Главная / Илм / Марҷон дар Канзи Шифо (Китоб)

Марҷон дар Канзи Шифо (Китоб)

www.Bijuteria-online.com

Марҷон (русс. Корал)- ин ҷисмест сахт, монанди дарахт поя ва нах дорад, ки намудҳои сурх, сафед ва сиёҳ дорад — дар зери об аз замин мерӯяд ба баландии то як метр ва зиёда низ. Шохҳояш барг ва самар надоранд. Беҳтарини он қитъаҳои бузурги сурхранг, ялаққосӣ, бесӯрох ва камгиреҳи он аст. Баъд аз он сафеди бо сифатҳои ном- бурдаи он мақом дорад. Сиёҳи он заифтарин навъи он мебошад.

Шох ё дарахти марҷонро рӯзона аз мобайни сангҳои зериобӣ дар як қатор баҳрҳо берун меоваранд. Баъди берун овардан нури офтоб ва ҳаво ба он таъсир карда, сахт мегардад. Агар ин дар ҷоҳои чуқури баҳр рӯида бошад, чангакҳоро ба расанҳо баста, дар зери об ин тарафу он тараф ҳаракат медиҳанд, то он ки марҷон ба онҳо дармонад ва ҳамин тавр боло кашида канда мегиранд. Агар ин дар оби он қадар чуқур набошад, ғаввосон даромада, аз ҷояш канда берун меоваранд.

Мизоҷи марҷон дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: марҷон хусусиятҳои фараҳ бахшидан, қабзият кардан, хушк гардонидан дорад.

Хӯрдани он васвос, девонагӣ, саръ (припадка), дилтапак (дилбозӣ), сустии меъда ва вайрои шудани иштиҳоро дафъ мекунад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; барои бемориҳои сипурз даво мешавад, бавосирро нафъ дорад; хун қай кардан, хунравиҳои дигари гуногун, исҳоли хунин аз ҷигар ва аз ҳар узви дохилӣ, ки бошад ва инчунин захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро дафъ мекунад.

2,25 грамми онро соида, бо нисфи вазни он шилми бодомро бо сафедаи тухми мурғ сиришта, бо оби хунук бинӯшанд, хунравиҳо ва хун қай карданро ба ибро меоварад, қӯтурро шифо мебахшад (агар марҷонро сӯхта, дар ин таркиб дохил кунанд, боз ҳам хубтар аст) ва хуни дар дил шахшударо таҳлил медиҳад.

Марҷонро соида бипошанд, гӯшти зоиди захмҳоро мехӯрад ва доғҳои захмҳоро аз пӯст дафъ мекунад. Инчунин марҷонро сӯхта бипошанд, хунравиҳоро аз узвҳои беруни бадан манъ мекунад ва агар инро ба дандон бимоланд, дандонро мустаҳкам ва зардии онро дафъ мекунад.

Марҷонро сӯхта, дар об шуста, баъд хушк карда, чун сурма ба чашм кашанд, обилаҳо, обравӣ, қӯтур, шиллуқӣ ва монанди ин иллатҳои чашмро шифо мебахшад ва инчунин чашмро қавӣ мегардонад. Агар онро бо равғани баласон даромехта, дар гӯш чаконанд, гаронӣ ва карии гӯшро сиҳат мекунад.

Ҳаким Аминуддавла гуфтааст, ки чун се рӯз ҳар рӯз 2 грамми онро бо сиканҷабин бинӯшанд, варами сипурзро таҳлил медиҳад ва гиреҳи даруни онро мекушояд. Ва агар сӯхтаи онро бо об биёшоманд, дар ин амал қавитар мегардад.

Маҳлули марҷонро биёшоманд, иллати махавро шифо мебахшад. 3,5 грамм аз марҷони соида биёшоманд, бар зидди тамоми захмҳо тарёк мебошад. Агар онро бар меъда биёвезанд, ҳамаи иллатҳои меъдаро нафъ дорад, тарс ва хавфи кӯдаконро дар ҳангоми хоб дафъ мекунад.

Вале истеъмоли марҷон ба дарун барои гурда зарар дорад ва дилро беҳузур (беҷо) мекунад. Давои ин зарарҳояш катиро хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан аз марҷон дар як рӯз то 4,5 грамм аст.

Яке аз хусусиятҳои марҷон он аст, ки чун тилло ва нуқраро аз ҳар як ба миқдори марҷон дарҳам гудохта, ангуштарини бо нигин аз он тартиб дода, марҷонро ба нигини он ҷо диҳанд, дар вақте ки Моҳ ва Офтоб дар ҳадди интиҳо ва худ муқоранат (наздикшавӣ) ба сайёраи Зӯҳра дошта бошад, гирифтори иллати саръ онро бо худ нигоҳ дорад, дарҳол иллаташ бартараф мегардад; инчунин дорандаи он ангуштарро ҳаргиз ғаме намерасад.

Марҷони сиёҳи сӯхтаи шусташуда барои дил, ки заиф бошад, бағоят қувватбахшӣ дорад. Дар омади гап, тариқи сӯхтани марҷон ин аст. Марҷонро реза-реза карда, дар кӯзаи сафолин андохта, даҳанашро бо гили ҳикмат ё бо гили бӯта маҳкам карда, як шаб дар танӯри тафсон гузоранд. Пас бароварда соида, истеъмол намоянд. Шарташ ҳамин, ки дар танӯр набояд сӯхта монанди хокистар гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …