Главная / Гуногун / Мангуқоон ва ҳокими тоҷир – масъудбек

Мангуқоон ва ҳокими тоҷир – масъудбек

Аз истилои Осиёи Миёна ва Эрон дере нагузашта дар байни хонҳо ва ашрофи муғул нисбат ба аҳолии муқимии ноҳияҳои забтшуда ду тамоюл ба таври равшан падидор гардид. Асосҳои иҷтимоии ин тамоюлот аз тарафи А.Ю.Якубовский ва И.П.Петрушевский мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.[1]Ифодакунандаи як тамоюл қисми зиёди ашрофи бодиянишини ҳарбӣ (чи муғул ва чи турк), аксари шоҳзодагон ва баъзе қоонҳо–соҳибдавлатони оли муғул ба шумор мерафтанд. Онҳо беибо мардумро талаву тороҷ мекарданд, ба оташ меандохтанд, ба асорат мебурданд ва ҳеҷ андешае надоштанд, ки дар натиҷаи чунин муносибат бо аҳолии маҳаллӣ худро хеле зуд аз даромадҳои беҳаддуҳисоб ва оидоти мунтазами замин, касбу ҳунар ва тиҷорат маҳрум месозанд. Қисмате аз аъёну ашроф ва бозургонони маҳаллӣ, ки аз ғорат ва яғмогарӣ ба зудӣ сарвати фаровон ба даст оварданӣ буданд, низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуданд.

Ифодакунандаи дигар тамоюл баъзе қоонҳо ва қисмати ками ашрофи бодиянишини муғул, амалдорон, рӯҳониён ва аксари тоҷирон буданд. Ин табақаҳои синфи ҳукмронро ҷидду ҷаҳд дар роҳи таъсиси ҳокимияти пуриқтидори марказиятнок, мубориза бо кайфияти ҷудоихоҳии намояндагони равияи аввал, ниҳоят равшану возеҳ фаҳмидани зарурати бас кардани ғорат ва хонавайрон сохтани аҳолии муқимӣ ба ҳам муттаҳид менамуд. Ба таҳти ҳимояи худ гирифтани шаҳрҳо ва умури тиҷорат, аниқ муайян кардани ҳаҷми хироҷ ва молиёт, аз андозҳои худсарона раҳонидани рустоиёну шаҳриён, роҳ надодан ба зери по шудани киштзорҳо ва хароб гардидани ободиҳо – чунин буд сиёсати пешгирифтаи онҳо, ки бидуни он барқарор кардан ва ба роҳи инкишоф даровардани хоҷагии тамоман харобшуда муяссар намегардид. Албатта, асли мақсади онҳо аз тараққӣ додани хоҷагӣ аҳолии меҳнаткашро бештар ва бо самараи зиёд истисмор кардан буд. Намояндагони тамоюли дувум ба хубӣ мефаҳмиданд, ки пеш нагирифтани чунин тадбир ба маънии теша бар решаи манфиатҳои худ задан аст, зеро як дафъа тороҷ кардан ба ҳеҷ ваҷҳ ба даромади фаровоне, ки ҳар сол ва мунтазам аз хоҷагии қишлоқ, шаҳр, соҳаҳои касбу ҳунар ва тиҷорат ба даст меояд, баробар шуда наметавонад.

Мангуқоон, ки соли 1251 ба сари ҳокимият омада буд ва ҳокими тоҷир Масъудбек – писари Маҳмуди Ялавоч аз намояндагони барҷастаи ин тамоюл ба шумор мерафтанд. Муаррихон ба маълумоти то замони мо расидаи сарчашмаҳои хаттӣ роҷеъ ба фаъолияти Мангуқоон ба дараҷаи лозима диққат надода, амру фармонҳои ӯро ҳамчун кӯшишҳои истисноӣ дар роҳи маҳдуд кардани худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ донистаанд.

Ҳол он ки агар мазмуни фармонҳои Мангуқоон ба мадракҳои сиккашиносӣ муқоиса карда шавад, дар пеши назар на ин ки тадбироти парешон, балки сиёсати дохилии ба як мақсади муайян нигаронидашудаи ӯ намоён мегардад, ки татбиқи амалии баъзе аз ҷанбаҳои онро лоақал дар Осиёи Миёна метавон мушоҳида намуд.

Дар аҳди Мангуқоон андози сарикасӣ (сарона) ба низоми муайян дароварда шуда, дар бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна ва берун аз ҳудуди он зарби муназзами динорҳои тиллои якиёра ҷорӣ гардид.

Умуман дар шароити феодализм ва хусусан дар ҳолати хасорати хоҷагии пас аз истилои муғул тангаҳои тиллои баландиёр шаклан хеле калон буда, ба ҳаҷми тиҷорати дохилӣ ва савияи нархи молҳои асосӣ мувофиқат намекард. Барои ин ки динори тилло василаи муомилоти умумидавлатӣ гардад ва бо ин роҳ ба истиқрор ва инкишофи тиҷорати пулӣ мусоидат кунад, ба он иёри паст (тақрибан 60 фоиз тиллои тоза) муқаррар карда шуд. Ба ин восита пул ва мол то андозае ба ҳам «наздик» гардид.

Рашидаддин дигар чорабиниҳои Мангуқоонро ба тариқи зайл тавсиф намудааст: «Чун пас аз (фавти) Гуюкхон бисёр хонзодаву маликзодаҳо ба одамон ярлиқу пайзаҳои беадад доданд ва ба тамоми гӯшаву канори давлат гумоштаҳо фиристода, хосу омро ба хотири сарукор доштан бо онҳо дар тиҷорат ва бо сабабҳои дигар пуштибонӣ мекарданд, Мангуқоон бо фармоне ба ашхоси мазбур дастур дод, ки ҳар яке дар музофоти худ ҳамаи ярлиқу пайзаҳои аз Чингизхон, Ӯқтойхон ва Гуюкхон, ҳамчунин аз дигар шаҳзодаҳо гирифтан одамонро пас бигиранд».[2]

Хироҷу андозҳои пештараи миёншикан ва номаҳдуд бекор карда шуданд. Аз ҷумла, Мангуқоон тамоми ярлиқу пайзаҳои пас аз марги Чингизхон интишорёфтаро аз эътибор соқит намуд. Ӯ ҳамчунин аз аҳолӣ асп гирифтани қосидонро манъ карда, барои онҳо нормаи нақлиёти почтаро муқаррар сохт. Ба ашхоси ҷудогона умуман истифодаи аспҳои давлат манъ карда шуд. Мангуқоон бесабаб ба шаҳру деҳот рафтан ва барои худ аз аҳли деҳа баҳудаву беҳуда чиз талаб карданро иҷозат намедод. ҳатто таъкид мекард, ки аз аҳолӣ пасмонда ҷамъ накунанд. Боз як чиз ҷолиби диққат аст, ки дар аҳди Мангуқоон фармонҳо ба забони ҳамон халқҳое, ки фармон ба онҳо дахл дошт, содир мегардид. Барои муғулҳои бо муносибати беэътиноёна нисбат ба халқҳои мутеъ одаткарда ақдномае амал мекард, ки сиёсати муайяни дурандешона ба он водор менамуд.

Ба ин тариқа, тадбироти ҷорикардаи Мангуқоон ба таъини миқдор ва ҳаҷми хироҷ, аз андозҳои ниҳоят худсарона ва номаҳдуд ҳимоя кардани аҳолӣ ва роҳ кушодан ба нашъунамои ҳаёти шаҳрҳо ва тиҷорат равона гардида буд. Худи амри дар миёнаҳои асри ХIII ба эътибори қонун даровардани ин қабил тадбирот аз ғалабаи ба назар намоёни тамоюли дувум дар арсаи сиёсат ба шумор меравад. Яке аз илҳомбахшу амалкунандагони асосии ин сиёсат Масъудбек буд, ки дар замони Мангуқоон ба сарзамини паҳноваре аз Уйғуристон то Хоразм ҳукмфармоӣ мекард. Оё ин ҳама амру фармонҳо дар амал муваффақияте пайдо карда буданд?

Дар Эрон, чунон ки сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ҷорӣ гардидани андози сарона ба сабаби сӯиистеъмоли аз ҳад зиёди амалдорон ва муғулҳо барои аҳолӣ ягон сабукӣ наовард. Аммо муайян кардани ҳадди хироҷҳо ва бекор кардани баъзе андозҳои худсарона дар истиқрори хоҷагии Осиёи Миёна роли мусбат бозид. Он чи оид ба ҳаёти шаҳр ва тиҷорати пулӣ бошад, дар ин бобат муваффақият боз ҳам бештар аст. Сиккаҳои тилло тиҷорати пулиро равнақ дод. Ба асоси муомилоти пулӣ на ин ки тангаи бутун, балки қисматҳо ва пораҳои баркаши он гузошта шуд. Агар ба ин боз паст гардидани иёри тангаи тилло илова карда шавад, ба доираи хеле васеи тиҷорат ва муомилоти дар миқёси тамоми мамлакат яксон хизмат кардани он ба хубӣ равшан хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин қабил пулҳои умумидавлатӣ як қатор шаҳрҳо дубора ба зарби сиккаҳои мисии нуқраандуд шурӯъ намуданд. Аз ин ҷиҳат, авҷ гирифтани кори зарробхонаҳои чунин шаҳрҳо, монанди Утрор ва Хуҷандро, ки аз нашъунамои дубораи чи худи ин шаҳрҳо (маълум аст, ки Утрор дар давраи футуҳоти муғул тамоман хароб гардида буд) ва чи Фарғона ва умуман қисмати шимолу шарқи давлат гувоҳӣ медиҳад, махсус бояд қайд кард. Ин ноҳияҳои мамлакат мустақиман пеш мерафтанд. Баъдтар, дар чоряки охири асри ХIII онҳо ба авҷи тараққии худ расида тавонистанд, ҳарчанд бештарин қисмати ҳафтруд дар миёнаҳои асри ХIII ба чарогоҳ табдил шуда, аксари шаҳрҳои он харобазор гардида буд.

Ислоҳоти пулии Масъудбек. Қисман барқарор шудани ҳаёти шаҳр ва тиҷорат

Дар ибтидои солҳои 70-уми асри ХIII Масъудбек муҳимтарин ислоҳоти пулӣ ба амал овард.[3] Ин аз ғалабаи нави хеле ҷиддӣ ва пайдарпаи тамоюли дувум гувоҳӣ медод. Ислоҳот соли 1271 эълон шуда, асосан дар бист соли охири асри ХIII амалан ҷорӣ гардид ва муваффақият пайдо намуд.

Мазмуни асосии ин ислоҳотро дар бисёрии шаҳру вилоятҳои Осиёи Миёна гузаштан ба зарби муназзами сиккаи нуқраи аз ҷиҳати вазну иёр дар ҳама ҷо баробар ташкил мекард. Ин гуна сиккаҳо, сарфи назар аз маҳалли бароварда шуданашон, дар муомилоти умумидавлатӣ эътибор доштанд. Ин воқеан ҳам дар тиҷорати пулӣ як инқилобе ба шумор мерафт. Пули нуқра беш аз ҳама ба нарху наво ва ҳаҷми тиҷорати дохилии Осиёи Миёнаи феодалӣ мувофиқат мекард. Вале зиёда аз дуним аср дар Осиёи Миёна зарби нуқра ба таври мунтазам ба амал омад ва қатлу ғорати истилокорони муғул бартараф намудани бӯҳрони ин пулро хеле ба таъхир андохт.

Борҳо барои баргаштан ба муомилоти пули нуқра кӯшиш карда шуд, аммо ҳамаи ин кӯшишҳо натиҷае набахшиданд. Ислоҳоти Масъудбек бошад, муваффақияти тамом пайдо кард, ки аз тайёрии хуб ва саривақтии ин тадбир гувоҳӣ медод.

Зарби сиккаи нуқра озод буд, ҳар кас метавонист нуқраи худро ба зарробхона бурда, ба музди муайяне барояш пул созонад. Ислоҳот ҳамон вақт комилан муваффақият пайдо мекард, ки ба ташкили зарби озодонаи сикка имконият муҳайё шавад, дорандагони нуқра худро «маълум» кунанд ва нуқраи худро ба зарробхона биёваранд. Муҳимтар аз ҳама ба ин кор бовар кунондани одамон буд. Онҳо бояд барои эмин будан аз худсарӣ, зӯроварӣ ва ғоратгарии муғулҳо замонат дошта бошанд ва ба хубӣ бифаҳманд, ки ин тадбир ягон фиреби ба манфиати худ пешгирифтаи ҳукумат нест. Чунон ки ҷараёни амалӣ гардидани ислоҳот нишон медиҳад, нобоварии одамон зуд бартараф нашуда ва хусусияти он дар ҳама ҷо яксон набудааст.

ҳарчанд Масъудбек барои дар ҳамаи маҳалҳо ҷорӣ кардани зарби пули нуқра кӯшишҳои махсус ба харҷ дод, ин кор ба ӯ якбора муяссар нагардид.

Дар солҳои 70-уми асри ХIII фақат як қисмати хеле ками зарробхонаҳо ба кор шурӯъ намуда, маҳсули онҳо ба дараҷаи кофӣ набуд. Танҳо дар солҳои 80-90-уми асри ХIII камаш дар 16 шаҳру вилоят зарробхона кушода шуда, зарби пули нуқра ҳақиқатан ҳам фаровон гардид. Аз ин чунин бармеояд, ки дар ин вақт аз худсариву ғорати муғулҳо замонати лозима мавҷуд буда, барои пешрафти ҳаёти шаҳрҳо ва тиҷорат шароити мӯътадил фароҳам омада будааст.

Соли 1269, андаке пеш аз ислоҳот, дар соҳили дарёи Талас қурултой барпо гардида, дар он хонзодаҳои муғул ба зистан дар дашту кӯҳсор, поймол накардани киштзорҳо, дахолат накардан ба кори аҳолии муқимӣ ва қаноат намудан ба андозу молиёти муқарраршуда ваъда доданд. Маълум, ки баъзе аз ин ӯҳдадориҳо иҷро шуда будааст, вагарна ислоҳоти Масъудбек ба ин дараҷа муваффақият пайдо намекард. Қарори қурултои соли 1269 ва амри ҷорӣ гардидани ислоҳот бо ҳам вобастагии қавӣ доранд: қурултой он замонатҳоеро дод, ки бидуни онҳо барои гузаронидани чунин ислоҳот, ҳатто ҳоҷати кӯшиш кардан ҳам набуд.

Муборизаи ду тамоюл ҳамоно давом мекард ва ғалабаи тамоюли дувум ҳеҷ гоҳ ба таври қатъӣ сурат наёфта буд. Мисоли равшани ин иддао тақдири Бухорост, ки маҳз баъди қурултои соли 1269 ва ҳангоми гузаронидани ислоҳоти пул дар солҳои 1273 ва 1276 аз тарафи хонзодаҳои ҳалокуӣ ва чағатоӣ ба ниҳояти харобӣ расид ва муддати ҳафт соли тамом аз ҷиҳати нуфус холӣ монд. Дар чоряки аввали асри ХIV низ воҳаи Бухоро боз вайронаҳои зиёде дошта, боғоту токзорҳои он дар ҳолати харобӣ буданд.[4] Дар ин маврид ҳам бояд махсус қайд кард, ки Масъудбек барои ободонии Бухоро ва барқарор кардани нуфуси он тадбирҳои муассир пешбинӣ намуд ва ба ин васила дар солҳои 1282-1283, ҳатто дар ин ҷо зарби муназзами сиккаҳои нуқра шурӯъ гардид, ки аз эҳёи ҳаёти шаҳр ва тиҷорати пулӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин ҳам ҷолиби диққат аст, ки Тувахон (1282-1283) дар Фарғона шаҳри Андиҷонро бино кард ва ин шаҳр бо суръати тамом равнақ пайдо намуд.

Ба ин тариқа, ислоҳоти пул, чунон ки мадракҳои сиккашиносӣ шаҳодат медиҳанд, дар охирҳои асри ХIII нисбат ба вақти пештара муваффақияти калоне ба даст овард ва дар ин замина истеҳсолоти молӣ ва умуман ҳаёти шаҳрҳо қисман барқарор гардида, ба тараққӣ рӯ ниҳод. Зоҳиран, вазъи шаҳрҳо ва тиҷорат дар вилоятҳои шимолу шарқии Осиёи Миёна, ҳамчунин як қисми ҳафтруд (хусусан сиккаҳои Тироз, Ганҷдеҳ, Утрор ва ғ. хеле фаровон буд), шаҳрҳои Фарғона, вилояти Шош нисбатан беҳтар будааст. Барқарор гардидани шаҳрҳои Мовароуннаҳр бисёр суст ба вуқӯъ меомад, бо вуҷуди ин, дар зарфи бист соли охири асри ХIII ва ибтидои асри ХIV дар ин ҷо низ муваффақиятҳои ба назар намоён ба даст оварда шуданд.

Он чи оид ба вазъияти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХIV бошад, мо дар даст маълумоти хеле кам дорем. Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки дар бобати равшан сохтани баъзе ҷиҳатҳои ин масъала аҳамият дорад, вақфномаи мансуб ба соли 1299 мебошад. Дар ин вақфнома гуфта мешавад, ки таъсискунандаи вақф аз наздикиҳои Бухоро (тахминан сӣ километр дуртар дар қисмати шимоли он) деҳаеро бо заминҳои зиёди обёришавандааш тамоман харида, боз як деҳкада, ду масҷид, манзилҳои хуб барои хидматкунандагон, осиёб ва чанд (на камтар аз се) устохонаи бофандагӣ сохт.[5]

Худ аз худ маълум аст, ки агар пеш аз ин дар як муддати дуру дарозе ҳаёти осоишта барқарор намегардид ва ба харҷ кардани пул барои замин ва сохтмон дилпурие намебуд, хариди заминҳои кишт ва ин ҳама бинокориҳо дар ноҳияи Бухоро амри маҳол буд. Он замонате, ки дар қурултои соли 1269 дода шуда буд, то охири асри ХIII, чунон ки тазаккур ёфт, эътибори худро гум накард ва ин барои қисман эҳё гардидани на фақат ҳаёти шаҳр, балки, зоҳиран, ҳаёти қишлоқ низ шароити мусоид муҳайё намуд.

Албатта, дар ибтидои асри ХIV ва умуман дар давоми тамоми ин аср, оқибатҳои харобиовари истилои муғул ба куллӣ бартараф нагардид, хоҷагӣ аз сатҳи пешинаи тараққиёти худ ҳоло хеле дур меистод, истисмори сахт ва андозҳои миёншикан ба барқарор намудани хоҷагӣ мамониат мекард ва ҷараёни ин корро ба таъхир меандохт. Юғи асорати муғулҳо барои халқҳои Осиёи Миёна ниҳоят тоқатфарсо буд ва онро ба ягон балову офат баробар карда намешуд.

Ин ҳама маълумот ва мадракҳо диққати асосиро ба марҳалаҳои барқароршавӣ ва пешрафти нисбии, пеш аз ҳама, ҳаёти шаҳр ва тиҷорат ҷалб карда, нуқтаи назари аксари муаррихонро, ки гӯё барои равнақи шаҳрҳо ва тиҷорати дохилӣ фақат ислоҳоти Кабакхон (1318-1326) имконияти воқеӣ фароҳам оварда ва маҳз Кабакхон ҳарҷу марҷи муомилоти пулиро барҳам дода бошад, рад менамоянд.

[1] Якубовский А. Ю., 1932, с. 52–53; Петрушевский И.П., 1960, с. 48 ва мобаъд.

[2] Рашидаддин, II, 1960, с. 141.

[3]Роҷеъ ба тафсили ин ислоҳот ниг.: Давидович Е. А., 1970 а.

[4]Петрушевский И. П., 1949; Чехович О. Д, 1965 а, с. 14.

[5]Чехович О. Д., 1967, с. 75.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …