Главная / Гуногун / Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳокимияти қонунгузор ва мавқеи он дар таҷзияи ҳокимияти давлатӣ Ҳокимияти қонунгузор дар ҷараёни идоракунии давлат мавқеи марказӣ дорад, зеро тибқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин навъи ҳокимият аз ҳама муҳимтар аст. Ҳокимияти қонунгузор талаботи умумиҳатмиеро пеш мегузорад, ки ҳокимияти иҷроия онҳоро бояд дар ҳаёт татбиқ намояд ва ин талабот барои фаъолияти мақомоти судӣ низ ҳамчун асоси қонунӣ хизмат мекунанд.

Дар давлатҳои пешрафтаи демократӣ парламент – мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ ба ҳисоб меравад. Вай соҳибихтиёрии халқро ифода карда, иродаи мардумро дар шакли қонун пешниҳод менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст, аз ин рў, мувофиқи талаботи демократия халқ бояд баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ бошад. Ҳокимияти давлатиро халқ бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар давлати демократӣ маҳз ҳокимияти қонунгузор воситаи боэътимоди ифода кардани орзуву мароми оммаи васеи мардум ва манфиату талаботи он аст. Ҳокимияти қонунгузор манфиату иродаи халқро тавассути парламент- мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ ҳимоя мекунад.

parlumon

Унвон ва сохтори парламент дар кишварҳои олам вобаста ба хусусиятҳои миллии тараққиёт гуногун аст. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парламентро Конгресс, дар Федератсияи Россия  – Маҷлиси Федералӣ, дар Полша – Сейм, дар Дания Фолкетинг меноманд.

Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ ном дорад. Вобаста ба шакли идоракунӣ ва тарзи давлатдорӣ, инчунин шакли сохтори давлатӣ (ягона, федеративӣ ё конфедеративӣ будани мамлакат) парламентҳо якпалатагӣ ё дупалатагӣ мешаванд.

Масалан, дар Маҷористон, Финляндия, Дания, Полша ва дигар кишварҳо парламент якпалатагӣ, дар Амрико, Австрия, Британияи Кабир дупалатагист.

Ҳар палата ба худ унвоне дорад, масалан дар Амрико – Палатаи намояндагон ва Сенат, дар Австрия – Шўрои Иттифоқ ва Шўрои миллӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ парламент аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои дахлдори конститутсионӣ ҳар яке аз онҳо доираи муайяни вазифа ва салоҳияту ваколат доранд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 9-ум эълон кардааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ҳамчун давлати демократӣ дар Тоҷикистон ҳокимияти қонунгузор имтиёзи бештаре дорад, вай нисбат ба ҳокимияти иҷроия ва судӣ мустақил буда, аз онҳо вобастагие надорад. Ин гуна мустақилияти комил аз табиати сиёсиву ҳуқуқии худи мақомоти қонунгузор бармеояд. Тасаввур кардан мушкил аст, ки ягон рукни ҳокимият, ягон мақомот ва муассисаву ташкилот ва умуман равиши табиии зиндагии мардум бе қонунгузорӣ вуҷуд дошта тавонад. Асоси пешрафти давлат ва ҳама соҳаҳои ҳаёти онро санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ, яъне мавҷудияти қонунҳои одилона ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгў ташкил медиҳанд. Маҳз ба шарофати қонунҳо ҷомеа ба таври муназзам, яъне роҳу равиши муайян ва мураттаб пеш меравад ва тараққӣ мекунад.

Аз ин рў, Маҷлиси Олӣ – парламент дар рушди ҳама соҳаҳои Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Аммо ин ақида набояд ба он маънӣ фаҳмида шавад, ки парламент комилан аз дигар шохаҳои ҳокимият ҷудост. Дар тамоми кишварҳое, ки сохти ҷумҳуриявӣ доранд, миёни ҳар се шакли ҳокимият алоқамандиву ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Ин ҳамкорӣ бо роҳу воситаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Масалан, баробари вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, яъне аъзои парламент инчунин Ҳукумат ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо Ҳукумат низ иштирок мекунад, танҳо салоҳияти қабули қонунҳо ба ўҳдаи Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

  1. Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олиро ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор муайян кардааст. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон» аз 19 апрели соли 2000 дар моддаи 1 Маҷлиси Олиро «дорои ҳокимияти олӣ ва мақоми ягонаи қонунгузорӣ» тавсиф намудааст.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки дар низоми қонунгузорӣ ва фаъолияти қонунгузорӣ якдигарро пурра мекунанд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, вакилони он ғайр аз фаъолияти қонунгузорӣ ба кори дигар машғул намешаванд.

Танҳо ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ шуғл варзида метавонанду халос. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ бошад, даъватӣ аст. Барои фаҳмо шудани тарзу усули фаъолияти ин маҷлисҳо таркиби онҳоро дида мебароем.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ви-

лоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ў аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.

Мўҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рўзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли иҷлосияҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мекунанд.

Шўрои Маҷлиси миллӣ ва Шўрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо амалӣ мегардонанд.

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҳам хеле шабоҳат дорад, чунончи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ доранд, ки фикри худро озодона баён намоянд, мувофиқи ақидаи худ овоз диҳанд, онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд, онҳоро ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданашон дар ҷои содиршавии ҷиноят.

Ҳамчунин онҳо мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намуда аст.

Масъалаи маҳрум намудани дахлно пазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии кишвар, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, инчунин парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аст. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя чунин салоҳият доранд:

  1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат.
  2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда.
  3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон.
  4. Таъини интихоботи Президент.
  5. Қабули истеъфои Президент.
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ.
  7. Баррасии масъалаҳои дахлнопазирии Президент.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва Паёми худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар пешниҳод менамояд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ў содир шудани хиёнат ба давлат қарор қабул менамоянд.

Қарор оид ба ин масъала бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдорони на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд ва дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ қабул карда мешавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунанд.

Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилон қабул карда мешаванд.

  1. Маҷлиси миллӣ

Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парламенти ҷумҳурӣ мебошад. Фаъолияти он ба монанди Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия мегузарад.

Чунонки дар боло қайд кардем, фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ буда, соле на камтар аз 4 маротиба аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.

Қонуни канститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Маҷлиси миллиро ба таври зайл муайян кардааст:

  1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо.
  2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент.
  3. Ҳалли маъалаи бекор кардани дахлнопазирии Раис, муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ.
  4. Ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ў.
  5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси миллӣ ҳамин аст, ки он қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар сурати бо Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон бекор мекунад.

Инчунин Маҷлиси миллӣ ҳақ дорад маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иҷро накардани онҳо пароканда намояд.

Шўрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ ба шумор меравад ва фаъолияти он мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси миллӣ сурат мегирад.

Шўрои Маҷлиси миллӣ чунин ваколатҳо дорад:

1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

2) таҳия кардани лоиҳаи рўзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;

4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагон;

5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;

6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;

7) таҳлили таклифу эродҳои аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён шудаанд ва аз рўи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор, инчунин дигар ваколатҳо , ки қонун муайян кардааст.

Маҷлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад. Номгўй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муайян мекунад. Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ба мўҳлати салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ, бо овоздиҳии кушод ва тарафдории аксарияти шумораи мумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд.

Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ низ таъсис медиҳад. Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳо аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешавад.

  1. Маҷлиси намояндагон Маҷлиси намояндагон палатаи доимоамалкунанда ва касбии парламенти мамлакат аст. Фаъолияти он ба монанди Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 35 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад.

Вай ба ҷуз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ наметавонад ба фаъолияти дигар машғул шавад.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон хеле васеъ мебошад. Он масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ба муҳимтарин соҳаҳои ҳаёту давлату ҷомеа дахл доранд.

Чунончи:

  • – таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  • – ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ;
  • – тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • – ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  • – тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  • – таъйини раъйпурсӣ;
  • – таъсиси судҳо;
  • – тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  • – тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  • – тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ў;
  • – муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  • – муайян намудани маоши Президент;
  • – амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва назоратро аз болои иҷрои он ба роҳ мемонад. Ҳукумат лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Қонун дар бораи буҷети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рўз ба Президент барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.

Агар Президент ба қонун ё қисме аз он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рўз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад.

Дар сурати баррасии такрорӣ агар қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Шўрои Маҷлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон буда, ба ҳайати он Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд.

Шўрои Маҷлиси намояндагон дорои салоҳияти зерин аст:

  • – ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон.
  • – таҳияи лоиҳаи рўзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон,ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;
  • – танзими фаъолияти кумитаю комиссияҳо;
  • – таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллӣ ва Шўрои

Маҷлиси миллӣ;

– ташкили банақшагирии корҳои марбут ба тартиб додани лоиҳаҳои қонунҳо;

– пешакӣ баррасӣ намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки қонун муайян кардааст;

– таҳлили таклифу эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд ва аз рўи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор.

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурўҳҳо муттаҳид шаванд.

Фраксия ё гурўҳ камаш аз панҷ вакили Маҷлисинамояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон хаттӣ

хабар дода, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ воқиф гардонида мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурўҳ имзо кунад.

  1. Фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олӣ Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйирот ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро таклифи қонунгузорӣ меноманд, ба амал бароварда мешавад.

Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон ба тариқи амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фиристода мешаванд, аммо лоиҳаи қонунро дар бораи авф – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар ва бекор кардани андоз бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Бояд гуфт, ки ҷараёни қонунгузорӣ маҷмўи амалҳоеро фаро мегирад, ки ба воситаи онҳо фаъолияти мақомоти қонунгузор дар ҳаёт татбиқ мегардад.

Ҷараёни қонунгузориро аксар олимони ҳуқуқшинос ба чор давра тақсим кардаанд:

1) пешниҳоди лоиҳаи қонун ё ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ;

2) муҳокимаи лоиҳаи қонун дар кумита ва комиссияҳои парламент ва баъдан дар палатае, ки масъулияти қабули қонунро дорад;

3) қабули қонун; 4) ҷонибдорӣ ва имзову нашри қонун.

Ҳамин тавр, мувофиқи қонун лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маҷлиси намояндагон расидаро Шўрои Маҷлиси намояндагон барои муҳокимаи пешакӣ ба кумитаву комиссияҳои дахлдор мефиристад. Мақомоти дахлдор хулосаҳои худро оид ба лоиҳаи қонун барои муҳокима ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд.

Дар доираи салоҳияти худ Маҷлиси намояндагон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад, ки онҳо ба 3 гурўҳ тақсим мешаванд: 1) қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 3) қарорҳои Маҷлиси намояндагон.

Қабули қонунҳо ваколати асосии Маҷлиси намояндагон аст. Қонунҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегарданд. Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, ғайр аз қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Назорат аз болои иҷрои буҷети давлатӣ низ ба ўҳдаи Маҷлиси намояндагон мебошад.

Аз нигоҳи дараҷаи эътиборнокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъд аз Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ дар ҷои дуввум қарор доранд. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул карда мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст.

Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтараз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ онҳоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар сурати бо қарори

Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулшуда ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдоришуда дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд. Агар Президент бо қонун ё як қисми он розӣ набошад, қонунро дар

давоми понздаҳ рўз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Баъдан бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии қонун дар матни пештар қабулшудааш агар бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор медиҳад.

Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар ҳолати баррасии такрорӣ агар қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Саволҳо:

  1. Мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст? 2. Сохтори парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
  2. Фаъолияти Маҷлиси Олиро кадом санади ҳуқуқӣ танзим мекунад?
  3. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ чӣ тавр сурат мегирад?
  4. Умумият ва тафовути вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро муайян кунед. 6. Дар ҷаласаҳои якҷояи палатаҳо кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд? 7.Салоҳияти Маҷлиси миллиро номбар кунед. 8.Киҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд?
  5. Ҳайати Маҷлиси миллӣ аз чанд нафар иборат аст?
  6. Салоҳияти Маҷлиси намояндагонро шарҳ диҳед.
  7. Мақсади ташкили фраксия ё гурўҳҳои вакилон аз чӣ иборат аст?
  8. Маҷлиси намояндагон кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул мекунад?13.Кадом лоиҳаи қонунро танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи пешниҳод намудан дорад?
  9. Ҷараёни қонунгузорӣ кадом давраҳоро дар бар мегирад? 15.Саҳми Шўрои Маҷлиси намояндагон дар омода намудани лоиҳаи қонунҳо чӣ гуна аст?
  10. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба кадом масъалаҳо қабул карда мешаванд?
  11. Тартиби қабул намудани қонунҳои конститутсиониро шарҳ диҳед.
  12. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, он гоҳ амалиёти Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ чӣ гуна сурат мегирад?

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …