Главная / Маданият ва санъат / МАКТУБ БА ДУГОНА

МАКТУБ БА ДУГОНА

 Дугонаҷон Дугона.
Ману ту як дурдона,
Ту донаву ман дона,
Донаҳои дулона.

Дуруд бар ту Дугонаи деринами ман Гулсанам!

Агар туро ёдат бошад манн ҳамон дугонаи кудакият бо номи «Шаҳрия» ки замонҳое дар деҳаи Сумбулаи ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекардем вале аз рузе ки ту оиладор шуда ба шаҳри Кулоб рафти дигар аз ту ягон хабаре ҳам надорам.

dugona

Сабаб дар он ки ман ҳам 5-сол шуд ки инҷониб ба шавҳар кардаму ба ноҳияи Панҷакент кучидаам ва дар як сол 1-маротиба ба аёдати падару модарам меравам, ки онҳо ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ менамоянд ва аз ҳамсояҳои кӯҳна касеро хам намедонам.

Дируз дар бозор як занеро дидам ки ба ту хело монанд буд ва  вақте пурсон шудам маълум шуд ки ӯ апаи калонии ту будааст ва тавассутуи ӯ суроғаи туро ётфам ва ин номаро акнун ба ту ирсол менамоям.

Дугонаҷон чихел ҳастӣ? Чанд фарзанд дориву саломатиҳоят хубанд?  Б очи корҳо машғуливу дар куҷоҳо зиндагӣ дорӣ. Агар рақамҳои телефон ва суратҳои оилавиатро равон намоӣ хеле хурсанд мешудам.

Худи ман ҳоло бо 1 писару ду духтарам дар қишлоқи Боғистони ноҳияи панҷакент зиндагӣ дорем ва шавҳарам сандуқсоз аст. Зиндагиамон бад нест. Калониям писари 9 сола аст ва духтарҳоям холо мактаб намераванд. Бо Хусуру хушдоманам зиндагӣ мекунем. Гову гусфанд ва хулас боғи мевагӣ ҳам дорем.

Ҳарчи зуддтар ба ман мактуб навис ва марҳамат карда ба тарафҳои мо меҳмон бишав бо ахи оилаатон.

Дар паноҳи Аллоҳ боши Дугонаҷон !

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …