандари Мақдунӣ модарашро ҳам якҷоя гуронидаанд?

Ҷавоб: Бале дуруст аст.

Солҳои  70-ўми асри XX маҷаллаи «Преподование истории в школах» хабареро чоп кард, ки олимон дар натиҷаи таҳқиқи мўйи сари Искандар аниқ кардаанд, ки ўро заҳр дода куштаанд.

Таърих чунин шаҳодат медиҳад: Искандар пас аз хонадорӣ бо Рухшонаи Суғдӣ аз ў як писар ба дунё меояд, ки Искандари Сонӣ ном медиҳанд. Пас аз марги Искандар ҳамсари ў – Рухшона аз саҳнаи таърих ғайб мезанад.

Искандарро заҳр дода мекушанд. Атрофиёнаш ин воқеъаро пинҳон намуда, аз номи Искандар фармон медиҳанд, ки ба зуддӣ аз Осиёи Миёна ба Юнон баргарданд. Чун вориди Мақдуния мегарданд, Рухшонаро ба қатл мерасонанд. Модари Искандар аз марги писараш ба сўзу гудоз тоб оварда натавониста хоҳиш мекунад, ки ўро ҳамроҳи Искандар ба хок супоранд.

Мақбара месозанду колбади Искандарро дар сағонаи тиллоӣ ниҳода, дар мобайни мақбара мегузоранд ва дар шифти марказии мақбара як сўрохӣ монда, дар он ҷо нимто нони қоқ мегузоранд ва  ҳамроҳи Искандар модарашро ҳам дар мақбара гузошта, дарро мебанданд.

Рўзи дигар гуруснагӣ домангири модари Искандар мегардад, ў кушиши бисёре мекунад, ки он нимто нони қоқро бигирад, вале наметавонад, пасон маҷбур мешавад, ки пояшро ба сандуқи дили Искандар монда нонро бигирад. Дар ин дақиқа дари маҳфии мақбараро боз карда, модарро аз мақбара мебароранд ва дарро «абадӣ» мебанданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

tramp

Трамп пас аз президентӣ чӣ кор хоҳад кард?

Доналд Трамп, президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида, ба охири мӯҳлати ваколаташ наздик мешавад. Пас аз бохт …