Главная / Гуногун / МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ВА АФРИКА

МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ВА АФРИКА

Тарақкиёти пуравҷи саноат дар мамлакатҳои пешқадами Европа ва ИМА аз корчаллонҳо майдони васеъи фаъолиятро тақозо мекард. Молҳои истеҳсолкардаи онҳо дар дохили мамлакат ба фурӯш намерафтанд. Ҳукуматҳои ин мамлакатҳо ба сармоядорони бузурги миллӣ тобеъ шуда, манфиатҳои онҳоро ифода мекарданд. Ширкатҳои пуриқтидор аз ҳукуматҳои худ талаб мекарданд, ки ба мустамликазабткунӣ даст зананд. Ҳарчанд мамлакатҳои пурқувваттарини Европа кайҳо боз ба забти мустамликаҳо шуруъ карда, аксари давлатҳои Осиё ва Африкаро ё мустамлика ва ё ниммустамликаи худ гардонида буданд, лекин ин кор то ҳол анҷом наёфта буд.

1385685886_osvobozhdenie_narodov_afriki_1945-1990

Португалия, Испания, Ҳоландия ва Туркия мустамликазабткунии худро ҳанӯз дар асрҳои XV – XVI оғоз карда буданд. Аз паси онҳо ба ин кор Фаронса ва Англия даст заданд. Баъдтар Австрия, Италия, Русия ва ИМА ба мустамликазабткунӣ шурӯъ карданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Германия ва Ҷопон ҳам ба ин қатор дохил гардиданд. Аз ҳама охир ба ин кор Белгия cap кард.

Дар нимаи дуюми асри XIX аксарияти мамлакатҳои Осиё ва Африка ҳанӯз ҳам дар ҳолати асримиёнагӣ қарор доштанд. Ба иқтисодиёти онҳо саноати мошинӣ бо мушкилиҳои зиёде ворид мегардид. Артиши ин мамлакатҳо бо сипоҳи кӯҳнаи пастсифат мусаллаҳ буд. Мамлакатҳои истилогари европавӣ, ИМА ва Ҷопон артиши худро аллакай бо техникаи ҳарбии ҳозиразамони оташфишон мусаллаҳ карда буданд. Онҳо флоти буғии пурқувват ҳам доштанд. Аз ҳамин сабаб мамлакатҳои Осиё ва Африка худро аз таҷовузи мамлакатҳои Ғарб ва Ҷопон муҳофизат карда наметавонистанд.

Дар нимаи дуюми асри XIX мамлакатҳои пешқадами Европа, ИМА ва Ҷопон ба давраи империалистии тараққиёти худ дохил гардиданд. Ин ҳолат барои забти мустамликаҳо рақобати тезу тунди байниҳамдигарии онҳоро ба миён овард.

Нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла, мамлакатҳои Осиё ва Африкаро дар ҳамин ҳолат дарёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …