Хабарҳои охирин

КАРАМ

karam

КАРАМ, сабзавотест маъмул. К. сабзавоти қадимист. 4 ҳаз. сол пеш баргкарам, гулкарам, карамшалғам, каллакарам ва ғ.-ро мепарвариданд. Бино ба маъхазҳои таърихӣ, каллакарами сафед аслан аз мамлакатҳои соҳили б. Миёназамин аст. Каллакарами сафед маъмултарин навъи К. буда, дар тамоми мамлакатҳо парвариш мешавад. К. ба миқдори зиёд карбогидратҳо, сафеда, намакҳои минералӣ ва …

Муфассал »

КАРАНТИН

karantin

КАРАНТИН (Quarantine; итал. qarantena, аз quaranta giorni – чил рӯз), тадбирҳое, ки баҳри пешгирӣ кардани густариши бемориҳои сироятӣ (тоун, вабо, нағзак ва ғ.) андешида мешаванд. К. аввалин маротиба дар Италия (а. 14) ба вуҷуд омадааст; киштиҳоеро, ки аз маҳалҳои вабозада меомаданд, дар бандар чил рӯз нигоҳ медоштанд. Ҳангоми хатари паҳн …

Муфассал »

КАРАФС

karafs

КАРАФС (Apium graveolens), карафш, гиёҳест дусола. Аз 20 то 150 см қад мекашад. Пояаш рост, сершох; баргаш пармонанд, гултӯдааш чатрнамо, гулаш майдаи сафед ё сабзтоб. Моҳи июл гул карда, донаш авг. – сент. мепазад. Одатан дар заминҳои партов, канори ҷӯй, рӯди кӯҳӣ, обанбор ё шибару ботлоқҷойҳо мерӯяд. Дар кӯҳи Мевағул, …

Муфассал »

КАРБАМИД

karbamid

КАРБАМИД, мочевина, дурдаи пешоб, H2NCONH2, амиди пурраи кислотаи карбонат, амиди кислотаи карбамин. Кристалли беранг, t гуд. 132,7°С, дар об, спирт, аммиаки моеъ, ангидриди сулфит нағз ҳал мешавад. К.-ро аввалин бор химики франсавӣ И. Руэлл (1773) аз пешоб ҷудо ва химики немис Ф. Вёлер (1828) дар натиҷаи гармкунии сианиди аммоний (NH4NCO) …

Муфассал »

КАРБОГИДРИДҲО

karbogidratho

КАРБОГИДРИДҲО, синфи пайвастҳои органикӣ, ки молекулаашон танҳо аз атомҳои карбон ва гидроген таркиб ёфтааст. К. аз ҷиҳати сохти молекула асикилӣ ё худ алифатӣ (карбогидридҳое, ки дар молекулаашон атомҳои карбон бо ҳам хаттӣ ё шоханок пайваст шудаанд) ва изосиклӣ ё худ карбосиклӣ (карбогидридҳое, ки молекулаашон шакли ҳалқагӣ доранд) мешаванд. К.-и гурӯҳи …

Муфассал »