Хабарҳои охирин

КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД

kamhunii-navzod

КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД (Morbus haemolyticus neonatorum), бемории шадиде, ки бинобар аз рӯи гурӯҳҳои хун ва резус-омил мувофиқат накардани хуни модару ҷанин пайдо мешавад. Дар эритроситҳо (ҳуҷайраҳои сурхи хун)-и бисёр одамон моддаи махсусе вуҷуд дорад, ки он аввалин бор аз хуни маймуни зоти макака-резус ҷудо карда шудааст (аз ин сабаб онро …

Муфассал »

КАМХУНӣ

kamhuni

КАМХУНӣ (Anaemia; аз юн. oin – ҳиссачаи инкорӣ ва haima – хун), анемия, беморие, ки ба он кам шудани миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хун хос аст. К. дар натиҷаи ихтилоли раванди хунҳосилшавӣ, талафи хун, вайрон шудани заррачаҳои сурхи хун (эритроситҳо), нуқси кори мағзи устухон, ки узви асосии хунофар аст, пайдо …

Муфассал »

КАНА

kana

КАНА, як гурӯҳ ҷонварони тортанакшакли бемӯҳра. Зиёда аз 10 ҳаз. намуди К. маълум аст, ки дар ҳама ҷо паҳн шудаанд. К. лӯнда ё байзашакл (андозааш аз 0,2 мм то 3 см) мешавад. К. партовҳои пӯсидаро мехӯрад ё дар ҷисми ҳайвонот ва растаниҳо ҳаёти туфайлӣ ба сар мебарад; хуни ҳайвоноти ширхор …

Муфассал »

КАНАКАИ ҲИНДӣ

КАНАКАИ ҲИНДӣ, мунаҷҷим ва табиб. Дар Гундишопур фаъолият доштааст. К. Ҳ. аз касонест, ки бо ёрии дигар мутарҷимин китобҳои ҳиндиро ба форсӣ (паҳлавӣ) ё арабӣ бармегардонд. Дар қарни дуввум ва авв. қарни севвуми ҳиҷрӣ зистааст. Ба фармони халифаи аббосӣ Ҳорунуррашид ба Бағдод даъват шуд ва дар хизмати халифа қарор ёфта, …

Муфассал »

КАНАЛИЗАТСИЯ

kanalizatciya

КАНАЛИЗАТСИЯ, маҷмӯи иншооти инженерӣ, таҷҳизот ва чорабиниҳои санитарӣ, ки ҷамъ кардану аз ҳудуди маҳалли истиқомат ва корхонаҳои саноатӣ берун баровардани обҳои гандида, инчунин пеш аз истифодаи дубора софу безарар гардондани онҳоро таъмин мекунад. К. дохилӣ ва берунӣ мешавад. К.-и дохилӣ барои берун овардан ва то шабакаи канализатсияи берунӣ расондани обҳои …

Муфассал »