Главная / Илм / Маориф ва илм дар Тоҷикистон

Маориф ва илм дар Тоҷикистон

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 93053 нафар кӯдак (аз ҷумла 41423 духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2015-ум  18 адад, соли 2016-ум  22 ва дар соли 2017-ум 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шудааст, ки аз он 11 муассиса хусусӣ мебошад.

Дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 136719 нафар, аз ҷумла 61279 духтар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст. Бо ин вазъ иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ва СМР-2030 мушкил ва ғайриимкон мебошад. Зеро тибқи талаботи санади мазкур бояд фарогирии кӯдакони синни томактабӣ то соли 2020  ба 30 фоиз расонида шавад.

мактабДар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маорифро муайян намуда, бо кумак ва дастгирии бевоситаи ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) сохта ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар 17 шаҳру ноҳия муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ таъсис дода шуда, дар 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ талаботи Барномаи мазкур иҷро нагардидааст. Аз теъдоди умумии 496 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии тибқи Барнома дар муддати 4 сол ба нақша гирифташуда ҳамагӣ 71 муассисаи томактабии хусусӣ ташкил карда шудааст, ки 14,3 фоизи иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати имрӯза дар ҷумҳурӣ 92 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд, ки аз ҷумла 39 муассиса дар шаҳри Душанбе, 44 муассиса дар вилояти Суғд, 2 муассиса дар вилояти Хатлон, 6 муассиса дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва 1 муассиса дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1906304 нафар, (914498 нафар духтарон)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 68542 хонанда, аз ҷумла 36546 духтарон зиёд мебошад.

  Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ 71 ададро ташкил дода, аз ин теъдод 15 адади онро коллеҷҳои  ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар маҷмӯъ тибқи нақша 20887 ҷой пешбинӣ гардида, аз ин 13699 нафар қабул гардиданд, ки ин ба 65,5 фоиз баробар мебошад.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи нақша 46957 ҷой пешбинӣ гардида, иҷрои он  42047 нафарро ташкил медиҳад, ки он ба 89,5 фоиз баробар аст.

Инчунин дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 2050 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 54 нафар ба гурӯҳи буҷетӣ ва 1996 нафар ба гурӯҳи шартномавӣ қабул карда шуд.

Дар маҷмӯъ дар нуҳ моҳи соли 2018 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 2418 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти миллии кишвар зарур, барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Аз ин шумора, 2087 нафар ба таври буҷетӣ ва 331 нафар ба таври шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 Ба зинаи магистратура дар соли хониши 2018-2019-ум 619 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ 1282  нафар қабул гардидаанд, ки дар маҷмӯъ 1901 нафарро ташкил медиҳанд. Магистрантони қабулгардидаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ  айни замон ба таҳсил фаро  гирифта шудаанд. Дар ин замина гуфтан бамаврид аст, ки аз 4828 нафар хатмкунандаи зинаи магистратураи соли таҳсили 2017-2018, ки  1264 нафарашон дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил доштанд, танҳо 226 нафар ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) барои идомаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Пас аз ин, маълум мегардад, ки на ҳамаи таҳсилкунандагони зинаи магистратура мақсади навиштани корҳои илмӣ-таҳқиқотиро доранд.

Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 адад шӯроҳои дессертатсионии Федератсияи Россия фаъолият менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз 93 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд. Аз ин теъдод, 8 рисолаи докторӣ, аз он 2 нафар зан, ҳамзамон, 85 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст, ки аз он 27 нафарашро занон ташкил медиҳанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла 57 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23  мавзӯи илмӣ-тадқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Дар нуҳ моҳи соли 2018, дар 22 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 127 рисола, аз ҷумла 11 рисолаи докторӣ ва 116 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз шумораи умумии дифоъкардагон 5 шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазокистон ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар шӯроҳои диссертатсионии ҷумҳурӣ  33 рисола, аз ҷумла 5 рисолаи докторӣ ва 28 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудаанд.

Инчунин дар нуҳ моҳи соли 2018 дар Муассиса, қабули ҳисоботҳои ба анҷом расидаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ 56 ададро ташкил дода, 76 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …