Хабарҳои охирин

АМНИОСЕНТЕЗ

amniosintez

АМНИОСЕНТЕЗ (Amniocentesis; аз amnion – ҷанинпарда ва kentesis – шикофтан), пунксияи пардаи ҷанин. А. бо мақсади ташхисӣ барои гирифтани оби ҳамроҳак истифода мегардад. Мурод аз А. муқаррар кардани вазъи ҷанин, баъзе бемориҳои ирсӣ, бемории гемолизии кӯдак ҳангоми резус-конфликт ва ғ. мебошад. А. бо мақсади ба халтаи ҷанин фиристодани дору ва …

Муфассал »

АМНИОСКОПИЯ

amnioskopiia

АМНИОСКОПИЯ (Amnioscopia; юн. amnion – ҷанинпарда ва scopeo – мушоҳида кардан), тавассути эндоскоп, ки ба гарданаи бачадон ворид карда шудааст, муоина намудани ҳолати ҷанинпарда. А. дар мавриди гумонбар шудан аз гипоксияи шадид ё музмини тифл, аз мӯҳлат гузаштани ҳомилагӣ, ҳангоми резус-конфликт ва ғ. амалӣ гардонда мешавад. Вобаста ба ранг, шаффофият …

Муфассал »

АМНИОТОМИЯ

amniotomiya

АМНИОТОМИЯ (Amniotomia; аз amnion – ҷанинпарда ва tome – буридан), чок кардан ё даррондани ҷанинхалта. Бо мақсади ангехтани дард, инчунин ҳангоми ғафс будани пардаи ҷанин, паст ҷой гирифтан ё қисман ҷудо шудани ҳамроҳак, баланд шудани фишори хун дар вақти таваллуд амалӣ гардонда мешавад. А.-ро дар шароити тамйизӣ (ниг. Асептика) ба …

Муфассал »

АМОНҚАРА

ungernia

АМОНҚАРА (Ungernia victoris), зевак, ҷавак, ҷавзак, гиёҳест бисёрсола. Барги дарози тасмашакл, хӯшагули чатрнамо, гули зангӯла ё қифшакли зард, ғӯзаи сепарраи сертухм, тухми калони бӯри сиёҳтоб дорад. Авг. – сент. гул карда тухм мебандад. Асосан дар нишебиҳои кӯҳу хоктеппаҳо (2000 – 3000 м аз с.б.) мерӯяд. Дар тибби халқӣ пиёзаки дар …

Муфассал »

АМПЕЛОТЕРАПИЯ

ampeloterapiia

АМПЕЛОТЕРАПИЯ (Ampelotherapia; аз юн. ampelos – ангур ва терапия), ангуршифоӣ, бо мақсади табобати бемориҳои гуногун истифода бурдани ангури тару тоза ва афшураи он. А. яке аз усулҳои парҳезшифоӣ буда бо маслиҳату таъиноти духтур ва якҷоя бо фармакотерапия (дорушифоӣ) ба ҷо оварда мешавад. Хосиятҳои шифобахшӣ ва парҳезии ангур аз замонҳои қадим …

Муфассал »