Главная / Гуногун / Маориф дар охири асри XIX – аввали асри XX

Маориф дар охири асри XIX – аввали асри XX

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда дар охири асри XIX – аввали асри XX зарурати пешрафти маорифро тақозо мекард. Мамдакатҳои пешқадами демократӣ аз ҳамин сабаб барои маорифи халқ маблағҳои калон ҷудо мекарданд. Дар ин мамлакатҳо аксарияти кӯдакону наврасон имконият доштанд, ки дар мактабҳо бепул таҳсил кунанд.

Дар соҳаи маориф бештари мамлакатҳои Европа ва Америкаи Шимолӣ аз мамлакатҳои дигари ҷаҳои пеш меистоданд. Дар Англия, Фаронса, Швейтсария, Германия, Италия, Белгия, Ҳолландия, ИМА, Русия, Канада ва баъзе мамлакатҳои дигар барои таҳсили насли наврас шароити беҳтар муҳайё карда шуда буд. Пешравии маорифи онҳо ба дараҷаи тараққиёти иқтисодиёт ва дастовардҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа вобаста буд.

1607620

Дар аксари мамлакатҳои соҳибистиқлоли Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ маорифи халқ кам пеш рафт, чунки ин давлатҳо ҳанӯз имконияти зарурӣ надоштанд, ки аҳолиро саросар саводнок кунанд. Дар худи ҳамин қитъаҳо ва баъзе ҷойҳои дигари кураи замин давлатҳое буданд, ки маорифи халқи онҳо дар зинаи хеле пасти тараққиёт меистод. Ба ин ду чиз халал мерасонд: дараҷаи пасти қувваҳои истеҳсолкунанда ва тобеияти мустамликавӣ. Бисёрии онҳо давраи фоедалиро аз cap мегузарониданд. Баъзеашон ҳатто дар дараҷаи аз ин ҳам пасттари тараққиёт ҷой гирифта буданд.

Дар ин ва ё он зинаи ҷамъиятӣ будан рафти табиии тараққиёти он давлатҳо буда, системаи мустамликадорӣ ҳам ба пешрафти иқтисодӣ ва ҳам ба маориф монеаи сунъӣ ба вуҷуд овард. Вай ин давлатҳоро, аз он ҷумла, дар соҳаи маориф ба муддати дуру дароз аз густариш боздошт. Давлатҳои сармоядорӣ аз мустамликаҳо даромади калон гирифта, ғами маърифати халқҳои онҳоро намехӯрданд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

ОФТОБ, ҲАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕҲТАРИНИ МО

Агар аз бачаҳои синф дар ин хусус пурсон шавӣ, албатта, ба ин фикр розӣ мешаванд. …