Главная / Ҷамъият / МАҶМЎИИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ ШУҒЛИ БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА

МАҶМЎИИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ ШУҒЛИ БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МАҶМЎИИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ ШУҒЛИ БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА (ҒАЙРИРАСМӢ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади иҷрои банди 2.4.1 “Нақшаи татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи маҷмўии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 феврали соли 2015 № 104

ш. Душанбе

 

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …