Главная / Илм / МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО

tabiatМАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО, хусусияти як қатор бемориҳои сирятист, ки ангезандаи онҳо дар ҳудуди муайян бидуни тамос бо одамон ё ҳайвоноти хонагӣ, дар организми ҳайвоноти ваҳшӣ паразитӣ мекунанд. Чунин бемориҳоро бемориҳои манбаашон табиӣ ва маҳаллеро, ки ангезандаи ин бемориҳо вомехӯрад, манбаи табиӣ меноманд. Мафҳуми «манбаи табиӣ»-ро с. 1938 акад. Е. Н. Павловский пешниҳод кардааст.
Ангезандаи бемориҳои манбаашон табиӣ дар байни ҳайвонот, бештар хояндаю паррандаҳо муттасил дар гардиш мебошанд. Онҳо аз ҳайвонот ба ҳайвонот ва аз ҳайвонот ба одам асосан тавассути ҳашароту канаҳо мегузаранд (гоҳо ба воситаи обу хӯрок низ паҳн мешаванд). М., одатан, дуру дароз боқӣ мемонад.
Одам ё ҳайвоноти хонагӣ дар натиҷаи ба ноҳияи манбаи табиии бемориҳо дохил шудан сироят меёбад. Ба бемориҳои манбаашон табиӣ тоун, туляремия, энсефалитҳо, ҳорӣ, лептоспироз, табларзаҳои хунрез, лейшманиози пӯст, ҳасба ва ғ. мансубанд. Як қатор бемориҳои ҳайвоноти хонагӣ (ҳорӣ, оқсил, лептоспироз, трихинеллез, эхинококкоз ва ғ.) манбаи табиӣ доранд.
Моягузаронии фаъол, мас., зидди тоун, туляремия, энсефалит, сӯхтанӣ ва ғ., инчунин истифодаи воситаҳои хӯсонанда (репеллентҳо), пӯшидани либосҳои муҳофиз, мубориза бо ҳашарот, кана, хояндаҳо тадбирҳои босамари пешгирии бемориҳои манбаашон табиӣ мебошанд. Ниг. низ. Дезинсексия, Дератизатсия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …