Главная / Ҷамъият / МАРДИКОРӢ

МАРДИКОРӢ

Мардикорӣ гӯё дар марҳалаҳои душвор ҷони халқҳоро аз гушнамурӣ харидааст. Вале аз ҳикояе, ки дар роби- та бо Бобоҷон ривоят мекунанд, маълум мешавад, ки мардуми мо аз ночорӣ ба он рӯй меовардаанд. Дар асл онро мояи нангу ор медонистаанд.

Солҳои аввали соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон низ мар- дикорӣ, ки ба ибораи дигар онро «муҳоҷирати меҳнатӣ» ме- номанд, ҷони мардумро харид. Баъд аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ ду-се соли аввал мардум чашм ба роҳи таъминоти давлат нишастанд ва чун диданд, ки дигар давлат нотавон ва нони аз донаи ҷорӯбу ҷав пухташуда қобили хӯрдан нест, рӯй ба мардикорӣ ниҳоданд.

nardikori Ин мардикорӣ иҷборӣ буд ва ин дафъа баръакс мардум сари номус омада, миён бастанд, муҳоҷират карданд ва заҳмату машаққати ғарибӣ ва муздуриро таҳаммул карда, оилаву наздикони худро аз гушнагӣ наҷот доданд. Гӯё ин байти Хоҷа Ҳофиз ин дарди дили мардумро баён мекард:

Шаҳр холист зи ушшоқ, бувад, к-аз тарафе Марде аз хеш бурун ояду коре бикунад.

Дар оғоз аксари кулли муҳоҷирон дар бозорҳо ҳаммоливу муздурӣ мекарданд. Ҳаммолон дар даромадгоҳи бозор ҷамъ меистоданд ва ба маҳзи пайдо шудани харидор ба сӯи ӯ дави- да, хизмати худро пешниҳод мекарданд. Онҳо ҳама аробаҳои калони дучарха доштанд, ки дар он бори харидоронро бор карда, то мошинаш бурда, музд мегирифтанд. Ин ҳаммолӣ ҷони мардуми тоҷикро аз гушнамурӣ наҷот дода бошад ҳам, дар натиҷа моро дар чашми мардуми кишварҳои шӯравии собиқ хеле ҳақир кард.

Боре дар Маскав ба бозори Лужники барои дидани як на- фар рафтам ва аз теъдоди зиёди ҳаммолони тоҷик дар шигифт афтодам. Вақте ки дар растаи бозор интизори он нафар меис- тодам, як ҳамдеҳаамро дидам, ки аробаи бузурге дар даст аз паси харидоре зоракунон мерафт, то ӯро ба хизмат бигирад. Ӯ ба сабки ҳаммолон болопӯши гармро ба дохили шалвораш андохта, мӯзаҳои резинии соқбаланд пӯшида буд. Ногоҳ чаш- маш ба ман афтид ва зуд нигоҳашро гурезонда, аз раста гузашт ва баъд аз лаҳзае ба саломкунӣ ба наздам омад, ки аллакай либосҳояшро танзим карда буд. Болопӯшро аз рӯи шалвор ба таври маъмулӣ фуроварда ва соқи мӯзаҳоро низ зери шалвор карда буд. Маълум буд, ки аз ҳаммолӣ шарм мекунад, дар ҳоле ки аз назари ман ин кор бадие надошт, ба шарте, ки муваққатӣ ва барои ба даст овардани имконият барои кори беҳтаре бошад.

Хушбахтона, истеъдоди азалии баччаҳои тоҷик имкон дод, ки баъдан, дар зарфи 3-4 сол аксаран дар Русия соҳибкор ша- ванд ё кори муносиб пайдо кунанд, вале мутаассифона, зеҳ- нияти ҳақорати дар солҳои аввал пайдошуда, ҳанӯз ҳам дар чашми халқҳои дигар нисбат ба мо – тоҷикон ҳифз шуда, ки озордиҳанда аст

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …