Главная / Гуногун / Мактуб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намунаи нома)

Мактуб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намунаи нома)

Ба Пешвои миллат Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Аз навиштани мактуби мазкур ба Шумо вобаста ба масъалаи баргашта гирифта натавонистани маблағҳои амонатии муҳлатноки худ ки дар ТоҷиксодиротБонк гузозоштаам изҳори мусоидат мепурсам.

Тибқи шартнома ман охири соли 2014 дар Бонки зикршуда маблағи муайянеро барои нигаҳдорӣ ҳамчун амонати муҳлатнок гузошта будам ва бо ба охир расидани муҳлати ин амонатҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, ҳоло онҳоро кайҳо боз баргашта гирифта наметавонам.

Муроҷиати пайдар пайи ман ки вақти қории маро мегираду садди роҳи ҳалли мушкилоти фаъолиятам шудааст, ки ин ҳам бошад бар сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои худ аз ҷониби Бонки зикршуда ба эҷод шудани мушкилоти нав пайдо шуда истодааст.

Албата пӯшида нест, ки дар қатори ман боз нафарони дигар ҳам пули худро аз ин бонк гирифта натавониста истодаанд, вале то ҳол маълум нест, ки кай пулҳои худро мо баргардонида мегирем ва мушкилоти зиндагии худро бартараф карда дар тараққӣ додани соҳибкории худ ҳисагузор шавем.

Бо таъин шудани роҳбарони нави ин бонк умедвор будам, ки акнун каме бошад ҳам маблағамро қисм қисм баргардонида мегирам вале аз омадани роҳбарони нав аз Бонки миллӣ мутаасифона ҳолат баддар шудааст ва ягон қадар пуламро гирифта наметонам.

Дар васоити ахбори омма гуфта шудааст, ки саҳмияҳои бонкро шояд Бонки аврупои ё араб мехарад вале ин кор эҳтимолияти дар амал тасдиқ нашуданаш ҳам бошад. Ба ҳар ҳол мушкилии мо шаҳрвандон зиёда шуда истодааст.

Бо навиштани мактуби мазкур мехостам мусоидат аз гирифтани амонатҳо мепурсам ва мехостам бидонам ки кай онҳоро ба ман бармегардонанд.

 

Бо эҳтиром,

Зафари Аюб

Тел: 555-444-333

Ба Пешвои миллат –  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

         Ба Шумо Ҷаноби олӣ пеш аз ҳама барои корҳои ободониву созандагӣ дар ватани азизу биҳишиамон миннатдорӣ баён намуда дар баробари мактуби мазкур аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сари ҳалли як масалаи басо муҳим мусоидат намоед.

         Аз номи мардуми деҳаҳои  ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳрианав, ки дар он зиёда аз 300 гектар замини боғиву полезӣ мавҷуд буда дар он зиёда аз 15 000 аҳолӣ зиндагиву шуғли меҳнат менамоянд мактуби муроҷиатии мазкур омода шудааст.

         Дар қисмати шарқии ин ҷамоат солҳои охир  аз моҳи июн – июл то фарорасии зимистон масъалаи об хеле ташвишовар шуда боғу токзор ва ҷумла ҳаммаи заминҳои корам аз набудани об сол-то сол қисм-қисм зарар дида истодааст, ки ин дар навбати худ ба иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардуми меҳнатии ин минтақа таъсири манфӣ расонида истодааст.

         Тибқи маълумотҳои мавҷуда сабаби набудани об дар ҷуйбори тавассути деҳаҳои Питомник ва Савда (Ғозималик) мегузашта дар фасли тобистону тирамоҳ ин камоб будани дарёи қаратоқ мебошад.

Чихеле, ки медонед соли ҷорӣ аз хеле кам барф боридан дар кӯҳҳо масъалаи об боз ҳам вазнин аст ва барои ҳамин ҳам барои нобут нашудани боғу токзор ва бо мақсади ҳалли масъалаи мазкур зарурияти насби насоси обкашӣ ба канали калони Ҳисор аст, ки маблағи тақрибан 250 ҳазор сомонӣ лозим аст.

         Бо назардошти набудани чунин маблағи калон дар истиқоматкунандагони ин деҳа зарурияти ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардан ба миён омад. Чунки муроҷати масъалаи мазкур дар сатҳи ноҳия ва ҷамоат бо назардошти вазнин будани вазъи молиявӣ ҳалли худро ёфта натавониста истодааст.

Деҳқонони ин деҳаҳо барои пешгирӣ кардани нобутшавии дарахтоне ки зиёда аз 20-30 сол папварида истодаанд хеле дар ташвиш ҳастанд.

         Барои ҳамин ҳам муҳтарам Ҷаноби Олӣ, шумо ки доимо вобаста ба масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ масъалагузорӣ менамоед ва вобаста ба дарёфти захираҳои грантӣ ё захираҳои молиявии дахлдор мусоидат карда метонед, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ҳалли масъалаи мазкур  кумаки худро дареғ надоред.

Бо камоли эҳтиром,

Сокинони деҳаҳои Питомник ва Савда :

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …