Главная / Илм / МАНИДОН

МАНИДОН

manidonМАНИДОН (Vesicula seminalis), як ҷуфт ғадуди таносули мардҳо. Дар байни қаъри масона ва рӯдаи рост ҷой гирифтааст; ба девораи қафои ғадуди простата ҷафс мебошад.
Бемориҳои М. – киста ва римхалта. Сабаби римхалта баста шудани маҷрои М. бинобар бемориҳои уретит ва простатит аст. Ҳангоми уретрит бисёр вақт илтиҳоби М. низ рух менамояд, ки онро везикулит (сперматосистит) меноманд; он бо гаронию дард дар мавзеи чатан ва рӯдаи рост падид омада, дард ба камар ва хоя мегузарад, бемор зуд-зуд пешоб мекунад, эҳсоси сӯзиш пайдо мешавад. Ҳисси шаҳвонии чунин беморон баланд аст, эҳтилом якҷоя бо дард сурат мегирад.
Бемориҳои М.-ро бо усули физиотерапия, микроклизмаҳо, антибиотикҳо табобат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …