Главная / Маданият ва санъат / Кашидадӯзӣ: Маълумоти мухтасар ва таърихи он

Кашидадӯзӣ: Маълумоти мухтасар ва таърихи он

Санъати кашидадӯзӣ (гулдузӣ) таърихи бисёрасра дорад. Дар асри IХ- ХII кофтуковҳои давраи руси қадим мавҷуд будани кашидадӯзӣ далолат медиҳад. Ин маснуоти ёфташуда аз гулҳои базеб, зебо ва нафис аз ресмонҳои зардӯзӣ, порчаҳои сару либос иборат аст. Дар замонҳои қадим либосҳои одамони номдор, шоҳон либосҳои подшоҳ, одамони мансабдор, шахсони дар масҷиду ибодатхонаҳо буда. Аз ресмонҳои зардўзӣ оро медоданд.

Анъанаҳои санъати кашидадӯзӣ мунтазам тараққи мекунад. Дар асрҳои ХIV- ХVII либосҳои ҳаррӯзаро аз кашидадӯзӣ оро додан васеъ паҳн шуд. Санъати кашидадӯзӣ оҳиста-оҳиста, дар ҳама ҷойҳо паҳн шуд. Аз асри ХVIII сар карда кашидадӯзӣ дар сачоқчаҳо, дастархон, сачоқҳои гуногунҳаҷм, чойнакпӯшҳо, пешдоман, сарпӯшу, сарбандҳо, рӯмолу сӯзанӣ, ҷойнамоз, ва дигар лавозимоти рӯзғор расм шуд.

Кашидадузи

Усулҳои кашидадӯзӣ аз гул ва рангҳои он муҷассамкардашуда аз авлод ба авлод гузашта, аз нав коркард шуда намунаҳои такрорнашаванда пайдо мекард.

Кашидадӯзӣ то имрӯз мавқеи худро гум накарда расида омадааст. Кашидадӯзӣ намуди ҳунари халқист, ки дастӣ бо сӯзан, ё чангаки махсус ва ё ба воситаи мошини махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун, пӯст ва ғайра бо ресмонҳои пахтагӣ, абрешимӣ, пашмӣ, нахҳои зарҳалию нуқрагин, инчунин бо марҷону сангҳои қимматбаҳо,

пулакчаҳои рахшон, марворид, танга ва ғайра ба иҷро мерасад. Дар матоъҳои дурушт низ гул дӯхта мешавад. Кашидадӯзиро барои ороиши сарулибос, ҷиҳози хона ва дигар васоити зиндагӣ истифода мебаранд.

Асбобҳои асосӣ кашидадӯзӣ-ин сӯзанҳои гуногун, ресмонҳои абрешимин, қайчӣ, ангуштпона, чанбарак, қасқон ва чорчӯба. Кашидадӯзиро пеш аз сар кардан сӯзан, ресмон ва ғафсии матоъро ба назар гиред.

Барои осонии кор ресмон набояд аз 50-60 см дароз бошад қайчичаи нӯгтези дарозиаш 10-12 см истифода бурдан лозим аст.

Дар бисёр навъҳои кашидадӯзӣ чанбарак истифода намебаранд. Кашидаро бо ангуштони дасти чап таранг дошта меистанд. Сӯзанро ба матоъ халонида ба ангушти миёнаи ангуштпонадори дасти рост тела медиҳанд.

Ҷиҳози ороишӣ: сӯзанӣ, рӯймол, ҳамён, дастархону сачоқча ва ғайра ороиши ба худ хос дошта, ба тарзи махсус дӯхта мешаванд.

Дар мавриди набудани андоза аз кашида тайёр нусха бардоштан мумкин аст. Дар вақти кашидадӯзӣ ва гулдӯзиҳои гуногун пеш аз оғози кор ресмонро бо чунин усул дар матоъ маҳкам мекунанд.

1.Ҷоеро, ки оянда бо гулдӯзӣ пӯшида хоҳад шуд, як чанд гиреҳи майда мекунанд.

2.Гиёҳи дуюм мепӯшонанд, минбаъд ба охир расонида, ресмонро бо кӯкҳои майда намудҳоро ба вуҷуд медоранд.

Кашидадӯзии тоҷикон ба ду навъ чудо кардан мумкин:

  1. Кашидадӯзии тоҷикони кӯҳистон ва кашидадӯзии тоҷикони водинишин.
  2. Кашидадӯзони водӣ бештар ба ороиши ҷиҳози сарулибос аҳамият медиҳанд.

Аз қадим зиёда аз 700 навъи нақши кашида маълум аст. Махсусан нақшу нигори куртаҳои занони Кӯлоб, Қаротегин, Бадахшон, Дарвоз, Хуҷанд, Истаравшан қимати баланди бадеӣ доранд.

Асосан бари домон, гиребон, остин, тахтапушти куртаҳои миллӣ ва пешдоман, домон, шим, нимтана, кофточкаҳо ва ғайра оро дода мешавад.

Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ашт, Мастчоҳ, Кӯлоб, Қаротегин марказҳои кашидадӯзии ҷиҳози хонаанд.

Умуман, ду намуди кашидадӯзӣ маълум аст:

  1. Тору пуди матоъро ҳисоб карда дӯхтани кашида.
  2. Ба матоъ нақши кашида бо кӯки озод кашидадӯзи кардани он.

Кашидадҳои озод ҳамеша аз рӯи расми дар матоъ, инчунин чарму картон, дӯхта мешаванд махсусан гулдӯзии яктарафа маълум аст. Он аз тарафи рост ба чап дӯхта мешавад.

Гулро кӯкҳо дар тарафи роста қариб пурра мепӯшанд, дар тарафи чаппа фақат тархи нақш мемонанду халос, онро бо мӯлина (ресмони ғафси 3-6 тора) ё ресмонҳои мӯйинаи сурх, кабуд, сабз зард медӯзанд, ки ба туфайли он хеле ҷозибадор мебарояд.

Кашидаи барҷаста барои ороиши либоси тагпӯш, либоси миллии занон, мардон, рӯйҷо, ҷилди кӯрпа, дастрӯймолча, рӯпӯшакҳои нафис ва ғайра истифода бурда мешавад.

Оё шумо медонед, ки Кашидадӯзи машҳури Ҷумҳуриии Тоҷикистон Зулфия Баҳридинова

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …