Главная / Маданият ва санъат / МАНОРАҲОИ САРГАҲИ ЗАРАФШОН

МАНОРАҲОИ САРГАҲИ ЗАРАФШОН

МАНОРАҲОИ САРГАҲИ ЗАРАФШОН, силсилаи манораҳои асрҳои миёна дар болооби Зарафшон. Мувофиқи ривоятҳои маҳаллӣ дар болооби Зарафшон 7 манора вуҷуд доштааст, ки ҳар кадом дар назди масҷиде воқеъ гардида будааст. Ҳоло танҳо 3 манора боқӣ монда, ягонтои он масҷидҳо то замони мо нарасидаанд. Мувофиқи ақидаи муҳаққиқон, ин манораро ба асрҳои 10—11 мутааллиқанд, чунки ҷорӣ шуданн дини ислом дар ин ҷойҳо маҳз ба ҳамин давра рост меояд.

Манораи деҳаи Варзиманор (ҳоло посёлкаи Айнӣ) дар болои пойдевори чоркунҷаи сангин (ҳар тарафаш 4-метрӣ, баландиаш 1,7 м) барқарор аст. Танааш — мудаввари торафт борикшударафта. Ҳоло баландии он 13,5 м аст. Аз қисми барҳомондаи манора чунин хулоса бармеояд, ки он дар замонаш чандон баланд набудааст, чунки диаметри қисми болои манора камтар аз 2 м аст ва болои онро на қафасаи равоқу сақфдори вазнин, балки айвончаи сабуки тахтагӣ мепӯшонд. Дар даруни манора сутуне ҳаст, ки ба танаи он зинапояи морпеч пайванд карда шудааст.

Девори манора похсагӣ буда, дар чор ҷояш ҳалқаҳои аз хишти хом чидашуда дорад. Манораи деҳаи Рара ба манораи зикршуда шабоҳат дорад. Вале асоси васеаш шаҳодат медиҳад, ки ин ёдгорӣ аз манораи якум калонтар буд. Ин манора ҳам дар болои пойдевори сангин устувор аст. Баландии барҷомондааш — 10 м. Танаи ин манора ҳам бо камарҳои аз хишти хом чидашуда оро ёфтааст. Як вақтҳо ин манора ба ансамбли меъморие (иборат аз ду масҷид ва Мадраса) дохил мешуд ва он дар назди яке аз маҷидҳо меистод.

Манораи деҳаи Фатиев бошад, бо мурури замон бисьёртар осеб дида, ҳоло баландиаш танҳо 6 м аст. Пойдевор надорад ва бевосита дар рӯи замин сохта шудааст. Даромадгоҳаш хеле боло ҷой гирифтааст. Зинаи морпечи дохилаш хароб гашта, танҳо якчандтои он барҷо мондааст. Манораҳои саргаҳи 3арафшон на танҳо таъиноти диӣи, балки аҳамияти мудофиавӣ низ доштанд. Шаклу усули сохташон манораҳои дидбонии пешазисломиро ба хотир меоваранд ва аҳамияти таърихиву маданӣ доранд. Ин ёдгориҳо дар муҳофизати давлатанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …