Главная / Илм / МАЛПИГИ

МАЛПИГИ

malpigiМАЛПИГИ (Malpighi) Марчелло (10. 03. 1628, Кревалкоре – 30. 11. 1694, Рим), биолог ва духтури италиявӣ, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Дар Ун-ти Болоня таҳсил кардааст. Доктори илмҳои тиб (аз 1653), проф. (1656 – 91). Яке аз асосгузорони анатомияи микроскопии растаниҳо ва ҳайвонот. Бо ёрии микроскоп трахея ва гардиши капиллярии хунро кашф намуд, сохти ҳуҷайрагии растаниҳо, куррачаҳои лимфавии сипурз, гурда, хун, алвеолаҳои шуш, узвҳои ихроҷи тортанакшаклҳо, бисёрпойҳо, ҳашарот ва ғ.-ро баён кард; дар хусуси роли баргҳо дар ғизогирии растаниҳо фикри худро изҳор намуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …