Главная / Биология / МАНБАИ ЭНЕРГИЯ ВА СИННУ СОЛИ ЗАМИН

МАНБАИ ЭНЕРГИЯ ВА СИННУ СОЛИ ЗАМИН

Инкишоф ва табдилёбии материяро бе ҷараёни энергия тасаввур кардан мумкин нест. Манбаъҳои энергияеро, ки эволятсияи минбаъдаи моддаро дар Замин таъмин мекунанд, дида мебароем. Роли манбаъҳои энергияро баҳо додан душ-

вор мебошад. Моро зарур аст, ки бемувозинатии шароит, хунукшавии маҳсули реаксия ва дараҷаи муҳофизати онҳоро аз манбаи энергия дида бароем.

zamin

Эҳтимол, ҳар як манбаи энергия (ҷадвали 2.3) ба табдилёбии моддаҳо дар сайёраи мо таъсири калон расонидаанд. Барои чи гуна ба амал омадани ин, албатта, далели объективӣ вуҷуд надорад. Аммо равандҳоеро, ки дар давраҳои хеле қадим дар сайёраи мо мегузаштанд, муайян кардан мумкин аст. Якум, сарҳади вақтро муайян кардан зарур аст. Дуюм, мувофиқи имконият такрор кардани шароити аниқ дар ҳар кадом давраи вуҷуд доштани сайёраҳои муҳокимашуда.

Барои муҳокимаи масъалаи пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ба ғайр аз донистани манбаи энергияе, ки барои табдилёбии материя зарур аст, бояд оиди давом кардани вақти ин табдилёбиҳо тасаввуроти дуруст мавҷуд бошад.

Тараққиёти фанни физика дар замони ҳозира ба биологҳо имконият медиҳад, ки методҳои сермаҳсултари муайян кардани синну соли ин ё он ҷинсҳои кўҳии қабатҳои Заминро истифода баранд.

Моҳияти ин методҳо дар намунаҳо (моделҳо) таҳлил кар- дани таносуби изотопҳои гуногун ва маҳсули охирини таҷзияи ҳастаӣ ва мувофиқии натиҷаҳои тадқиқот аз вақти таҷзияи элементҳои аввалин мебошад (ҷадвали 2.4). Тадқиқотҳо тавассути чунин методҳо ба олимон имкон дод, ки ҷадвали тахминии таърихи заминро аз вақти хунукшавии он 4 млрду. 500 млн. сол пеш то замони ҳозира тартиб диҳанд (ҷадвали 2.5).

Акнун бо истифода аз ин ҷадвали муваққатӣ бояд муайян кунем, ки шароити замини онвақта чи гуна буд, атмосфераи аввалини он чӣ гуна таркиб дошт, ҳарорат, фишор чӣ хел буд, уқёнусҳо кай пайдо шудаанд ва худи Замин чӣ тавр ташаккул ёфтааст?

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

dugonik

ҚОНУНИ БИОГЕНЕТИКӢ

Тамоми организмҳои серҳуҷайра аз ҳисоби тухми бордор ё бордорнашуда инкишоф меёбанд. Инкишофи ҷанин дар ҳайвоноти …