Главная / Илм / МАММОГРАФИЯ

МАММОГРАФИЯ

mamografiyaМАММОГРАФИЯ (Mammographia; юн. pamma – пистони зан ва …графия), рентгенографияи ғадуди шир бидуни истифодаи васоити рентгеноконтрастӣ. М. усули асосии ташхиси бемориҳои гуногуни ғадуди шир, аз ҷумла бемории саратон дар давраҳои аввал мебошад. М.-ро дар ҳолатҳои дар сина пайдо шудани ҷисми сахти пайдоишаш номаълум, аз пистон омадани тарашшӯҳот (агар ба ҳомилагӣ ва синамаконӣ вобаста набошад), мастопатия, киста, фиброаденома ва ғ. таъин мекунанд. М. дар давраи аввали ҳайз (3 – 10 рӯз баъд аз хотимаи ҳайз), дар занҳои аз баҳра монда – дар ҳар вақт гузаронда мешавад.
Бо мақсади М. дастгоҳҳои рентгении махсус – маммографҳо истифода мегарданд. Навор дар ду сатҳ – рост ва паҳлӯ (ё каҷ) бардошта мешавад. Барои тадқиқоти маммографӣ патсиентро махсус тайёр кардан лозим нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …