Хабарҳои охирин

БРОНХОПНЕВМОНИЯ

bronkhopnevmoniya

БРОНХОПНЕВМОНИЯ (Bronchopneumonia), илтиҳоби манбаии борнхҳо ва ҳиссаҳои шуш; иллат алвеолаҳоро низ фаро мегирад. Б. метавонад зуҳуроти сироятҳои гуногун (грипп, туляремия ва ғ.) ё оризаҳои онҳо низ бошад. Дар мавриди охирӣ Б. зери таъсири сироятҳои ҳамроҳгашта ё бинобар худсироят (аз роҳи болои нафас) пайдо мешавад. Ин гуна Б.-ҳо метавонанд оризаи бемории …

Муфассал »

БРОНХОСКОПИЯ

bronhoskopiia

БРОНХОСКОПИЯ (аз бронхҳо ва юн. skopeo – мушоҳида кардан, дидан), трахеобронхоскопия, усули тадқиқи даруни трахея ва бронхҳо ба воситаи асбобҳои махсуси оптикӣ. Б.-ро барои ташхиси бемориҳои трахея, бронхҳо, шуш, ғуддаҳои лимфавии дохили сина, ки муҷиби хунпартоӣ мешаванд, сурфаи бардавом, дамкутоҳӣ, тағйирот дар рентгенограмма (омос, сил, ҷисми бегонаи трахеяю бронхҳо ва …

Муфассал »

БРОНХОСТЕНОЗ

bronkhostenoz

БРОНХОСТЕНОЗ (Bronchostenosis; аз бронхҳо ва юн. stenosis – танг шудан), бебозгашт танг шудани сӯрохи бронх. Сабабҳои Б. нуқси инкишофи бронх, омосҳои гуногун (аз бронх манша мегиранд), ба бронх фишор овардани омоси дохили қафаси сина, илтиҳоби девораи бронхҳо (бинобар осеб ё дармондани ҷисми бегона) ва ғ. мебошанд. Б. дар натиҷаи сили …

Муфассал »

БРОНХОЭКТАЗ

bronhoektaz

БРОНХОЭКТАЗ (Bronchoectases; аз бронхҳо ва ektasis – васеъ шудан), бронхоэктазия, иллати узвҳои нафас, ки боиси васеъ ва дигаргун шудани бронхҳо мегардад. Б. модарзод ва ғайримодарзод мешавад. Б.-и модарзод кам дучор меояд. Б.-и ғайримодарзод оқибати бронхити музмин, газаки шуш, грипп, бемориҳои сироятии кӯдакон (сурфакабудак, сурхча) ва ғ. мебошад. Балғаме, ки ҷамъ …

Муфассал »

БРОНХҲО

bronho

БРОНХҲО (аз юн. bronchos – хирной, хикиртак), шохаҳои нои нафаскашӣ, ки ҳаворо ба шуш мебаранд. Ду бронхи асосӣ – рост (калонтар) ва чап (хурдтар) ба шуш даромада, ба шохаҳои калону хурд тақсим мешаванд. Ҳар шоха дар навбати худ ба алвеолаҳо ворид мегардад. Б. дар маҳалли миёндевори сина бо рагҳои бузург …

Муфассал »