Хабарҳои охирин

ГЕЙНИТС Александр Владимирович

geynits

ГЕЙНИТС Александр Владимирович (тав. 29. 09. 1952, ноҳ. Вахши вил. Хатлон), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1994), проф. (1998). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1975). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1975 – 77), ҷарроҳи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №1-и ш. Душанбе (1977 – 80), ассистент, дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1980 – 88), …

Муфассал »

ГЕЛИОТЕРАПИЯ

gelioterapiya

ГЕЛИОТЕРАПИЯ (аз юн. helios – офтоб ва терапия), бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо ба организми одам таъсир расондан ба тавассути нурҳои офтоб; яке аз усулҳои климатотерапия. Омили таъсирбахши Г. энергияи афканишоти электромагнитии Офтоб аст. Спектри афканишоти мазкурро ба ултрабунафш (УБ), рӯшноӣ ва инфрасурх (ИС) ҷудо мекунанд. Нурҳои ИС-и спектри …

Муфассал »

ГЕЛМИНТОЗҲО

gelmintozi

ГЕЛМИНТОЗҲО (Helminthosis), бемориҳои одам, ҳайвонот ва растанӣ, ки гелминтҳо (кирмҳои паразит) ба вуҷуд меоранд. Г.-и одам вобаста ба ангезанда ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: трематодозҳо (ангезандаашон трематодаҳо – киҷҷаҳои маканда), сестодозҳо (ангезандаашон сестодаҳо – тасмакирмҳо), наматодозҳо (ангезандаашон нематодаҳо – лӯндакирмҳо) ва акантосефалёзҳо (ангезандаашон акантосефалаҳо – кирмҳои хорсар). Одам бештар ба …

Муфассал »

ГЕЛМИНТОЛОГИЯ

gelmintologiya

ГЕЛМИНТОЛОГИЯ (аз юн. helmins, helminthos – кирм, киҷҷа ва …логия), соҳаи паразитология, ки гелминтҳо ва бемориҳои дар одаму ҳайвонот ва растанӣ ба вуҷуд овардаи онҳоро меомӯзад. Асосгузори Г. олими немис К. А. Рудолф аст. Маълумоти аввалин дар бораи баъзе кирмҳои паразит дар папируси Эберс (1550 то м.) қайд шудааст. Буқрот …

Муфассал »

ГЕЛМИНТҲО

gelminty

ГЕЛМИНТҲО (Helminthos), киҷҷаҳо, кирмҳои рӯда, кирмҳои паразит, ангезандаи гелминтозҳои одам, ҳайвонот ва растанӣ. Асосан 4 навъи Г. маълуманд: 1) паҳнкирмҳо – трематодаҳо ё кирмҳои маканда ва сестодаҳо ё тасмакирмҳо; аз трематодаҳо бештар описторхисҳо, аз сестодаҳо бандкирмҳои гов, хук ва кирми тасмашакли реза, кирминаи эхинококк ва алвеококк дучор меоянд; 2) лӯндакирмҳо …

Муфассал »