Главная / Гуногун / МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: АМОРАТИ БУХОРО, ХОНИГАРИҲОИ ҚӮҚАНД ВА ХЕВА

МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: АМОРАТИ БУХОРО, ХОНИГАРИҲОИ ҚӮҚАНД ВА ХЕВА

Чӣ тавре ки ба шумо маълум гардид, дар асри XVIII дар Осиёи Марказӣ се давлати мустақил – Аморати Бухоро ва хониҳои Қӯқанду Хева ташкил ёфтанд. Аз нимаи дуюми асри XVIII то солҳои 60 асри XIX барои ишғоли мулкҳои ҳамдигар дар байни онҳо ҷангҳои сершумор ба амал омаданд. Ин ҷангҳо ба пурқувват шудани Бухоро, Қӯқанд ва Хева халали ҷиддӣ расонданд. Аз тарафи дигар, ҷангҳои байниҳамдигарӣ давлатҳои ин минтақаи Осиёро дар муқобили ҳамдигар нигоҳ медоштанд. Дар шароите, ки давлатҳои империалистӣ барои зиёд кардани мустамликаҳои худ мубориза мебурданд, Бухоро, Қӯқанд ва Хева дар алоҳидагӣ ба онҳо муқобилият нишон дода наметавонистанд.

slide-7

Барои ишғоли Осиёи Марказӣ дар байни Англия ва Русия рақобат вуҷуд дошт. Ҳар кадоми онҳо ҳаракат мекарданд, ки ин минтақаи муносибро аз худ кунанд. Ба Русия бо роҳи дипломатӣ муяссар шуд, Англияро розӣ кунонад, ки аз Баҳри ишғоли Осиёи Марказӣ барояд. Акнун Русия бе рақобати ҷиддӣ бо ягон давлати империадистӣ давлатҳои ин минтақаро ишғол менамояд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …