Хабарҳои охирин

КАХЕКСИЯ

kaheksiya

КАХЕКСИЯ (юн. kachexia – ҳолати бад, бетобӣ), аз ҳад зиёд хароб шудани организм, ки дар натиҷа фаъолияти физиологӣ ва рӯҳии одам низ тағйир меёбад. Сабаби К. ихтилоли амиқи мубодилаи моддаҳо аст. К. бинобар гуруснагии бардавом, омосҳои саратонӣ, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ ва майна, заҳролудии музмин (аз марги муш, сурб, симоб, …

Муфассал »

КАҲҲОЛ УБАЙДУЛЛО

nophoto

КАҲҲОЛ УБАЙДУЛЛО (тахал; номи аслиаш Убайдулло ибни Муҳаммад Юсуф; с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб. Дар а. 16 ба сар бурдааст. ӯ дар асоси асарҳои Ибни Сино, Илоқӣ, Абӯбакри Розӣ, Наҷибуддини Самарқандӣ ва Ҷурҷонӣ, инчунин таҷрибаҳои амалии шахсии худ с. 1598 «Шифоу-л-алил» ном асар таълиф намудааст. Як нусхаи дастхати …

Муфассал »

КАҲЧИМ

kahchim

КАҲЧИМ (Allochrusa paniculata), хасғелак, гиёҳест бисёрсола. Дарозии тиррешааш аз 30 то 70 см. Пояаш борики сершох (25 – 100 см қад мекашад), баргаш нештаршакли бехор (дарозиаш 1 – 3 см), гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, тухмаш майдаи сиёҳ. Моҳҳои июн – июл гул карда, ғӯзааш моҳҳои август – октябр мепазад. …

Муфассал »

КАҶАКГУЛ

kachakgul

КАҶАКГУЛ (Scutellaria hissarica), кулоҳгули ҳисорӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 50 см қад мекашад. Пояаш борик, қисми болояш сершохча. Баргаш думчадори байзашакл ё сегӯша. Гулаш сурхи баланд. Май – июн гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтақаи бешаи дарахтони паҳнбарг, шахсор ва нишебиҳои серсангу шағали қ-кӯҳи Ҳисору дарвоз …

Муфассал »