Главная / Илм / МАНГАН

МАНГАН

manganМАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нуқратоб. М.-ро якумин маротиба олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. М. 0,1%-и қишри Заминро ташкил мекунад. М. дар саноат бо усули электролиз, алоюминотермия ва электротермия ҳосил карда мешавад.
Дар амалияи тиб доруҳои М. – перманганати калий ва хлориди манганро кор мефармоянд.
М. ва пайвастҳои он дар саноати металлургӣ, шишасозӣ, бофандагӣ ва ғ. истифода мегарданд. Ҳангоми бо онҳо кор кардан, мумкин аст дар шакли гарду чанг, аэрозол ва буғ ба роҳи нафас афтанд. Пайвастҳои М. заҳр буда, ба силсилаи асабҳои марказӣ, ҷигар, шуш таъсири бад мерасонанд; бисёр аз пайвастҳои он боиси тағйироти патологӣ дар хун мешаванд.
Барои пешгирии заҳролудӣ аз М. тоза нигоҳ доштани ҳавои ҷои кор, истифодаи респираторҳо, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, пӯшидани либоси махсус муҳим аст. Коргароне, ки бо М. тамос доранд, бояд мунтазам аз назорати духтур гузаранд.

Т. Идрисов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …