Главная / Гуногун / Маънои  Парчами Тоҷикистон

Маънои  Парчами Тоҷикистон

Парчами Тоҷикистон аз якчанд ранг иборат аст, ки маъноҳои худро дорад ва дар байнаш тоҷу ситораҳо мебошанд, ки онҳо ҳам маънои хоси худро доранд.

parchami-tojik-660x330

Ранги сурхи Парчами Тоҷикистон –  Ин нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик барои соҳиб шудан ба истиқлолият аст;

Ранги сафед – Нишонаи саодатмандӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст, ки соҳиби таърихи тӯлонӣ, ниёгони бой ва фарҳанги барҷаста доранд;

Ранги сабз – маънои табиати зебои Тоҷикистон аст, ки пур аз сарсабзӣ, баҳорони шукуфон, хуррамиву сарбаландии куҳсори сабзазордор ва абадияти мулки тоҷикон мебошад.

Дар мобайни Парчами Тоҷикистон нақши «Тоҷ» ва «Ҳафт ахтарон» – ситораҳо ҷойгир шудаанд, ки он оиди зери шоҳидии ҷирмҳои осмонӣ мавҷуд будани мулкдории тоҷикон ва соҳибистиқлолии  Тоҷикистон мебошад. Рамзи «Тоҷ» аз тоҷдории халқи тоҷик ва аз номи халқи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Диққат!

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992-ум тибқи Низомнома дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори рақами 892-ум аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Парчами Тоҷикистонро то замони соҳибистиқлолӣ “Байрақи Тоҷикистон” меномиданд ва он аз ҳозира парчам бо шакл ва ҳаҷм фарқият дорад. Парчами ҳозираи Тоҷикистон ин матои росткунҷаи 3-рангдор мебошад, ки сурх сафед ва сабз мебошад ва онҳо уфуқӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳар сол санаи 24-уми ноябр рузи Парчами Тоҷикистон буда дар саросари кишвар ин рӯзро ҳамчун санаи хоси миллӣ ҷашн мегиранд.

Умуман рангҳои парчами тоҷикон аз замонҳои қадими ориёӣ инҷониб маҳз рангҳои сурху сафеду сабз бартарият доштандт. Агар пай бурда бошед пас қайд намуд, ки ин рангҳо дар як қатор парчамҳои мардуми ориёӣ аз ҷумла афғонҳо, эрониён, ҳиндустониҳо, итолиёиҳо акс ёфтааст.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

farishta

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба …