Главная / Маданият ва санъат / Мактуб ба Модар (Нома ба Очаи Ҷон)

Мактуб ба Модар (Нома ба Очаи Ҷон)

Нома барои Модар навиштан ин амалӣ хотиравӣ буда аз замонҳои кадим вақте, ки кас аз хона ба маконҳои дурр мерафт пас дар навиштани он моил мешуд. Мактуб ба Модар навиштан ин кори нозук ва хотиравист ва барои ҳамин ҳам дар навиштани он бояд фақат ахбори хубро асосан менависанд. Барои шумо намунаи чунин номаҳоро дар поён оварда шуддаст.

Мактуб ба модар

Нома аз номи донишҷӯе, ки дар хориҷа таҳсил менамояд

Ассалому алейкум Модари меҳрубону азизи ман!

Алҳол ба дастам қаламро гирифта ба Шумо номае менависам, ки дер боз мехостам бароятон ирсол намоям вале бо вуҷуди як қатор мушкилиҳо натавонистам, ки инро анҷом диҳам.

Пеш аз ҳама дар сарсухани мактубам ба Шумо Модарҷон мехостам, ки гуям Хело ёдат кардам ва ҳатто шабҳо туро хоб дида номатро бар забон меорам. Медонам ки дунёи фонӣ ки онро замони гузарон меноманд ба аз дидори ту марои сер наметавон кард вале ба ҳар ҳол ҳар куҷое бошам ту дар қаби манӣ.

Ҳоло ман дар кишвари Фаронса, ки таҳсили худро давом дода истодаам саломатиям хуб аст ва аз гирифтани донишу забондонӣ хеле худро руҳан нағз ҳис мекунам. Дар пойтахти ин кишвар ки шаҳри Париж аст хеле зебо мебошад. Мардумаш хушгуфтору шаҳр тозаву озода мебошад.  Манн аз ин мардум ва мардуми муҳоҷире ки аз дигар кишварҳо ба инҷо омада фаъолияту шуғл меварзанд  хеле чизҳоро омухта истодаам.

Модарҷон! Хеле шудааст, ки аз ту ман мактуб нагирифтаам ва шояд ягон сабабе бошад? Саломативу корҳоят чи тавр ҳастанд? Падарам, Бародару ҳоҳараконам ва Бибиву Бобоям хуб ҳастанд?

Ман бароят ва аҳли оилаамон хушбуиҳоро бо ин мактуб зам карда ба Шумоён ирсол менамоям.

Насиб карда бошад ҳафтаи оянда бо дустони худ барои тамошо ба дигар шаҳрҳои Фаронса хоҳем рафт. Бароям ин кишвар хеле писан даст ва ҳаммаи ин ба шарофати Шумо ва Падари бузургам ва албатта бобову бибиям аст. Аз ин хотир ба ҳамаи шумоёт миннатдорӣ баён менамоям ва мехоҳам ки доимо саломату сарбаланд бошед.

Агар ягон масъалае бошад ки дар ҳалли он мушкилӣ доред пас нома нависед Очаҷон! Ман ҳатман кӯшиш мекунам, ки дар ҳалли он чора андешам.

ИншоОллоҳ соли оянда таҳсилро тамом менамоям ки баром ин хеле сарфарозист, чун ки соҳиби касби инжинери соҳаи гидроэнергетикӣ мешавам ва мехоҳам дар обод кардани кишвари худ саҳмгузор шавам.

Ман суханҳои худро дар ин мактуб бо садҳо бусса ба хоҳараки хурдакакам ба охир расонида номаи  шуморо модарҷон мунтазирам.

Бо эҳтироми беандоза,

Сафари Рустамзода.

20.02.2018 

Мактуб аз номи муҳоҷири меҳнатие, ки дар Руссия кор мекунад.

Ассалому алейкум Модари ба ҷон баробарам,

Ин қоғази сафеде, ки дар даст дорӣ он ҳазорон километрро ва даҳҳо рӯзро сафар карда ба дастони ту расидааст, ки ин имкониятро ҳоло ман надорам.

Туро Модарҷон хело ёд кардам ва дар ин кишвари бегона аз дидори ту пазмон шудаам ва мехоҳам ҳарчи зуддтар ба наздат баргардам вале худ медони ки дар ватанамон ёфтани кори лоиқ хеле мушкил аст.

Инҷо Руссия кишвари хунук ва мардуми гуногун, ки моро ҳар замон таҳқир мекунанд дилгир кардааст вале чӣ илоҷ. Лек ту зиқ нашав Модарҷон. Ман ва бародаронам ки ҳамҷоя ҳастем ва дар сохтмони хонаи замонави машғулем. Тасмим гирифтаем, ки дар охири сол корҳоямонро тамом карда ба ватан бармегардем ва чун ҳамасола дар гирди сандалиҳона қурутоби дустдоштаамонро хоҳем хурду бо кудакону  хешовандонамон хурсандиамонро зиёда хоҳем кард.

Як сиро мехостам ба Шумо гуям Модарҷон!  Ба акаам барвақтар зан диҳед вагарна у соҳиби зани русс шуда шояд дар ин мулк муқимӣ шуда монад.

Ҳозирҳо мисли солҳои пештара маошҳоямон баланд нест ва дар як моҳ тақрибан 200 доллар ҷамъ мекунаму халос,

Писари кенҷаи ту Парвиз.

20.05.2018

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …