Хабарҳои охирин

ГУНГӣ

gungi

ГУНГӣ, алалия (аз а ва lalia – нутқ), вуҷуд надоштан ё суст инкишоф ёфтани нутқ дар кӯдакон, ки зимни он қобилияти шунавоӣ маҳфуз мемонад. Сабаби Г. осеб ёфтан ё ихтилоли марказҳои нутқи майна бинобар зарб хӯрдан ва бемориҳои дохилибатнӣ мебошад. Г. ҳамчунин дар натиҷаи бемориҳое, ки тифл дар давраи то …

Муфассал »

ГУНДИШОПУР

akademiya

ГУНДИШОПУР (муаррабаш Ҷундишобур; маънои лафзияш «шаҳри Шопур беҳтар аз Антокия»), шаҳрест, ки Шопури аввал (241 – 271) ба дасти асирони румӣ дар минтақаи Хузистон дар шим. ғарби Шуштари ҳозира бино карда буд. Г. маркази илму дониш ва донишмандону табибон маҳсуб мешуд. Дар он ҷо китобҳои юнониро ба забони паҳлавӣ тарҷима …

Муфассал »

Гурда

pochka

ГУРДА (Ren, nephros), узви ҷуфт, ки дар қисми миён дар назди девораи ақиби шикам аз ду тарафи сутунмӯҳра ҷойгир шудааст. Г. дар танзими мувозанати обу электролитҳо, кислотаю ишқорҳо ва фишори осмосӣ, ҳамчунин аз организм хориҷ намудани маҳсули мубодилаи нитроген иштирок мекунад. Г. шакли лӯбиёро дошта, бо насҷи равғанӣ фаро гирифта …

Муфассал »

ГУРДАИ СУНЪӣ

gurdai-suni

ГУРДАИ СУНЪӣ, дастгоҳест барои гемодиализ. Г. с.-ро бо мақсади аз хун хориҷ сохтани моддаҳои заҳрнок, ҳамчунин танзими мувозанати обу электролитҳо ва кислотаю ишқорҳо дар организм кор мефармоянд. Г. с. дар мавриди заҳролудии шадид барои аз организм дур кардани заҳр ва ҳангоми уремия муваққатан ба ҷо овардани вазифаи гурда аҳамияти калон …

Муфассал »

ГУРЗА

gurza

ГУРЗА (Vipera lebetina), як навъ мори заҳрнок. Дарозиаш то 1,7 м, ғафсу кӯтоҳдум. Хокистарранг ё қаҳваранги сурхтоб; дар ду паҳлӯи тахтапушташ холҳои сиёҳ мавҷуданд. Сараш калони секунҷа. Ҷоғи болояш дандонҳои калон дорад. Дар Африкаи Шимолӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Закавказия (ғайр аз Абхозистон) ва ҷануби ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Дар …

Муфассал »