Хабарҳои охирин

ДЕРМАТОФИТИЯ

dermatofitiia

ДЕРМАТОФИТИЯ, бемориҳое, ки занбӯруғҳои ҷинси Trihophyton, Mucrosporum ва Epidermophyton меангезанд. Д. бештар ба пӯст, мӯй ва нохунҳо осеб мерасонад. Хусусан Д.-и панҷаи по маъмул аст. Он ба таври музмин зуҳур ёфта, асосан пӯсти байни ангуштони чорум ва панҷум зарар мебинад. Дар бисёр маризон Д.-и попанҷа бо Д.-и нохунҳо ҳамроҳ ба …

Муфассал »

ДЕРМОГРАФИЗМ

dermographism

ДЕРМОГРАФИЗМ (аз дерма ва grapho – навиштан, тасвир кардан), изе, ки дар пӯст баъди бо ягон чиз хат кашидан (ангехтан) боқӣ мемонад. Д. ҷузъӣ ва рефлексӣ мешавад. Д.-и ҷузъӣ аксуламали ҷузъии рагҳои пӯст ҷавобан ба ангезиши он тавассути ягон ашёи кунд аст. Ҳангоми андаке фишурдан, дар ҷои ангезишёфтаи пӯст рахи …

Муфассал »

ДЕРМОИД

dermoid

ДЕРМОИД (аз дерма – пӯст ва eidos – намуд), омоси кисташакли ғайрисаратонӣ, ки аз моддаи равғанмонанд ва баъзан калобачаҳои мӯй иборат аст. Д. дар рӯй, гардан, чорбанд, тухмдон пайдо мешавад. Бисёр вақт дар пӯст дар намуди омосчаи нарми курашакл падид меояд. Гоҳо он зардоб пайдо мекунад. Табобати Д. бо роҳи …

Муфассал »

ДЕСМОИД

desmoid

ДЕСМОИД (юн. desmos – алоқа, бандак ва eidos – намуд), фибромаи десмоидӣ, омосе, ки аз бофтаҳои пайвандии байнимушакӣ, апоневрозҳо ва ниём (мушакпарда) бармеояд. Бештар дар занҳои 25 – 35-солаи таваллудкарда ба назар мерасад. Д. омоси танҳо, сахт ва бедард буда, дар девораи пеши шикам ҷой мегирад; суст месабзад. Вобаста ба …

Муфассал »

ДЕТЕРГЕНТҲО

detergentho

ДЕТЕРГЕНТҲО (лот. detergens, detergentis – шӯянда), маводе, ки дар тиб ба сифати васоити шӯянда ва гандзудо истифода мешаванд. Д.-ро дар лабораторияҳои биохимиявӣ, ҳангоми истеҳсоли баъзе доруҳо, фунгисидҳо, дар саноати хӯрокворӣ низ кор мефармоянд. Ҳангоми ба миқдори муайян дар об ҷамъ шудан, молекуллаҳои Д. ба агрегат (митселла)-ҳо муттаҳид мегарданд. Онҳо бо …

Муфассал »