Хабарҳои охирин

АМИНҲОИ БИОГЕНӣ

aminhoi_biogeni1

АМИНҲОИ БИОГЕНӣ, гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организм бо роҳи декарбоксилонии аминокислотаҳо, яъне аз молекулаи онҳо ҷудо шудани гурӯҳи карбоксил – СООН, ҳосил мешаванд. Барои организм аминоспиртҳое, ки дар таркибашон боқимондаи пирокатехин (1,2 – дигидроксибензол, катехол) мавҷуд аст (катехоламинҳо), аҳамияти калон доранд. Катехоламинҳо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар натиҷаи мубодилаи …

Муфассал »

АМИНҶОНОВ Сайфинаҷот

images

АМИНҶОНОВ Сайфинаҷот (16. 9. 1935, Хуҷанд – 5. 2. 2005, ҳамон ҷо), духтури муолиҷ, доктори илмҳои тиб (1987), проф. (1990), Аълочии тандурустии СССР (1975). Хатмкардаи ДДТТ (1957). Духтури муолиҷи беморхонаи минтақавии деҳаи Исмоили ноҳ. Хуҷанд (1957 – 59), аспиранти Пажӯҳишгоҳи тибби кишварӣ (1960 – 63) ва корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ …

Муфассал »

АМИОТРОФИЯ

amiotrofiia

АМИОТРОФИЯ (Amyotrophia), бемориест, ки дар натиҷаи он массаи мушакҳо хеле кам мешавад. Дар мавриди А. мушакҳо сусту заиф мегарданд. А. ба гурӯҳи бемориҳои вазнин мансуб аст. А.-и ҳароммағзӣ дар давраи туфулият ба вуҷуд меояд, бинобар ин онро А.-и кӯдакӣ низ меноманд; бемории ирсӣ буда, ҳамчун беҳолии умумӣ, атрофияи мушакҳои тан …

Муфассал »

АММИАК

amiak

АММИАК (аз юн. hals ammoniakos – навшодир), NH3, пайвасти химиявии нитроген бо гидроген. Дар табиат дар натиҷаи таҷзияи моддаҳои нитрогендори органикӣ ҳосил мешавад. А. гази беранг буда, бӯи тези нафасгир дорад. Омехтаи А.-и хушк бо ҳаво метаркад. А. моддаи хеле фаъол аст. Аз ҳисоби ҷуфти электронҳои тақсимнагаштаи нитроген ба реаксия …

Муфассал »

АМНЕЗИЯ

amnezia

АМНЕЗИЯ (Amnesia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва mneme – хотира), фаромӯшхотирӣ, ихтилоли хотир. Чанд хели А. мавҷуд аст, мас., А.-и ретроградӣ – кас воқеаҳои пеш аз беморӣ дидаву шунидаашро пурра ё қисман фаромӯш мекунад; А.-и репродуктивӣ – бемор ном, рӯзи вуқӯи воқеа, шумораю шакли чизҳо ва ғ.-ро фавран ба …

Муфассал »