Хабарҳои охирин

АМПЛИПУЛСТЕРАПИЯ

amplipulsterapiia

АМПЛИПУЛСТЕРАПИЯ, яке аз усулҳои муолиҷа. Дар мавриди А. аз электри синусоидии модулӣ истифода мебаранд. А. ба хунгардиш таъсири фаъол мерасонад, тағзияи бофтаҳоро зиёд карда, раванди мубодиларо қувват мебахшад; фишори хунро паст ва кашиши дилро муназзам мекунад, хунгардиши майна ва гурдаро беҳтар, дискинезияи мушакҳои суфтаро бартараф месозад. А.-ро дар мавриди нимфалаҷ …

Муфассал »

АМПУТАТСИЯ

amputatciya

АМПУТАТСИЯ (лот. amputatio – бурида дур кардан), амали ҷарроҳист, ки қисми канории дасту пой ё аъзои иллатнок (мас., ғадуди шир, гарданаи бачадон ва ғ.)-ро бурида дур мекунанд. Қисман А. кардани дасту пойро экзартикулятсия ва пурра А. кардани аъзоро экстирпатсия меноманд. Фақат дар сурате А. мекунанд, ки ягон аъзои бадан аз …

Муфассал »

АМФЕТАМИН

amfetamin

АМФЕТАМИН, як навъ дору, ангезандаи системаи асабҳои марказӣ. А. аналоги гормонҳои адреналин ва норадреналин мебошад. Сулфати А. бо номи «Фенамин» маълум аст. А. соли 1887 чун давои суст кардани иштиҳо ҳосил карда шуда буд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аскарҳои америкоӣ ҳар рӯз 10 қурси А.-ро медоданд. С. 1954 …

Муфассал »

АНАЛГИН

analgin

АНАЛГИН (Analginum), доруест, ки таъсири дардбарӣ, табфарорӣ ва зиддиилтиҳобӣ дорад. А.-ро дар мавриди дарди нимсара, бемориҳои шадиди роҳи нафас, зуком, энсефалит, сарсом (менингит), тарбод, зиқи дил таъйин мекунанд. Ҳамчун доруи таскинбахш ҳангоми сардард, дандондард, буғумдард, мушакдард, дардҳои хосияташон илтиҳобӣ кор фармуда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар А. мумкин чандон таъсири босамар …

Муфассал »