Дар оғози нимаи дуюми асри XIX аксарияти давлатҳои араб мисли пештара мустамликаи империяи Усмониён буданд. Дар баробари ин як қатор мамлакатҳои Европа барои ба даст даровардани мустамликаҳои арабии Туркия мубориза мебурданд. Вазъи асримиёнагӣ ба давлатҳои араб имконият намедод, ки ба муқобили таҷовузи хориҷӣ истодагарӣ карда тавонанд.
Азбаски дар ин давра империяи Усмониён ба бӯҳрони шадиди феодалӣ гирифтор шуда буд, ба дастдарозкунии мамлакатҳои империалистӣ ба таври бояду шояд муқовимат карда наметавонист. Барои ҳамин, баъди муқовимати начандон зиёде маҷбур мешуд, ки мулкҳои арабии худро паси ҳам ба онҳо вогузор кунад.
Ба мамлакатҳои араб воридшавии сармояи мамлакатҳои абарқудрати Европа кайҳо сурат гирифта буд. Дар нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX бошад, ба ниммустамлика ва ё мустамликаи давлатҳои импералистӣ табдил ёфтани ин мамлакатҳо анҷом меёбад.