Главная / Ҷамъият / МАРДЕ АЗ НАҶД

МАРДЕ АЗ НАҶД

Боре Пайғамбари Худо (с) дар ҳалқаи ёронаш нишаста буд. Ногоҳ ба назди онҳо марде омад ва чеҳраи хастааш баёнгари он буд, ки аз ҷои дур омадааст. Марди аз музофоти Наҷд омада, ба Пайғамбари Аллоҳ наздик шуд ва дар бораи Ислом пурсиданро отоз кард. Дар байни онҳо чунин сӯҳбат баргузор гашт:

  • Ислом чист, эй Пайғамбари Аллоҳ?

-Ҳар рӯзхондани панҷ намози фарз.

  • Боз ягон намози дигар ҳаст, ки ман бояд хонам?

-Не! Вале агар хоҳӣ намози нафл хон. Боз, ту бояд М0ҳи шарифи Рамазонро рӯза гирӣ.

marde_02

Хуб, боз дигар рӯзаҳое ҳастанд, ки доштани онҳо бар ман фарз гардидааст? -Не! Агар хоҳӣ рӯзаи нафл дор. Ва ту бояд закот диҳӣ.

– Ва ба ғайр аз ин, ман бояд закот диҳам?

– Не! Вале метавонӣ садақа диҳӣ.

Марди аз Начд омада, аз омухтани дин хурсанд гардида ба Пайғамбар(с) гуфт:

– На каму на зиёд, ман ҳамаи он чиро, ки шумо омӯзонидед, иҷро хоҳам кард.

Сипас, ба роҳи омадааш баромада рафт.

Пайғамбар (с) ба саҳобагон мурочиат карда гуфт:

-Агар ба ваъдааш вафо кунад наҷот хоҳад ёфт…

(Бухорӣ, Имон, 34)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …