Хабарҳои охирин

ИБНИ СИНО

ibni-sino

ИБНИ СИНО (16. 8. 980, деҳаи Афшанаи Бухоро – 18. 6. 1037, Ҳамадон), Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино; қисми ахири ном – Ибни Сино дар Аврупо ба гунаи «Авенсина» таҳриф шуда, ба «Авитсенна» табдил ёфт файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик. Падараш Абдуллоҳ аслан …

Муфассал »

ИБНИ СОЪОТӣ

nophoto

ИБНИ СОЪОТӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1230), Фахриддин Ризвон ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Рустами Хуросонии Соъотӣ, яке аз табибони маъруф ва дӯстдорони мероси тиббии Ибни Сино. Хонадони И. С. аслан аз Хуросон буда, худаш дар Димишқ таваллуд ёфтааст ва дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Китобҳои зерин …

Муфассал »

ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ (ваф. 1165), Аминуддавла Абулҳасан Ҳибатуллоҳ ибни Абилъало Ал-Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Тилмиз табиби хоси халифаи аббосӣ Ал-Муқтафӣ. Яке аз пизишкони мумтози замон буда, сарпарастии Бемористони аздиро бар ӯҳда дошт. ӯ раиси кулли табибони Бағдод буд. Ба Эрон сафар карда, дар он ҷо забони форсиро низ омӯхтааст. Дар тиб …

Муфассал »

ИБНИ ҲАЙСАМ

ИБНИ ҲАЙСАМ (965, Басра – 1039, Қоҳира), Абӯалӣ Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ, олими энсиклопедист. Дар Аврупо бо номи Алхатсен машҳур мебошад. Чанд муддат дар зодгоҳаш ш. Басра вазифаи вазириро иҷро кардааст. Баъдтар ҳаёти худро комилан ба илм бахшид. И. Ҳ. дар соҳаи офталмология хизматҳои арзанда дорад. Аввалин маротиба дар таърихи …

Муфассал »

ИБНИ ҲИНДУ

nophoto

ИБНИ ҲИНДУ (с. тав. номаълум – ваф. 1029), Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн ибни Ҳиндуи Бағдодӣ табиб, адиб, ҳаким, котиб ва шоир. Дар улуми авоил иттилооти бисёр доштааст. И. Ҳ.-ро бархе аз муҳаққиқон аз аҳли Рай донистаанд. Соҳиби «Таърихи Табаристон» гуфтааст, ки агарчи аҷдоди ӯ қумӣ будаанд, аммо мавлид ва маншаи …

Муфассал »